Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси роҳи оҳан: "Равобит бо Узбакистон гармтар шудааст"


Комил Мирзоалиев, раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон
Комил Мирзоалиев, раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон

Масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, равобит миёни ниҳодҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Узбакистон нармтар шудааст.

Комил Мирзоалиев, раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 20 январи соли ҷорӣ тайи як нишасти хабарӣ гуфт, давоми соли гузашта миёни ин ниҳод ва мақомоти роҳи оҳани Узбакистон мушкиле вуҷуд надоштааст. Ҷаноби Мирзоалиев гармшавии ин равобитро ба муносибати хуби раҳбарияти ин ниҳодҳо марбут донист.

Ба қавли Комил Мирзоалиев, барои рушди бахши мусофиркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан ва тибқи қарордод бо маъмуриятҳои роҳи оҳани Қазоқистону Русия, қимати роҳкиро 30 дарсад коҳиш дода шудааст. Аммо ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, дар соли гузаштаи 2014 ҳаҷми мусофиркашонӣ 45 ҳазор нафар нисбат ба як соли қабл камтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ, дар соли гузашта аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон 455 ҳазор мусофир сафар карданд.

Раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳоле аз нармшавии муносибот бо идораи роҳи оҳани Узбакистон сухан гуфт, ки расонаҳо ахиран аз эҳтимоли оғози парвозҳо байни Тошканду Душанбе хабар доданд. Гуфта мешавад, ширкати “Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ” (“Uzbekistan Airways”) аллакай рӯзи 29 март ба анҷоми парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе оғоз мекунад ва ин парвозҳо ҳафтае ду бор тавассути ҳавопаймоҳои “Airbus A320” анҷом хоҳанд шуд.

Равобити роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон беҳ шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Мақомоти расмӣ ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накарда, дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии Узбакистон Душанбе ба рӯйхати нуқтаҳои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат шомил нагардидааст. Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе низ гуфтанд, то кунун ҳеч дархостеро дар заминаи аз сар гирифтани парвоҳзо миёни Тошканду Душанбе дарёфт накардаанд. Аммо Рустам Холиқов, раҳбари Фурудгоҳи байналмилалӣ, рӯзи 19 январ дар нишасти матбуотияш гуфт, дар сурати гирифтани чунин пешниҳод онҳо тамоми корҳои зарурӣ барои анҷоми ин парвозҳоро то се ҳафта дуруст хоҳанд кард. “Мо ҳам тарафдорем. Ин барои хуб шудани муносибатҳо мусоидат мекунад”,-афзуд ӯ.

Аз ин пештар, 10 январ, Парвиз Давлатзода -- муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Шоҳқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе, аз номи Тоҷикистон пешниҳод кард, равуои сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз бидуни виза сурат бигирад ва ҳам парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд барқарор карда шавад. Абдулфайз Атоев, раиси раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъдан дар шарҳи ин пешниҳодҳо гуфт: “Зимни мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар моҳи сентябр дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе масоили равоботи ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, содда кардани режими раводид ва барқарор қардани парвозҳо байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии Раҳмон ва Каримов дар мадди аввал буданд.

Парвозҳо байни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG