Радиои Озодӣ: Бори дувум аст, ки ба мақоми президенти Тоҷикистон номзад мешавед. Чаро маҳз Шумо бояд раиси ҷумҳури оянда бошед?
Саидҷаъфар Усмонзода: Мавқеи ман ин мавқеи ҳизб ва барномаи ҳизб аст. Анҷумани ҳизб ба қарор омад, ки номзадии маро пешниҳод кунад. Ин пешниҳод аз ҷониби созмонҳои маҳаллии ҳизб пешниҳод гардид ва бо аксарияти овозҳо ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ пешниҳод карданд.
Радиои Озодӣ: Чаро Шумо бояд президенти Тоҷикистон бошед?
Саидҷаъфар Усмонзода: Вуҷуд доштани ҳизбҳои сиёсӣ дар низоми як давлат худ ин нишонаи демократия, яъне мавқеи гуногунандешӣ аст. Мо низомнома ва барномаи худро дорем, рушди Тоҷикистонро бо диди худ мебинем. Тамоми муваффақиятҳо ва пешрафтҳои ҷомеаро эътироф мекунем, дар тӯли 28 сол корҳои зиёде анҷом ёфтааст, новобаста аз мушкилиҳои дохилӣ ва берунӣ. Дар ин платформаи рушд мо мехоҳем аз ҷабҳаи иқтисодӣ, ки манбаи асосии тағйири низоми давлатдорӣ аст, оғоз кунем.
Радиои Озодӣ: Мо ба мавзӯи барномаи пешазинтихоботии шумо ҳатман бармегардем, аммо суолам ҳоло ин аст, ки тахминатон чӣ гуна аст? Чанд дарсад овоз хоҳед гирифт?
Саидҷаъфар Усмонзода: Инро интихобот нишон медиҳад, барномаи моро чӣ қадар қабул мекунанд. Мумкин аст мардум ба барномаи Ҳизби халқии демократӣ бештар бовар дошта бошанд ё ба барномаи дигар ҳизбҳо. Мо барномаи худамонро ба воситаи оинаи нилгун муаррифӣ мекунем, дигар интихоб аз мардум аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Шумо сеюмин номзаде ҳастед, ки чунин посухро медиҳед. Чаро Шумо ва дигар номзадҳо дар бораи ғалабаи худ дар интихобот боэътимод сухан намегӯед? Ман нашунидам, ки шумо гуфта бошед, ки мо ин барнома дорем ва мо ғалаба мекунем.
Саидҷаъфар Усмонзода: Ман Искандари Македонӣ нестам, ки гӯям сад ҳазор лашкар дорам ва омадаам ин шаҳрро ғасб карда гирам. Намедонам дар дили мардум чӣ гап аст, интихобот рафта киро хат мезанад, киро мемонад. Ин мавқеъ ва ҳуқуқи ҳар нафар аст. Барои ҳамин пешгӯӣ кардан ба назарам нодуруст аст. Мо мушкилоти мардумро баррасӣ ва пешниҳод карда метавонем, камбудии зерсохторҳои ҳукуматро гуфта метавонем. Низоми имрӯза дар як шакле ба мо имкон додааст ки бо шумо суҳбат кунам.
Радиои Озодӣ: Манзурам ин буд, ки дар интихоботҳои президентии дигар кишварҳо аз ҷумла дар Қирғизистон номзадҳо босароҳат эълон мекунанд, ки дар интихобот ғалаба хоҳанд кард. Аз ҷумла чунин изҳорот аз забони Омурбек Бабанов, рақиби раиси ҷумҳури имрӯзаи Қирғизистон садо дод, ҳарчанд баъдан шикаст хӯрд. Аммо мо чунин чизеро дар интихоботҳои президентии Тоҷикистон аз забони номзадҳо намешунавем.
Саидҷаъфар Усмонзода: Ҳар касе, ки қатъиян мегӯяд, ғолиб мешавад нодуруст аст. Барои онки ба ғайр аз мо одамони босаводтар ҳам ҳастанд, дигар имкониятҳо доранд. Барои чӣ мо ҳеч касро ба назар намегирем? Мо бояд ҳамаро ба назар бигирем. Мо мавқеамонро ба мардум пешниҳод мекунем, аз худамон бовар дорем ва барои ҳамин ба ин сабқат ворид мешавем.
"Фурӯши телефони мобилӣ, орд, шакар давлатӣ шавад"
Радиои Озодӣ: Дар анҷумани ҳизб гуфтед, ки тарафдори давлатӣ карданӣ баъзе намуд тиҷоратҳо ҳастед? Кадом намуд тиҷоратҳо ба назари шумо бояд монополияи давлат бошанд ва чаро?
Ҳолномаи Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт. Соли 2005 ба таъсиси ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон азм кард, вале сабти ном карда натавонист. Саидҷаъфар Усмонзода соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ҳизби демократи Тоҷикистон ширкат кард. Дар интихоботҳои порлумонии соли 2015 ва 2020 вакили МН интихоб шуд.
Саидҷаъфар Усмонзода: Кафили асосии вуҷуд доштани давлат, суботу оромӣ, додани имкониятҳои рушд асосан ҳукумат аст. Чун дар дасти ҳукумат фишангҳои зиёд аст. Барои дастгирии қисми осебпазири ҷомеа, нафақахурҳо ва маъюбон дар қисмати даромади буҷа бояд маблағи басанда бошад. Имрӯз кори блоки иқтисодӣ ба арзишҳое, ки мо дар назар дорем мутобиқат намекунад. Механизми идораи блоки иқтисодӣ бояд куллан тағйир ёбад.
Радиои Озодӣ: Мушаххасан кадом намуд тиҷоратҳо ба назари шумо бояд зери монополияи давлат бошанд?
Саидҷаъфар Усмонзода: Бисёр тиҷоратҳое ҳастанд, ки фоидаи зиёд доранд, муътадил ва осон ҳастанд. Фурӯши телефонҳои мобилӣ, албатта роҳу усул дорад, ки фоидаи онҳоро бештар ба буҷа равон кунем. Коркарди конҳои фоидаовар аз қабили тилло, нуқра ва дигар сангҳои қимматҳо. Баъзе инҳо дар истифода ширкатҳое ҳастанд, ки танҳо як андоз ва бонуси обунавӣ месупоранд. Дар маҷмуъ фоидаи бештарро онҳо мегиранд. Дар ин ҳол мардум аз буҷа интизор аст, вале қисми даромади буҷа ғанӣ намешавад.
Радиои Озодӣ: Яъне ба назари Шумо тиҷорати фурӯши телефонӣ мобилӣ ва доруворӣ, ки қаблан гуфта будед, бояд монополияи давлат бошанд?
Саидҷаъфар Усмонзода: Ин чанд паҳлу дорад. Ҳам таъминоти мардум бо маводи хӯрока ва доруҳои тиббӣ хубтар шуда, сифати маҳсулот назорат карда мешавад. Дар таҷриба дидем, ки ба тоҷирон ҳама чиро бовар карда намешавад.
Радиои Озодӣ: Вале ҷаноби Усмонзода бубинед, ин таҷрибаи ноком аст ва таҷрибаи бисёр давлатҳо нишон дод, ки иштирокчии бозор шудани давлат боиси рукуди бозор мешавад?
Саидҷаъфар Усмонзода: Биёед, тамоми қонунҳо, арзишҳоро бинем, ки барои кӣ аст, барои тоҷикистониён аст, барои мусалмононе аст, ки намози ҷумъа мераванд ва боз баромада дуруғ мегӯянд? Ҳамон нафаре, ки панҷ вақт намоз мехонад, вале боз нархи дорувориро дар вақти пандемия даҳ баробар қиммат кард.
Радиои Озодӣ: Давлат метавонад дар инҷо назоратро пурзӯр кунад, на инки худ иштирокчии бозор бошад?
Саидҷаъфар Усмонзода: Барои ин гуна мардуме, ки чунин арзишҳои гуногуни зиндагӣ доранд, давлат бояд танзим кунад. Инҷо Аврупо нест. Шумо давраи Шӯравиро мисол овардед. Дар он давра қисми ниёзманди аҳолӣ мушкилот надошт. Олимон ва соҳаҳои қудратӣ маоши мувофиқ мегирифтанд ва муҳтоҷ набуданд. Мо арзишҳои демократӣ мегӯем, бале. Вале ҳама ченакҳои зиндагии Аврупо ва Амрикоро дар Тоҷикистон монда, зиндагӣ карда наметавонем. Арзиши онҳо дигар аст. Мо пешниҳод намекунем, ки тиҷорати ҳамаро канда гиранд. Онҳо тиҷорат кунанд, дар баробари он давлат иштирок кунад. Ман ворид кардани маҳсулотро аз хориҷа дар назар доштам. Аз ҷумла ворид кардани шакар, маводҳои ширинӣ, орд, равған ва дигар чизҳое, ки маводҳои талаботи ҳаррӯза ҳастанд.
"Муқобили қонун дар бораи пахши ахбори ғалат овоз додам"
Радиои Озодӣ: Баргардем ба масъалаи интихобот. Барномаи пешазинтихоботии ҳизби шумо ва чанд ҳизби дигар асосан ба масъалаҳои иқтисодӣ маҳдуд мешавад. Чаро ба масъалаҳои сиёсӣ ва озодии баён дар барномаҳои ҳизбҳо аз ҷумла ҳизби Шумо таваҷҷуҳ нашудааст?
Саидҷаъфар Усмонзода: Дар бораи озодии баён ва ҳаққу ҳуқуқи рӯзноманигорон мо барномаи махсус дорем. Аз ҷумла инки ба рӯзноманигорон ҳуқуқи дастнорасӣ дода шавад. Онҳо ҳуқуқ дошта бошанд, ки ба дилхоҳ корхона, вазорат ва ҷаласа ворид шаванд, бубинанд, ки чӣ мегузарад ва ба мардум хабар диҳанд. Агар онҷо муқобили ҳукумат, арзишҳои давлатӣ чизе аст, онро ба мардум пешниҳод кунанд. Сохторҳои давлатӣ бубинанд ва баҳо диҳанд. Агар рӯзноманигор ба ҳама ҷо даромада натавонад, дар ҳамаҷо аз ӯ мактуб пурсанд, агар рӯзноманигор дар ҳар қадам маҳдудиятҳо дошта бошад, пас мо маълумотро аз кӣ гирем?
Радиои Озодӣ: Аммо мо ягон маротиба шоҳид нашудем, ки Шумо ин масъаларо дар порлумон бардошта бошед ё ба мақомдоре суол дода бошед.
Саидҷаъфар Усмонзода: Мавзуҳое, ки дар порлумон баррасӣ мешаванд, мавзуъҳои соҳавӣ ҳастанд ва наметавонем аз мавзуъҳо дур равем. Вале дар ин мавзуъҳо мо ба ҳукумат мактубҳо равон кардем ва ҳукумат бар зерсохторҳои худаш равон мекунад.
Радиои Озодӣ: Масалан қонун дар бораи пахши ахбори ғалат дар бораи коронавирус, ки бисёр созмонҳои ҷамъиятӣ талаб карданд қабул нашаванд, аз сӯи вакилон тасвиб шуд. Шумо дар ин бора ҳеч норозигӣ накардед?
Саидҷаъфар Усмонзода: Агар шумо овоздиҳии қабули ҳамон қонунро медидед, натанҳо ман балки якчанд нафар дар порлумон муқобил буданд. Сад дар сад ба тарафдорӣ аз ин қонун овоз надодаанд. Албатта ин мавзуъ баҳсӣ аст.
"Интихобот аз рӯи сенарияи соли 2013 баргузор намешавад"
Радиои Озодӣ: Бо маълум шудани номзадҳо ба мақоми президентӣ бисёре аз коршиносон гуфтанд, интихоботи президентии моҳи октябр аз рӯи сенарияи интихоботи соли 2013 баргузор мешавад ва ҳатто иштирокчиён тағйир наёфтанд. Шумо ба ин назар мувофиқед?
Саидҷаъфар Усмонзода: Дар интихоботи соли 2013 мардум дигар буд, шабакаҳои иҷтимоӣ дигар хел кор мекарданд, арзишҳои демократӣ дар дунё ва Тоҷикистон дигар буданд. Аллакай дунё дигар аст. Назорати ин интихобот, натиҷаҳои он, баррасии барнома дар мадди назари ҳама кушоду равшан мемонад. Ташкилотҳои байналмилалӣ ҳастанд, ки омада инро назорат мекунанд. Интихоботро дар кадом шакле, ки нагузаронанд онҳо назорат карда, баҳои худро медиҳанд.
Радиои Озодӣ: Шумо ба ин назаре, ки интихобот аз рӯи сенарияи соли 2013 мегузарад, розӣ ҳастед.
Саидҷаъфар Усмонзода: Не.
Радиои Озодӣ: Киҳоро шахсони бовариноки маъракаи таблиғотии худ интихоб кардед?
Саидҷаъфар Усмонзода: Ҳозир 10 номзад ҳаст, аз байнашон 4 нафарро интихоб мекунем. Як нафарашон Аҳмадшоҳ Комилзода мешавад.
Радиои Озодӣ: Аз миёни номзадҳое, ки пешниҳод шуд киро рақиби асосӣ ҳисоб мекунед?
Саидҷаъфар Усмонзода: Ҳар як роҳбари ҳизб барномаи худро доранд. Мо бо инҳо якҷоя кор кардем, дӯст ҳастем, агар гӯем, ки ман аз ҳамаи инҳо болотарам хато аст. Инро мардум баҳо мединад.
Радиои Озодӣ: Аммо худатон кадом номзадро рақиби аслӣ медонед.
Саидҷаъфар Усмонзода: Мо баробар ҳастем.
"Истеъфои вазирро талаб кардам, чихел мо ҳукуматӣ ҳастем?"
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд ҳизби Шумо танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот вориди ин корзори сиёсӣ шудааст. Дар доираҳои коршиносон гуфта мешавад, барои ҷамъоварии имзо ба Шумо ҳукумат мадад мекунад ва номзадиятон ҳам аз сӯйи ҳукумат пешниҳод мешавад...
Саидҷаъфар Усмонзода: Ман шахси мустақил ҳастам, арзишҳои зиндагии ҳамаро эътироф мекунам ва дар баробари он арзишҳои зиндагии худро дорам. Омадани маро ба Ҳизби демократ бисёр собиқадорон бовар надоштанд. Вале ман исбот кардам, ки ҳизб порлумонӣ шуд. Мо эълон кардем, ки ҲДТ ҳизби "опозитсиони конструктиви" аст, яъне бо ҳама аҳзоб кор мекунем, алалхусус бо ҳукумат ва ҳизби ҳукмрон. Чун нуфузи бештар дорад ва сохторҳои давлатӣ дар дасти ҳизби ҳукмрон ва ҳукумат аст. Вале новобаста аз ин аз таҷрибаи порлумонии ман медонед, ки тамоми нуқтаҳоеро, ки новобаста аз онки он шахсият кӣ аст, хешутаборӣ кӣ аст, интиқоди сахт мекардам. Аз манфиатҳои мардум пуштибонӣ мекардам. Чӣ мавзӯи корти пластикӣ, чӣ интернет, соҳаи бонк, қарзҳо, хеле мавзуъҳои зиёде буд, ки мо дар муқобили ҷараёни ҳукумат будем ва камбудии сохторҳоро гуфтем. Пас чигуна мо ҳукуматӣ ҳастем?
Радиои Озодӣ: Аммо мунтақидони Шумо мегӯянд, ки бароятон як хатти муайяне кашида шудааст, ки аз он берун танқид карда наметавонед? Фаҳмотар гӯям, хатти сурх.
Саидҷаъфар Усмонзода: Хатти сурх кадом аст, вақте ман истеъфои як вазирро пешниҳод мекунам? Вақте як зерсохторро пурра зери танқид мегирам, ки ҳамин кори вазир зидди арзишҳои демократӣ, зидди ҳукумат аст ва сиёсати президент аст. Инро кушоду равшан гуфтан кори осон нест ва ҳар кас ҳам намегӯяд. Худатон шоҳид ҳастед, ки дар 7 соли ахир мавзуъҳои гуногун буд, ки ман интиқод кардам. Ҳатто дар баъзе сомонаҳо навиштанд, шахсе, ки муқобили равиши об меравад. Шахсан ба ман зиёда аз 4 ҳазор ариза ворид шудааст, ки ҳамаи онҳоро баррасӣ кардем, кам аризае буд, ки қаноатбахш нашуд. То ҳадди имкон додситони як ноҳияро дар асоси аризаи шаҳрвандон гирифтанд. Ин худ муқобили ҷараён аст дигар.
"Ҳамаи ҳизбҳо дар кори ҳукумат иштирок кунанд"
Радиои Озодӣ: Агар дар дебат ё баҳси зинда бо номзад Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯ шавед, ба ӯ чӣ савол медиҳед?
Саидҷаъфар Усмонзода: Албатта савол ҳамин аст, ки новобаста аз онки кадом ҳизб ба сари қудрат меояд, барои аҳзоби сиёсии дигар барои дар амал нишон додани мавқеъ ва барномааш чӣ имкон медиҳад? Яъне дар давлатдорӣ. Дар ҳукумати иҷроия онҳоро роҳ медиҳанд ё намедиҳанд? Ё ҳамин хел мисли бачаи угай мемонанд?
Радиои Озодӣ: Манзуратон тақсими қудрат бо ҳизбҳои сиёсӣ аст?
Саидҷаъфар Усмонзода: Тақсими ҳукумат бо ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, дар як сатҳе, ки бояд тақсим бошад. Ҳама ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар идораи давлат иштирок кунанд, барномаи худашонро ба мардум ва ҳукумат нишон диҳанд, ҳиссагузор бошанд. Ҳамчун як "бесплатний коментатор" набошанд. Аз ин рӯзнома ба рӯзномаи дигар не, дар амал нишон диҳанд, ки чӣ кор карда метавонанд. Ҳизбҳои дигар ҳам мутахассисони зиёде доранд ва бисёр корҳоро карда метавонем. Мо аз баъзе мутахассисоне ки дар соҳаҳо кор мекунанд, мутахассисони беҳтар дорем. Метавонем онҳоро пешниҳод кунем.
Радиои Озодӣ: Дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки Ҳизби демократ ба аксар ормонҳояш расид. Аз ҷумла забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва дар Тоҷикистон ба гуфтаи Шумо ҷомеаи демократӣ пойбарҷо шуд. Агар ормонҳои ҳизб амалӣ шуда бошанд, пас мавҷудияти ҳизб ҳоло чӣ зарурияте дорад?
Саидҷаъфар Усмонзода: Имрӯз аксарияти ормонҳои собиқадорони ҳизб амалӣ шуданд. Вале ҷомеа рушд мекунад, ин ҷомеа аз соли 90 бисёр фарқ дорад. Пешниҳод ва орзуҳои мо ҳам тағйир ёфт. Мо зарур мешуморем, ки ҳизби мо ҳузур дошта бошад ва барои мардум ягон коре анҷом диҳад. Ҳанӯз ҷомеа то охир демократӣ нашудааст. Ормонҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки то охир амалӣ нашудаанд, ба танзим даровардани тамоми арзишҳои зиндагӣ, арзишҳои динӣ, мазҳабӣ, ормонҳои мардум, дастрасии мардум ба он чизе, ки ҳаққу ҳуқуқ доранд. Мо дар ин ҷода бояд, ки бештар ҳиссагузор бошем.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!