Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Зоиров посух надоданд. Интихобот ва интиқоли қудратро чӣ гуна мешавад осон кард?


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Интихоботи президентӣ ва масъалаи интиқоли қудратро дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад осон кард?

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки маҳз онро дар маҳфилҳои сиёсӣ ва берун аз он "ягона ҳизби мухолифи ҳукумат" меноманд, ҳанӯз 25-уми май муроҷиатномае ба Президенти Тоҷикистон навишта, бо 16 тағйиру илова барои таҳрири нави қонуни интихоботи президентӣ изҳори назар кард.

Пешниҳодоти аслии Зойиров ба ин нуктаҳо бармехӯрданд:

  • Тартиб додани рӯйхатти ягонаи интихобкунандагон;
  • Ҳуқуқи худпешбарии номзад ба вазифаи Президенти ҶТ (ҳоло фақат ҳизбҳои сиёсӣ ва Иттифоқи ҷавонону Иттифоқҳои касаба ҳаққи пешниҳоди номзадро доранд);
  • Иҷозат додани номзад ба президентӣ аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ;
  • Роҳандозии овоздиҳии электронӣ;
  • Ба сифати алтернатива ба ҷойи ҷамъ овардани овозҳо муқаррар намудани 100 ҳазор сомонӣ гаравпулӣ;
  • Ба ҷои ҷамъоварии 5 дар сади имзои интихобкунандагон муқаррар намудани 1 дарсад;
  • Қабул гардидани як намояндаи номзад ба Комиссияи марказии интихобот ва ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамчун аъзои комиссияҳои интихоботӣ.

Раиси ҲСДТ ҳамчунин пешниҳод кард, то ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихоботи парлумонӣ ширкат кардаву беш аз 2% овоз ба даст овардаанд, аз маъракаи имзоҷамъкунӣ озод гарданд. Ҳамчунин, номзад ба президентие, ки 2% овози интихобкунандагонро ҷамъ оварда натавонад, гаравпулиаш дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлатӣ гузаронида шавад.

Бар илова, Зойиров мехост интихоботи Президентӣ 90 рӯз пеш аз интихобот таъин гардад.

Раиси ҳизби мухолифи ҳукумат, ки дар гузашта мушовири Президенти Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ ҳам буд, иддао дошт, ки вобаста ба пешниҳодҳояш то 30-юми июн қарорҳои дахлдор қабул карда шаванд.

Маълум буд, ки ба ин “саволҳои душвор” ӯ посух ва он ҳам мусбат намегирад. Бо ин вуҷуд, даъвои ӯро ба сифати оғози маъракаи интихоботӣ қабул кардан имкон дошт.

Хабарҳо баёнгари онанд, ки то имрӯз ба ин муроҷиатномаи Зойиров вокуниши расмие сурат нагирифт. Аммо тибқи ахбори паҳнгардида, пагоҳ, 30-юми июн сафари Президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд оғоз мегардад ва дар доираи ин сафари чандрӯза Эмомалӣ Раҳмон аз чанд шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан менамояд.

Шояд ин як тасодуф аст, ки 7 сол қабл дар ҳамин шабу рӯз, ки Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ омодагӣ мегирифт, Президент Раҳмон ба Суғд сафар анҷом дод. Зимнан дар яке аз ҳамон мулоқоташ бо сокинони вилоят гуфт, ки сафараш ба интихобот иртибот надорад ва маълум ҳам нест, ки дар ин маърака иштирок мекунад, ё не. Ҳарчанд ҲХДТ ду сол пеш аз интихобот эълон карда буд, ки ба интихобот бо номзадии Эмомалӣ Раҳмон меравад.

Он замон навишта будам, ки ин ҳарфҳои президент бештар як санҷишро мемонд. Ба он маъно, ки агар дар дохил, хоса дохили низом, касе нияти президентшавӣ дошта бошад, бояд каме дигар "дам бигирад". Ҳарфи раҳматии Сӯҳроб Шарифовро, ки он замон ба сифати роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфт, ҳизбҳои дигар бояд то соли 2020 дар бораи қудрати сиёсӣ фикр накунанд, ба чанд маъно фаҳмидан имкон дошт. Бархеҳо онро чун як воқеият пазируфтанд, баъзеи дигар гуфтанд, ки ӯ аз рӯҳафтодагиву дилсӯзӣ ин суханро гуфт.

Аммо баёнияи ҲХДТ дар бораи иштирокаш дар интихобот маҳз бо номзадии Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш аз ин маърака, ба назарам, бештар барои марказҳои қабули қарори хориҷӣ равона шуда буд.

То ин ки паём бигиранд ва ба он посух дарёбанд. Дар ҳарду сурат ҳам, ҳукумат аз ин нафъ медид ва худро омода мекард. Зеро, ба назар мерасад, ки тасмимҳои сиёсӣ дар кишварҳое мисли Тоҷикистон аслан вобаста ба бархӯрди кишварҳои берунаи таъсиргузор гирифта мешаванд.

Маъракаи интихоботи президентии соли 2006-ро дар хотир доред? Бори аввал дар бораи номзади қавӣ будани Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли ҳамон сол сафири Русия дар Тоҷикистон, зимни як нишаст дар Донишгоҳи Миллӣ изҳори назар намуд.

Пас аз он, моҳи август, вақте иҷлосияи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баргузор шуду санаи интихоботро эълон кард, раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ин маъно гуфт, ки аслан мо президенти худро интихоб кардаему танҳо бояд ба он ҷомаи расмӣ дод.

Соли 2013, ки маъракаи ҳамчунин доштем, вазъ каме фарқ мекард. Шояд дар назардошт бо ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафараш ба Аврупо гуфт, ҳоло намедонад дар интихоботи пешорӯ ширкат мекунад, ё не. Инро ҳам имкон дошт ба сифати як навъ паём маънидод кард. Ба он маънӣ, ки аз ин пас, агар иштироки ҷаноби Раҳмон дар интихобот маълум нест, ин кишварҳо бояд маълум намоянд, ки оё омодаанд бо касе дигар ҳамкорӣ кунанд?

Маълум аст, ки дар ин муаммо ҳарф дар бораи номзадҳое мисли Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобоев, Саидҷаъфар Усмонзода ва мисли инҳо намерафт.

Он замон, пеш аз интихобот Додоҷон Атовуллоев тариқи шабакаи телевизионии “К+” маъракаро “гарм” нигоҳ медошт. Раҳматилло Зойиров ба Русия ва Узбекистон сафарҳое анҷом дод ва расонаҳои ҳукумативу наздик ба ҳукумат ӯро айбдор карданӣ шуданд, ки дар Маскав бо раиси вақти Думаи давлатӣ - Сергей Наришкин ва дар Тошканд бо Ислом Каримов вохӯрдаву мавзӯи интихоботро баррасӣ намудааст.

Нерӯҳои дохилӣ ҳам дар бораи “номзади ягона” ҳарф кушода буданд ва ахиран сари Ойниҳол Бобоназарова қарор гирифтанд, ки боис ба ихтилоф дар дохили худи онҳо гардид. Дар охир эълон намуданд, ки овози заруриро барои номзади худ ҷамъ оварда натавонистанд ва аз маърака канор рафтанд.

Соли 2020 ҳатто аз соли 2013 тафовут дорад. Дар дохил ҳукумат нерӯи қавии мухолифи сиёсии ба худ муносибро намебинад. Ин ки демократи №1 Усмонзода мегӯяд, бархе аз мақомоти ҳукуматӣ ба нафъи номзадҳои дигар ва бештар аз як мухолифи сиёсӣ кор мекунанд, бештар лутфро мемонад, то воқеият.

Ҳукумат мавзӯи ҷиддитар дорад: интиқоли қудрат!

Ба ҳар сурат, журналист Сайёфи Мизроб дар яке аз матлабҳои ахираш дар нашрияи “СССР” навишт, “имрӯз ба касе пӯшида нест, ки кишвари мо дар арафаи гузашт ё худ интиқоли қудрат қарор дорад. Душманони синфӣ низ инро хуб дарк кардаанд ва ҳарчанд горе-идеологҳои мо фикр мекунанд, ки бо чашмпӯшӣ аз моҷаро конфликт хатм меёбад, хатои маҳз мекарданд. Зимнан ҳассостарин марҳала шуруъ шуд”.

Изҳори нигаронии ӯ аз он буд, ки бархе аз зимомдорони вақт ва журналистону сиёсатмадорон бемавқеӣ ё бетарафиро ихтиёр кардаанд: “Зеро таври маълум, «душман яқин аст», вале онҳое, ки мавқеъ, позитсия, изи ангушт, ҷои пой надоранд, мушаххас нестанд, ки дар сурати лозима фардо паҳлӯи кадом ҷониб қарор мегиранд.”

Мавзӯи бетарафии аҳли зиё дар масъалаҳои муҳим ҳамеша мавриди баҳсҳост. Ҳатто дар мавзӯи сар задани ҷанги шаҳрвандии соли 1992 ҳам. Аз сӯи дигар, дар баҳодиҳии тавонмандии онҳо мешавад гуфт, мо каме муболиға дорем. Ба ҳар сурат, бо вазъияте, ки дорем, намешавад гуфт зиёиён чизи муҳимеро ҳал карда метавонанд. Аммо ин ки аксари вақт онҳо худро ба сифати нерӯи мустақил маълум намекунанд, ба фикрам бебаҳс аст.

Мисол меорам. Соли 2004 – замоне ки ҳамаи дигарон дар бораи интихоботи парлумонии соли 2005 фикр мекарданд, доктори илмҳои иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ки ҳамзамон узви раёсати ҲДТ буд, изҳор намуд, ки дар фикри номзадӣ ба президентисту ба зиёиён умед мебандад. Аммо баъд аз раъяш гашт. Тахмин мекунам, ки чаро.

Фарзи мисол, муаллимонамонро бубинед дар интихоботҳо чӣ кор мекунанд? Дигаронаш дар сӯҳбатҳои пасипардагӣ ҳарфҳое мегӯянд, ки ягон шахсияти мухолиф гуфтани онҳоро ба худ раво намебинад. Аммо чун дар навори шабакаҳои телевизионӣ пайдо мешаванд, намедонанд ҳукумату ҳукуматдоронро аз куҷояш таъриф кунанд!

Чанд сол пеш, вақте як нафараш, ки дирӯз тариқи шабакаи телевизионӣ президентро таъриф мекарду зимни сӯҳбат бо инҷониб ба интиқоди ӯ гузашт, мавриди ҳуҷуми ногаҳонии ман қарор гирифт: "Шумо ва шумо баринҳост, ки на ҷамъият пеш меравад, на ҳукумат, зеро шумо дурӯяед!”

Инҳову мавқеашон дигар маълум...

Пас чӣ роҳеро бояд имрӯз интихоб кард?

Ба андешаи инҷониб, як роҳи ҳал вуҷуд дорад: ҷомеаи боз!

Вагарна, ин дар ҳақиқат нонсенс аст. Дар тамоми дунё маъракаи интихоботӣ дар камтарин ҳолат якуним сол пеш шурӯъ мешавад. Дар кишварҳои низомашон воқеан демократӣ интихобот аслан ягон вақт тамом намешавад. Яъне аз интихобот то интихобот давом меёбад. Танҳо бо эълони расмии маърака он шиддати бештар мегирад.

Дар сурати ошкор будани нерӯву зарфияти шахсиятҳои ҷудогонаву аҳзоби сиёсӣ мардум шинохти номзади элитаи ҳукмрон ва мухолифони онҳоро хоҳад дошт. Иқтидорашонро медонанд ва аз рӯи он хулоса менамоянд. Ҷое барои бозиҳои пасипардагӣ низ боқӣ намемонад.

Ин ба ҷои “ҳуҷум” ба нерӯҳои заифи хориҷӣ, ки фикр накунам ҷонибдорони зиёд доранд, бамаротиб пуртаъсиртар хоҳад буд. Дар баъзе маврид “интиқодоти” ин нерӯҳои беруна дар матбуоти маҳаллӣ як навъ таблиғи онҳоро мемонад. Пас, шояд нерӯҳое дар дохил бошанд, ки ё ба таблиғи онҳо ҳавасманданд, ё тавассути бузург нишон додани ин нерӯҳои заиф ба ҳадафҳои пинҳонии худ расиданианд?

Ин савол ҷои фикр дорад...

Вагарна дар сурати масъалаи усулӣ будани “интиқоли қудрат” барои ҳукуматдорон ҳам, маълум кардани мавқеъгириҳои мухолифон ва ҷонибдорон бамаротиб ба нафъи ҳамагон коромад мешавад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG