Рӯзи 10-уми август аз таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистон 30 сол гузашт. Дар ин муддат ҳизб печу хамҳои зиёдро тай карда, борҳо шоҳиди "ҷудоӣ" ва "ба ҳам омадани" аъзояш шудааст. Раҷаби Мирзо, хабарнигору таҳлилгари тоҷик, дар матлабе роҳи сисолаи ин ташаккули сиёсиро чунин хулоса кардааст:
Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Дар зеҳниятсозиву худшиносии тоҷикон саҳми асосиро, бегуфтугӯ созмони "Растохез"-и Тоҳири Абдуҷаббор бозидааст. Аммо пас аз воқеаҳои февралии соли 1990 бархе аз равшанфикрон аз ин созмон фосила гирифтанд ё аз сафҳои он берун шуданд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла Таваралӣ Зиёев ва Раҳим Мусулмониён дертар бо Шодмон Юсуф ҳамроҳ шуданд, то Ҳизби демократро таъсис бидиҳанд.
Бори аввал дар бораи таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба таври расмӣ хабарҳо дар ибтидои тобистони соли 1990 нашр гардидааст, ки манбаи асосии онҳо корманди шуъбаи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон Шодмон Юсуф (он вақт Юсупов) буд. Вай то ин вақт дар ҷомеа шахсияти чандон шинохта набуд. Ҳарчанд охири солҳои 80-ум худро ба сифати ҷонибдори фарҳангу забони тоҷикӣ муаррифӣ мекард.
Баъдан, дар як матлаби худ дар "Ҷавонони Тоҷикистон" мавқеи сиёсиашро муайян намуда, худро ба ҳайси мухолифи шадиди Ҳизби коммунист муаррифӣ кард. Азбаски Шодмон Юсуф аз фаъолони "Растохез" набуд, аз лиҳози қонунӣ маҳдудияте барои созмон додани як ҳизби сиёсӣ надошт. Мушкил танҳо вазъияти сиёсӣ буд, яъне дар Душанбе пас аз ҳодисаҳои февралии соли 1990 вазъияти фавқулода ва қуюди шабгардӣ амал мекард. Тибқи қонун дар чунин шароит озодиҳои шаҳрвандӣ маҳдуд мешаванд.
Барои бисёриҳо ғайримунтазира, моҳи апрели соли 1990 Шодмон Юсуф гуруснанишинии сиёсӣ эълон кард ва дар пеши роҳбарияти Тоҷикистон чанд шарт гузошт. Ин гуруснанишинӣ номи ӯро на танҳо дар ҷомеаи тоҷик, балки берун аз он низ муаррифӣ кард ва дар натиҷа, ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба шахсияти хабарсозтарин дар Тоҷикистон мубаддал гашт. То он вақт танҳо Мирбобо Мирраҳимов баъд аз чопи матлаби "То ба кай об аз таги ях меравад?" ва Тоҳири Абдуҷаббор дар замони мубориза барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ шахсиятҳои шинохта ва фикрзо ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳамин тариқ, шуруъ аз оғози тобистони соли 1990 Шодмон Юсуф идеяи таъсис додани Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар расонаҳои хабарӣ тарғибу ташвиқ кард. Яке аз нахустин изҳороти Ҳизби демократ эълони таҳрими бақои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки бояд дар референдуми рӯзи 17-уми марти соли 1990 баррасӣ мегардид.
Анҷумани таъсисии ҲДТ 10-уми августи соли 1990 баргузор шуд. Дар конфронс ниҳодҳои роҳбарии ҲДТ ташкил шуданд, ки бояд то Анҷумани нахустини он амал мекард. Шодмон Юсуф раиси ҲДТ, профессор Раҳими Мусулмониён, ҷонишини шуъбаи Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Абдуллоҷон Очилов, депутати Шӯрои шаҳрӣ аз Чкалов Виктор Терлетский ва журналист Имомназар Холназар муовинҳои ӯ интихоб шуданд.
Қарор шуд, ки анҷумани нахустин дар моҳҳои ноябр-декабр баргузор шавад. Муроҷиатномае, ки ин анҷуман қабул намуд, дар он шабу рӯз бисёр “сахт” ва ҷиддӣ буд: "Мардуми пурсабру тоқати Тоҷикистон! Бӯҳрони шадиде, ки ҳамаи ҷабҳаҳои ҷомеаро фаро гирифтааст, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳукмфармоии системаи тоталитарии бюрократӣ - фармондеҳӣ мебошад, ки дар зери ниқоби сусиёлизм озодию падидаҳои демократиро таъқиб менамуд, қатлу ҷазодиҳии одамони озодфикрро пеш гирифта буд, халқҳоро ба соҳибмаърифату бемаърифат, қаҳрамону хоин, кабиру сағир ҷудо менамуд, сиёсати зӯран омехтани миллатҳоро ба амал мебаровард.»
Бар илова, фаъолияти парлумони Тоҷикистонро шадидан интиқод намуда, онро барои моликияти миллии халқи тоҷик эълон накардани корхонаи алюминӣ, заводҳои химиявии Ёвону Вахш, корхонаи арматур ва яхдонсозии шаҳри Душанбе ва ғ. “ғуломи ҳалқабаргӯш” меномад.
Баъдан дар таърихи 1-2-юми декабри соли 1990 дар бинои Театри русии ба номи Маяковский даври якуми Анҷумани 1-уми ҲДТ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ҳизб, ки дар конфроси таъсисотӣ интихоб шуданд, боқӣ монданд. Моҳи январи соли 1991 даври дуюми анҷуман баргузор гардид.
Аз фаъолияти хотирмони ҲДТ дар соли 1991 ин буд, ки моҳи феврал дар толори Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ маҷлиси ёдбуд бахшида ба қурбониёни баҳманмоҳи соли 1990 баргузор намуд. Дар охири нишаст изҳороти хос қабул намуда, аз ҷумла талаб карданд, ки хиёбони Путовский “Шаҳидон” номгузорӣ шавад ва ҳар сол 12-уми феврал - Рӯзи Мотам эълон гардад.
То ин замон Имомназари Холназар нашрияи шахсии “Адолат”-ро таъсис дода, онро дар ихтиёри ҳизб гузошт. Баъдан дар сӯҳбатҳо бо инҷониб равоншод таъкид намуд, ки ягона шарташ пеши раҳбарияти ҲДТ ин буд, ки ба сиёсати редаксионии нашрия касе кордор намешавад ва то соли 1992 чунин ҳам будааст. Дар ҳайати “Адолат” журналистони шинохтае чун Додоҷони Атовулло ҳамчун ноиби сардабир, Саидқосими Қиёмпур - котиби масъул, хабарнигорон Мирзои Салимпур, Зулфиқори Исмоилиён, Сабзалӣ Муродов, Дориюши Раҷабиён гирди ҳам омада буданд, ки дар муаррифии ҳизб ва ормонҳои он нақши таъсиргузор доштанд.
Ихтилофҳо дар ҲДТ
Моҳи феврали соли 2006 созмони ҲДТ дар пойтахт конфронси ҳизбии худро баргузор намуд. Инҷониб нав ба сафи ин ҳизб пайваста будам ва шинохти дурусте аз аъзои он надоштам. Дар ҷамъомад номзадии маро ба раисии созмон пешбарӣ намуданд. Дар баробари ин, кадоме номзадии Масъуд Собировро пешниҳод намуд, аммо ӯ овози зарурӣ нагирифт. Баъдтар маълум шуд, ки ин шахс ҳеч гоҳ узви ҲДТ набуда, бо машварати як генерали ҳукумат, ки дертар кушта шуд, ба сафи ҲДТ пайваста, ҳамин тавр роҳбарии созмони душанбегиро ба зиммааш гирифтанӣ будааст. Тибқи Оинномаи ҲДТ созмони душанбегӣ ҳаққи даъвати анҷумани фавқулодаро дошт.
Ин сенария амалӣ нашуд. Моҳи апрел онҳо бо чанд нафар даъвои ташкили фраксия дар дохили ҳизбро намуданд. ҲДТ ягона нерӯи сиёсӣ буд, ки аз ибтидо ташкил кардани фраксияро иҷозат медод ва он унсури демократии ҳизбро маънидод мекард. Аммо таъсиси фраксия талаботи хос дошт. Аз ин ҷо буд, ки “анҷумани” ин “фраксия” дар моҳи августи соли 2006 аз ҷониби Вазорати адлия пазируфта нашуд. КМИР ҳам эълон намуд, ки дар интихоботи президентии он сол “ҷиноҳи Искандаров” ҳаққи иштирок дорад.
Танҳо пас аз анҷумани пешазинтихоботии ҲДТ, ки интихоботро таҳрим эълон намуд, ҳам Вазорати адлия ва ҳам Комиссияи марказии интихобот “қарори дигар” баровардаву иштироки “ҷиноҳи Собиров”-ро ба интихобот “қонунӣ” хонд.
Дертар байни “раҳбарони нав” – М. Собиров ва С. Усмонов ҳам ихтилофи назар пеш омад ва онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Ин ихтилоф танҳо соли 2012 бо муттаҳидшавии “ҷиноҳи Искандаров” ва бо гурӯҳи Усмонов бартараф гардид.
Бояд гуфт, “фраксияи дохилиҳизбӣ” аз ибтидои фаъолият ба ҲДТ мушкил пеш овардааст. Ҳанӯз моҳи феврали соли 1992 ду нафар узви Садорати он Абдулло Очилов ва Мирзо Самиев тариқи ТВ ҳукуматӣ суханронӣ намуда, аз амалкардҳои Шодмон Юсуф эътироз намуданд. Садорати ҲДТ инро баррасӣ карда, ҳардуро аз сафи ҳизб ронд ва ба ҷои онҳо афроди машҳуре чун Аслиддин Соҳибназаров, Ойниҳол Бобоназарова ба ҳизб пайвастанд...
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҲДТ талафоти калоне дид. Як қисми аъзо ва роҳбаронаш дар мисоли Ҷумъабой Ниёзов, Файзулло Файзиев, Саидшо Акрамов, Айниддин Содиқов, Муллобек Файзиев, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ойниҳол Бобоназарова, Бозор Собир ва дигарон зиндонӣ шуданд. Баъзеи дигар, аз ҷумла, Шамсиддин Собиров, Салимбой Тағоев, Одилбек Ятимов, Айниддин Содиқов, Олими Заробек кушта гардиданд.
Бо ин вуҷуд, пас аз фирори нерӯҳои мухолиф аз мамлакат, Шодмон Юсуф аз соли 1993 ва баъдан чандин изҳороти зидду нақиз пахш мекард. Ин изҳоротҳо на танҳо ба муқобили ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, балки ба муқобили муттаҳиддини худи ӯву ҳизби ӯ, Ҳизби наҳзати исломӣ низ равона шуда буданд. Аз ҷумла, боре навишт, ки ҳангоми сафари Афғонистон ва дидор аз урдугоҳҳои мухолифини Тоҷикистон ва ширкат дар ҷаласаи сарони оппозитсия дарк кардааст, ки назари ӯ бо мавқеи ин ҳизби динӣ на танҳо якранг нест, балки дар мухолифатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, идеологӣ ва фарҳанги шадид қарор доштааст. Илова ба ин, гуфт, ки роҳбарони ҲНИТ, алалхус Саид Абдулло Нурӣ дар фикри барҳам додани Ҳизби демократ буд.
Ҳарчӣ буд, ё не, 27-уми октябри соли 1994 Шодмон Юсуф, Бозор Собир ва Раҳим Мусулмониён зимни муроҷиатномае изҳор карданд, ки ба ҳукумати Раҳмонов хоҳанд пайваст. Дар натиҷа, гурӯҳе, ки аз ин мавқеи онҳо ҷонибдорӣ намекарданд, моҳи декабри соли 1994 Анҷумани фавқулоддаи ҲДТ-ро дар Алмато доир намуданд.
Дар ин ҷамъомад тасмим гирифта шуд, ки ваколати Шодмон Юсуфро барои 6 моҳ боз доранд ва раисӣ ба ӯҳдаи Сатторзода вогузор шавад. Шарт ин буд, ки агар раиси пешин дар андешаҳояш таҷдиди назар ба вуҷуд наорад, ӯро аз курсии раисӣ барои ҳамеша маҳрум мекунанд. Раис ба анҷуман даъват шуда буд, вале ӯ аз ширкат дар он худдорӣ варзид. Шодмон Юсуф на танҳо дидгоҳашро иваз накард, балки пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи моҳи ноябри соли 1994 табрик кард ва ӯро “нури дурахшон” номид.
Дар назардошт бо ин, моҳи июни соли 1995 анҷумани дигаре дар Алмаато баргузор гардид ва Шодмон Юсуфро аз раисии ҲДТ барканор карда, Ҷумъабой Ниёзовро ба ҷои ӯ интихоб намуданд.
Ба ҳайси муовинони ӯ - Абдунабӣ Сатторзода, Аслиддин Соҳибназар ва Абдуқодир Холиқзода интихоб шуда, ҲДТ боз ба оппозитсияи дар хориҷбуда пайваст. Аммо раиси собиқ талошҳояшро барои наздик шудан бо ҳукумат идома дода, баҳори соли 1995 бо шиносномаи хориҷие, ки сафорати Русия дар Теҳрон барояш дода буд, ба Маскав омад. Дар тӯли беш аз як моҳ бо собиқ ҳамсафонаш мулоқот доир кард. Яке аз ҳамсафонаш Аъзам Афзалӣ ба Душанбе парвоз намуд, то иҷозати фаъолияти Ҳизби демократро дар Тоҷикистон бигирад. Тобистони соли 1995 Вазорати адлияи Тоҷикистон ҲДТ –ро таҳти сарварии Афзалӣ расман сабти ном кард ва ҳамин тариқ, ду фраксия пайдо шуд. Ин дар ҳоле, ки “фраксияи Алмаато” дар музокироти сулҳ таҳти раҳбарии Сатторзода ва Холиқназаров иштирок мекарданд.
Ҳамин тавр, ҲДТ, ки нуфузи қаблиаш дар таъини хатти машши сиёсии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро аз даст дода буд, ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. "Ҷиноҳи Алма-Ато" ба раҳбарии Ҷумъабой Ниёзов дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин боқӣ монд ва намояндагонаш дар музокироти сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон аз номи ин Иттиҳод ширкат мекарданд. "Ҷиноҳи Теҳрон", ки дар пушташ Шодмон Юсуф истода буд, тавассути намояндааш Аъзам Афзалӣ бо ҳукумат ҳамоно гуфтушуниди худро дошт.
Ин талоши ҷудоӣ соли 1997, бо имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин хунсо шуд, чунки ҳукумат бар асоси ин созишнома “ҷиноҳи Алма-Ато”-ро эътироф кард ва иҷозаи фаъолияти дубора дар Тоҷикистон дод, ки ба раҳбарии он баъдан Искандаров омад.
То интихоботи парлумонии соли 2000 ҲДТ ба сифати як нерӯи воҳид фаъолият дошт. Пас аз ин маърака Таваралӣ Зиёев, Ҳикматулло Саидов ва раҳматии Шариф Комил бо эътироз аз ҳизб рафтанд. Ҳикматулло Саидов дертар эълон намуд, ки Ҳизби “Ваҳдат”-ро таъсис хоҳад дод. Чанд конфронси таъсисотӣ ҳам баргузор кард, аммо онро сабти ном накарданд.
Соли 2013 ӯ ба сафи ҲДТ-и Усмонзода пайваст. Аммо каме баъдтар Саидҷаъфар Усмонзода ӯву журналист Аҳмадшо Комилзодаро ба кӯшиши табаддулот дар ҳизб айбдор намуда, гуфт, ки аз сафи ҲДТ дур карда шудаанд. Вале дар анҷумани пеш аз интихоботии парлумонии соли 2020 онҳо боз ҳам дар сафи вакилон ва ҳатто номзадҳои ин ҳизб буданд...
ҲДТ акнун ҳизби парлумонӣ, аммо бетаъсир?
ҲДТ аз замони ташкил шуданаш дар соли 1990 мегуфт яке аз ҳадафҳояш ба ҳизби парлумонӣ табдил додани он аст. Ин кор ба онҳо то соли 2015 даст надод, ҳарчанд шахсият ва номзадҳои таъсиргузорро номзад мекарданд.
Ихтилофоти баамаломада дар дохили ҳизб ҳамеша аз сӯи таҳлилгарон сунъӣ арзёбӣ шуда, ба хотири кам кардани нуфузаш баҳогузорӣ мешавад. Бо омадани Саидҷаъфар Усмонзода ба раҳбарии ҲДТ дар доираҳои коршиносӣ ба ин назаранд, ки сафи ҳизбҳои гапдаро, ё "кисагӣ"-и ҳукумат афзоиш ёфт.
Гуфта мешавад вобаста ба ҳамин, Саидҷаъфар Усмонзода аз номи ҲДТ дар интихоботи президентии соли 2013 худро номзад кард ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи Фархор ва дар соли 2020 аз ҳавзаи ягона вакили парлумон шуд.
Усмонзода дар сӯҳбат бо журналистон инро инкор карда, гуфтааст, ки ҲДТ акнун ба аксари ормонҳояш расид: "Як ҳадаф давлатӣ кардани забони тоҷикӣ буд, ки аллакай иҷро шуд. Ҳадафи асосии мо сохтани ҷомеаи демократӣ буд, ки ин ҳам иҷро шуд ва ҳоло дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ побарҷост."
Собиқадорони ҳизб назари дигар доранд ва ҳамин тавр дар арафаи 25-солагии ҳизб ба хабарнигорон гуфта буданд, ки дар асл ҲДТ кайҳо ҷойгоҳашро дар арсаи сиёсии Тоҷикистон аз даст додаву пуштибонии ҷиддие дар байни мардум надошта, амалан ба як сояи дигари ҳизби ҳоким табдил ёфтааст...
Пагоҳ, 23-юми август дар анҷумани пешазинтихоботии ҲДТ маълум мегардад, ки онҳо аз гузаштаи ҳизб чиву киро ба хотир хоҳанд овард ва дар интихоботи президентӣ киро ба сифати номзад пешбарӣ мекунанд. Ба эҳтимол номзадашон мисли соли 2013 Саидҷаъфар Усмонзода аст.
Ҳоло бояд мунтазир шуд, ки ин номзад чӣ барномаеро пешниҳод мекунад ва оё ягон иддаои сиёсии ҷиддӣ хоҳад дошт, ё не?
Ба ҳар сурат, ин номзад метавонад ба як муаммои ҷолиби интихоботӣ табдил ёбад.
Чаро чунин хулоса метавонад ҷо дошта бошад?
Бозгашт ба ин савол пас аз анҷуман имкон дорад...
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.