Сулаймон Давлатзода: "Дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои диндорон нақз нашудааст"

Дар гузориши нави вазорати умури хориҷии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ Тоҷикистон ба феҳристи "кишварҳои махсусан нигаронкунанда", ворид карда шудааст. Бархе мақомот ва уламои дин дар ин кишвар дар вокуниш ба гузориши департаменти давлатӣ ин арзиёбиро “носаҳеҳ” унвон кардаанд.

Дар ду-се соли ахир расонаҳои Тоҷикистон саршор аз матолибе ҳастанд, ки дар он аз мавориди маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар гуфта мешавад. Аз ҷумла, дар як соли ахир сокинони Тоҷикистон шоҳиди манъи вуруди ҷавонон ба масҷидҳо, риштарошии маҷбурии мардҳо ва манъи вуруди занҳои сатрпӯш ба муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла бемористонҳо шуданд.

"Аз нигоҳи Амрико ва ғарбиён воқеан дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои зиёди динӣ вуҷуд дорад ва манъи вуруди ҷавонони то 18-сола ва занҳо ба масҷид, пӯшидани либоси мазҳабӣ ва доштани риш аз намунаи чунин маҳдудиятҳо мебошад."

Гузашта аз ин, ҳарчанд рӯзҳои таҷлили Иди Рамазон ва Қурбон дар Тоҷикистон расман рӯзҳои таътил эълон шудаанд, аммо шогирдони мактабҳо ва донишҷӯёну кормандони сохторҳои давлатӣ дар ин рӯзҳо ба таҳсил ва кор даъват мешуданд.

Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА, ки рӯзи панҷшанбеи 4-уми январ мунташир шуд, дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин 9 кишвари дигар --- Мянмар, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Узбакистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Эритрея, Судон ва Чин низ шомил шудаанд. Покистон дар феҳристи "назорати вижа" ҷой дода шудааст.

Мақомот аз гузориши Амрико розӣ нестанд

Ҳамон тавре, ки дар гузашта мақомот танқиди созмонҳои байналмилаливу давлатҳои хориҷиро аз маҳдуд шудани озодиҳо, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон рад кардаанд, ин навбат низ масъулини дин бо интиқодҳои Вазорати умури хориҷии Амрико розӣ нестанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи корҳои дин, танзиму анъана ва маросимҳои Тоҷикистон 5-уми январ дар вокуниш ба гузориши вазорати умури хориҷии Амрико, ки Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои дорои маҳдудиятҳои мазҳабӣ ворид кардааст, гуфт, ки ин гузориш бар пояи ахбори расонаҳо таҳия шудааст ва аз воқеият дур мебошад.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин.

Вай афзуд, ки "ҳоло мутахассисони ин ниҳод матни пурраи ин гузоришро мавриди омӯзиш қарор дода, сипас расман вокуниши худро эълон мекунанд. Дар гузоришҳои Амрико ҳамвора аз Тоҷикистон беасос ба унвони кишвари маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ ном бурда мешавад, вале дар асл ин тавр нест". Ба эътиқоди ҷаноби Давлатзода, дар Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияти мазҳабӣ вуҷуд надорад ва таҳиягарони ин гузориш дар бораи воқеияти зиндагии динии сокинони кишвар иттилои саҳеҳ надоранд.

Вале мақомоти тоҷик ҳамеша таъкид мекунанд, ки аз афзоиши ақоиди мазҳабии ифротӣ нигарон ҳастанд ва талошҳои онҳо барои таҳти назорат даровардани фаъолиятҳои мазҳабӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бесуботии ҷомеа анҷом мешавад. Тоҷикистон як кишвари ҳаммарз бо Афғонистон аст ва солҳои охир мақомот аз хатари рахнашавии гурӯҳҳои ифротиву ҷаангҷӯи мисли “Давлати исломӣ” ва Толибон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Сукут аломати ризо?

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ ба ин назар аст, ки хомӯшии мақомоти тоҷик ба ин гузориш, ба маънии "сукут аломати розигист". Вай афзуд, ки аз нигоҳи Амрико ва ғарбиён воқеан дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои зиёди динӣ вуҷуд дорад ва манъи вуруди ҷавонони то 18-сола ва занҳо ба масҷид, пӯшидани либоси мазҳабӣ ва доштани риш аз намунаи чунин маҳдудиятҳо мебошад.

Фаридун Ҳодизода.

Фаридун Ҳодизода дар идома гуфт, "барои насли калонсоли Тоҷикистон, ки ба маҳдудиятҳои динии замони шӯравӣ одат кардаанд, ин маҳдудиятҳо чандон муҳим нест. Вале, ҷавонони тоҷик аз ин маҳдудиятҳо эътироз карда, ҳазорон нафари онҳо ба гурӯҳҳои террористии назири "Давлати исломӣ" ва "Толибон" мепайванданд. Ҳамзамон бояд бигӯям, ки дар ин гузориши Амрико ҳатто Арабистони Саудӣ, ки шарики наздики ИМА мебошад, барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ танқид шудааст. Эрон, кишвари ҳамзабони Тоҷикистон низ барои маҳдудиятҳои динӣ, бавижа, барои суннимазҳабон, мавриди интиқоди Амрико қарор гирифтааст".

"Маҳдудиятҳои зиёде роҳандозӣ шудааст"

Аммо Азизи Нақибзод, хабарнигори мустақили тоҷик, ки пайваста мавзӯъҳои диндорон дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Амрико вақте гузориши худро таҳия мекунад, далелҳояшро аз ҳаво намегирад. Вай мӯътақид аст, ки дар Тоҷикистон дар зиндагии мусалмонон маҳдудиятҳои зиёде роҳандозӣ шудааст, ки дар зиндагии онҳо таъсир мегузорад.

Азизи Нақибзод.

"Маҳдудиятҳо ончунон зиёданд, ки номбар кардани онҳо фурсати тӯлонӣ мегирад. Ба унвони мисол, танҳо мегӯям, ки ахиран давлати Тоҷикистон синни зоиронро боло бурд ва ҳамакнун ҷавонон ҳаққ надоранд аз муқаддасоти Ислом зиёрат кунанд. Ҳамзамон хонаводаҳои зиёдеро медонам, ки ба далели манъи пӯшиши либоси исломии занҳо аз Тоҷикистон муҳоҷират карданд. Хандаовар аст, ки ба далели манъи пӯшиши рӯйсарӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ мусалмонанд, онҳо водор мешаванд ба Русия, ки бештари сокинонаш насронӣ мебошанд, муҳоҷират кунанд",-афзуд Азизи Нақибзод.

Домулло Муҳаммадҷон Сангалиев, узви Шӯрои уламои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз гузориши нави Департаменти давлатии ИМА интиқод кард ва гуфт, ки Амрико Тоҷикистонро беасос ба рӯйхати кишварҳое ворид кардааст, ки дар он озодиҳои мазҳабӣ маҳдуд карда мешаванд. Вай гуфт: “Амрико ҳадафҳои дигаре дорад. То замоне, ки ҷаҳон дубора тақсимбандӣ нашавад, чунин гузоришҳо пахш мешаванд”.

Тоҷикистон дар гузоришҳои Амрико

Зимнан, бори аввал нест, ки мақомоти Амрико аз маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Дар тирамоҳи соли гузашта Департаменти давлатии Амрико изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ нозири тамоми ҳаёти мазҳабии мардум аст ва Шӯрои уламои Маркази исломӣ танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар боқӣ мемонад. Бо инки қонунҳои Тоҷикистон динро аз давлат ҷудо медонад, фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар ин кишвар манъ шудааст.

Бино ба гузориши Департаменти давлатии Амрико, соли гузашта бо ҳадафи ҷилагирӣ аз ифротишавии ҷомеа дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнӯи мазҳабии назири “Салафия”, гурӯҳи “Давлати исломӣ”, Ҳизби Таҳрир ва дигарон боздошт шудаанд.

Садҳо намозгоҳи аз назари мақомот ғайриқонунӣ низ баста шуда, феълан шумораи иттиҳодияиҳои динӣ бо шумули масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъву ҷомеи марказӣ ба 4089 адад баробар аст. Аз миёни ин созмону иттиҳодияиҳои динӣ 72 ададаш созмони ғайриисломист.

Ба ҳисоби ҳукумати Амрико, дар Тоҷикистони иборат аз 8,3 миллион аҳолӣ беш аз 90 дарсади мусалмонон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, тахминан 4 дарсадашон шиаи исмоилӣ ҳастанд, ки аксарият дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба сар мебаранд.

Инчунин, дар миёни намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ ҷомеаи хурди баҳоиҳо, аҳли кришна ва яҳудиҳо ба сар мебаранд. Гурӯҳи серҷамъияттарини масеҳиёнро намояндагони калисои православии русӣ ё ортодокс ташкил медиҳанд.