Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: "Танҳо муассисаҳои давлатӣ ҳаққи таълими диниро доранд" САДО, ВИДЕО


Бар асоси ислоҳи “Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, дар Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои динӣ манъ шуда, масъулияти омӯзиши динӣ танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ вогузор карда шуд. Тағйироти мазкур дар ҳолест, ки соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон танҳо ҳизби динӣ дар Осиёи Марказӣ – Ҳизби наҳзати исломиро бо иттиҳоми фаъолиятҳои террористӣ манъ кард. Худи ин ҳизб тасмими мақомотро ноодилона арзёбӣ карда, гуфтааст, тасмими бастани ҳизб бар асоси иттиҳомоти бепоя гирифта шудааст.

Ислоҳи қонуни дин дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00
Линки мустақим

Мо даъво мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳамаи шароит барои диндорон эҷод шудааст. Аммо медонам, ки дархости зиёди мусалмонон барои бунёди ибодатхонаву масҷидҳо солҳо бепосух мемонанд.

Дар ҷаласаи рӯзи 6-уми декабри Маҷлиси Намояндагон ворид кардани ислоҳот ба қонуни кишвар дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мавзӯи калидӣ буд. Ҷаббор Аҳмадов, вакили Маҷлиси Намояндагон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосии ислоҳи қонун мутобиқ кардани он ба Қонуни асосӣ аст. Аз ҷумла, манъи таъсиси ҳизбҳои динӣ дар Тоҷикистон.

"Дигар тағйироте, ки ба қонуни дин ва озодии виҷдон ворид шуд, нақши давлатро дар умури мазҳабӣ тақвият медиҳад", - гуфт Ҷаббор Аҳмадов. Ӯ афзуд, "бар пояи тағйироти воридшуда ва тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон минбаъд сохторҳои давлатӣ дар танзими фаъолиятҳои динӣ нақши бештареро хоҳанд дошт. Дар канори манъи таъсиси ҳизбҳои характери динидошта, танҳо сохторҳои давлатӣ метавонанд ба таҳсили мазҳабӣ машғул шаванд."

Аҳмадов нагуфт, ки манзур аз сохторҳои давлатии муваззаф ба таълими динӣ кадом ниҳодҳоянд. Тоҷикистон аз соли 2010 беш аз се ҳазор муҳассили мактабҳои ғолибан динии кишварҳои исломиро ба ватан баргардонд ва ин маърака бахше аз сиёсати ҳукумат дар амри ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеаи кишвар унвон мешавад.

Дар моҳи августи соли 2010 раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш бо чунин ҳушдор, ки толибилмони тоҷик дар мадрасаҳои хориҷӣ ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд, аз волидон хост, дар бозгардони фарзандонашон аз кишварҳои исломӣ саҳм бигиранд. Ҷавонони баргашта умдатан дар танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон таҳсили худро идома медиҳанд. Аммо соли дувум аст, ки ба ин донишкадаи исломӣ бонувон қабул намешавад ва бархе аз ҷавонон низ аз таҳсил дар ин муассиса изҳори норизоиятӣ мекунанд.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Вакил: "Танҳо муассисаҳои давлатӣ ҳаққи таълими диниро доранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:43 0:00

Ҷаббор Аҳмадов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, инчунин, ба мақомот иҷозат дода шудааст, зимни номгузорӣ дар масҷидҳои нав аз гузоштани исми сармоягузорон худдорӣ карда, бештар ба номи чеҳраҳои фарҳангиву таърихии исломӣ авлавият дода шавад. Дар ҳамин ҳол, Фаридун Ҳодизода, коришиноси масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 6-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша аз омӯзиши мазҳабии ҷавонон дар дохили кишвар ҳимоят мекард ва тибқи қонун манъ кардани таҳсили динӣ дар кишварҳои хориҷӣ дастикам 25 сол дер мавриди иҷро даромад.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Ӯ гуфт, "ин қонун бояд дар оғози истиқлоли Тоҷикистон қабул мешуд. Дар оғози солҳои 90-ум ҳазорҳо ҷавони тоҷик дар кишварҳои исломӣ ба таҳсили динӣ рӯй оварданд ва ҳоло бо ақидаҳои зишт ба ватан баргаштаанд. Вале бо манъи омӯзиши ҷавонон дар хориҷ ҳалли комили ин мушкил ғайримумкин аст, зеро шакли фосилавии таҳсили мазҳабӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет вуҷуд дорад ва мақомот дар пешгириии ин навҳаи таҳсил оҷиз мемонанд.Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон донишмандони ҳирфаии улуми Ислом ангуштшумор мондаанд ва онҳо наметавонад дар муқобили донишмандони машҳури исломии шарқӣ рақобат кунанд”.

Ҷаббор Аҳмадов аз шарҳи тағйироти дигари умдаи қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ худдорӣ кард, вале гуфт, яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳи ин қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароии мазҳабӣ ва террористӣ мебошад. Ҳарчанд хабарнигорон дар бинои Маҷлиси намояндагон интизор буданд, ки баррасии ин мавзӯъ вокунишҳои тундеро дар миёни вакилони мардумӣ эҷод мекунад, депутатҳо асосан хомӯшӣ ихтиёр карданд. Дар ин миён танҳо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии ин мавзӯъ гуфт, ҳанӯз ҳам дар ҳаёти мазҳабии сокинони Тоҷикистон мушкилоти фаровоне мушоҳида мешавад.

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Раиси маҷлис гуфт, "хеле мехостам, дар баррасии ин масъала дар Маҷлиси Намояндагон мақомоти сохторҳои мухталифи давлатӣ ширкат дошта бошанд. Мо даъво мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳамаи шароит барои диндорон эҷод шудааст. Аммо ман медонам, ки дархости зиёди мусалмонон барои бунёди ибодатхонаву масҷидҳо солҳо бепосух мемонанд. Дар як рустои кӯчаки кӯҳистонӣ, ки шояд ҳудуди 30 хонавода зиндагӣ мекунад, дар моҳи Рамазон водор мешаванд, барои хондани таровеҳ ба қишлоқи дигаре, ки 10 километр дуртар воқеъ аст, пиёда бираванд. Ё дар чунин рустоҳо масҷиде нест, ки маросими ҷанозаи фавтидаро баргузор кунанд ва водор мешаванд ба қишлоқи ҳамсоя мурдаро бибаранд. Сохторҳои давлатӣ минбаъд бояд ба ин масъалаҳо бештар таваҷҷӯҳ кунанд, то дар миёни сокинон норозигӣ сар назанад”.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ пайваста аз маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Аз ҷумла, “Гузориши байналмилалии озодиҳои мазҳабӣ - 2016” аз ҷониби Департаменти давлатии Амрико дар тобистони имсол муаррифӣ шуд, ки дар он гуфта мешавад дар амри мубориза бо ақидаҳои ифротӣ дар Тоҷикистон маъракаи зидди пӯшидани либоси исломӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз сӯи дигар, аз аввали соли таҳсили 2015-2016 дар синфҳои нӯҳуми мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба тадриси фанни наве бо номи "Асосҳои дин" шурӯъ кардаанд. Ба андешаи масъулони вазорати маориф ва илм, ин фанн ба толибилмон нафақат барои ошноӣ бо асосҳои дини Ислом кумак мекунад, балки дар зеҳни онҳо эҳтиром ба адёни дигарро низ талқин карда, дар амри муқобила бо таблиғоти созмонҳои ифротии мазҳабие, ба мисли "Давлати исломӣ" низ муассир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG