Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як роҳиби масеҳӣ дар Тоҷикистон ба “ифротгароӣ” маҳкум шуд


Акс аз вебсайти http://www.releaseinternational.org гирифта шудааст
Акс аз вебсайти http://www.releaseinternational.org гирифта шудааст

Бино ба гузоришҳо, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як роҳиби калисои насронӣ, маъруф бо номи “Сонмин Сунбогим”-ро ба ҷурми “ифротгароӣ” ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Як саҳифаи марбут ба насрониҳо мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ охири моҳи июл содир шуд ва аз пайравони масеҳият хостааст, ки дар ҳаққи ӯ дуо кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, азбаски пайравони ин гурӯҳ расман созмони мазҳабии худро дар кишвар сабтином накардаанд, ҳаққи фаъолият надоранд.

Баҳром Холматови 42-сола рӯзи 10-уми апрели имсол баъд аз тафтиши калисояшон дар шаҳри Хуҷанд дастгир шуд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи иттиҳомот ва ҳукми Баҳром Холматов чизе нагуфтаанд, аммо моҳи апрел баъди боздошт эълон кардаанд, ки ӯ ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар гузашта пайравони динҳои ғайриисломиро на ба ифротгароӣ, балки ба “барангехтани кинаву адовати динӣ” муттаҳам кардаанд.

Як вебсайти марбут ба насрониён мегӯяд, ки рӯзи 10-уми апрел маъмурони амниятии Тоҷикистон ба таври ногаҳонӣ вориди калисо шуда ва мардумеро, ки барои ибодат омадаанд, боздошт ва адабиёти диниашонро мусодира кардаанд. Ба иддаои онҳо, мақомот аз калисо ва манзили Баҳром Холматов китобҳои динӣ ёфта ва ташхиси диншиносӣ ин китобҳоро “ифротӣ” номидааст.

Яке аз калисоҳои насронӣ дар Душанбе
Яке аз калисоҳои насронӣ дар Душанбе

Дар Тоҷикистон тамоми китобҳои динӣ аз ташхис гузашта ва сипас чопу мавриди истифода ва фурӯшу таблиғ қарор хоҳанд гирифт. Онҳое, ки ин муқарраротро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Талоши мо рӯзи 6-уми август барои сӯҳбат бо намояндагони додгоҳ ва хонаводаи Баҳром Холматов бенатиҷа буд. Қаблан сомонаи “Форум-18” низ навишта буд, ки ҳеҷ яке аз хешовандон ва ё пайравони калисои “Сонмин Сунбогим” дар бораи сарнавишти роҳиб сӯҳбат намекунанд, зеро метарсанд, ки аз тарафи мақомот ба мушкил дучор мешаванд. Ҳамин сомона навишта буд, ки моҳи феврал як шӯъбаи калисои мазкур дар шаҳри Конибодомро низ бастаанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, азбаски пайравони ин гурӯҳ расман созмони мазҳабии худро дар кишвар сабтином накардаанд, ҳаққи фаъолият надоранд. Аммо вебсайти марбут ба насрониҳо иддао дорад, ки калисони “Сонмин Сунбогим” расман аз моҳи октябри соли 2009 дар Кумитаи дини Тоҷикистон сабтином шуда, фаъолият ва адабиёташ қонунист.

Моҳи апрели имсол Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар кишвар ҳаққи мардуми мусулмон ва пайравони мазҳабҳои дигар поймол мешавад.

Ин калисо аз соли 1993 дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нав дин бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ ё мубаллиғӣ фаъолият дошт. Қонуни нави дин ва озодии виҷдон ҳамаи созмонҳои мазҳабиро маҷбур кард, ки барои фаъолияти расмӣ дубора нмонавис шаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 70 созмони ғайриисломӣ сабтином шуда ва фаъолият доранд.

Давлати Тоҷикистонро солҳои ахир пайваста барои нақзи ҳуқуқи мазҳабӣ ва озодии эътиқод танқид мекунанд. Моҳи апрели имсол Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар кишвар ҳаққи мардуми мусулмон ва пайравони мазҳабҳои дигар поймол мешавад.

Дар ин гузориш аз рӯзи 26-уми апрел омадааст, ки “дар Тоҷикистон, аз ҷумла мусулмонҳо, протестантҳо, равияи насронии Шоҳидони Яҳворо зери фишор қарор ҳастанд ва бархе аз рӯҳониён бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ шудаанд.”

XS
SM
MD
LG