Ҳалокати ду бародар аз Фархор дар ҷанги Сурия

Акси гурӯҳе, ки мегӯянд, аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд.

Файзиддин Қосимов, сокини ноҳияи Фархор чанд рӯз пеш дар Сурия кушта шудааст. Тобистони имсол аз ин кишвари арабӣ хабари ҳалокати бародари ӯ Сангак расида буд.

Тибқи хабарҳо, чанд рӯз пеш як ҷавони зодаи ноҳияи Фархор дар ҷанги Сурия кушта шудааст. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Фархор рӯзи 17 ноябр бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки ин ҷавон сокини ҷамоати “Гулшан” -и ин ноҳия аст. Ин ҳам дар ҳоле ки тобистони соли ҷорӣ хабари кушта шудани бародари ин ҷавон низ дар ҷанги Сурия расида буд.

Рустам Насриддинов, муовини раиси ноҳияи Фархор рӯзи 17 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “хабари кушта шудани Файзиддин Қосимов, писари Сайфиддин Қосимов, аз ҷамоати “Гулшан” –и ноҳия чанд рӯзи пеш ба мо расид. Падараш аз ин ҳодиса бохабар аст.”

Ба гуфтаи ҷаноби Насриддинов, “Файзиддин ҳамроҳи бародараш Сангак ва ҳамсараш Саодат чанд соли пеш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта ва дар ин муддат ба Тоҷикистон барнагаштааст. Онҳо аз Русия ба Сурия рафтаанд, ки аввал хабари кушта шудани Сангак ва ҳамин чанд рӯзи пеш ҳалокати Файзиддин ба мо расид.”

Сайфиддин Қосимов, сокини 70-солаи ҷамоати “Гулшан”-и ноҳияи Фархор низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари кушта шудани ду фарзандаш дар ҷанги Сурияро тасдиқ кард. Вай гуфт, “Сангак, ки 22 сол дошт, моҳи июл дар ҷанги Сурия ҳалок шуда буд.” Аммо ба гуфтаи амаки Сайфиддин, “хабари кушта шудани Файзиддин, писари дигарам чанд рӯзи пеш ба ман расид.”

Амаки Сайфиддин афзуд, “аламамро тоза накунед. Аниқ онҳо фавтидаанд. Хайр чӣ кор кунам, онҳо дар Русия кор мекарданд. Аммо баъди моҳи май дигар бо онҳо сӯҳбат карда натавонистам. Ҳоло аз ин кор ҳеҷ кас огоҳӣ надорад, ҳатто ҳамсарам. Худо накунад, огоҳӣ пайдо кунад.”

Ин сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, то охирон лахҳа, замоне, ки хабараши кушта шудани писаронашонро аз мақомот шунидам, фикр мекард, ки онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фархор низ хабари марги Сангак ва Файзиддин Қосимовро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки нисбати ин ду ҷавон, ки дар ҷангҳои Сурия ҷангидаанд, парванда боз шуда ва тафтишот идома дошт.

Тибқи иттилои масъулони ҳукумати ноҳии Фархор, 6 ҷавон аз ин ноҳия дар кишварҳои арабӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ки аз онҳо як нафараш баргашта ва панҷ тани дигар дар хориҷ боқӣ мондаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар Сурия то 200 нафар аз ҷавонони тоҷик меҷанганд ва то имрӯз дар бораи ҳалокати то 50 нафар аз зодагони Тоҷикистон дар ин кишвари арабӣ гузоришҳо ба даст расидаанд.