Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯбакри Бағдодӣ: Кушта, захмӣ ё ..?


Абӯбакри Бағдодӣ
Абӯбакри Бағдодӣ

Низомиҳои Амрико мегӯянд, раҳбарони “Давлати исломӣ”-ро дар Ироқ ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Бархе манобеъ дар бораи захмӣ ва ҳатто ҳалок шудани раҳбари ин гурӯҳ Абӯбакри Бағдодӣ хабар доданд, вале ин ҳанӯз тасдиқ нашудааст.

Низомиҳои Амрико мегӯянд, дар ҳамлаҳои ахири ҳавоӣ, ки рӯзи 7 ноябр сурат гирифт, раҳбарони созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқро ҳадаф қарор додаанд. Мақомоти аршади низомии Амрико гуфтанд, дар натиҷаи силсилаи ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи ҷумъа як корвони иборат аз 10 мошин дар наздикии шаҳри Мувсил дар шимоли Ироқ хароб карда шуд.

Аммо ин мақомот тасдиқ карда наметавонанд, ки оё дар байни афроди ҳамлашуда раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ ҳам буд ё на? Ин дар ҳолест ки бархе расонаҳо дар бораи гӯё захмӣ ваё ҳалок шудани раҳбари аввали “Давлати исломӣ” ҳадс мезананд.

Мақомоти Ироқ рӯзи 9 ноябр ба Франс Пресс гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи кушта ё захмӣ шудани Абӯбаки Бағдодӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрикоро таҳқиқ мекунанд. Як мақоми аршади амниятии Ироқ ба Франс Пресс гуфтааст, ки “то ҳол, дар ин бора иттилоъи дақиқе ба даст нарасидааст. Иттилоот аз манобеи ғайрирасмӣ то ҳол тасдиқ нашудааст ва мо ҳанӯз рӯяш кор мекунем.”

Дар ситоди марказии артиши Амрико, ки амалиётҳо дар Ховари Миёна зери фармондеҳии он қарор дорад, низ гуфтаанд, ки дар силсилаи ҳамалоти ахир осеб дидани раҳбари “Давлати исломӣ”-ро ҳанӯз тасдиқ ё рад карда наметавонанд.

Абӯбакри Бағдодӣ
Абӯбакри Бағдодӣ

Абӯбакри Бағдодӣ худро дар тобистони соли равон “халифа”-и “хилофати исломӣ”-е эълон кард, ки “Давлати исломӣ” дар қаламравҳои таҳти нуфузаш дар Ироқу Сурия таъсис додааст. Абӯбакри Бағдодӣ рӯзи 29 июн дар пайи ишғоли чандин вилояти аксаран суннинишин дар Сурия ва Ироқ аз таъсиси хилофати исломӣ хабар дод. Бағдодӣ аз тамоми мусалмонон даъват кардааст, “ҳамон гуна ки ман ба Худо итоат мекунам, шумо аз ман итоат кунед." Бағдодӣ, ки ҳамчун халифа Иброҳим ҳам маъруф аст, дар ин навор дар сар саллаи сиёҳ ва дар тан ҷомаи сиёҳ дошт ва барномаи кори “хилофати исломӣ”-ашро эълон кард.

Дар гузашта низ чандин бор дар бораи ҳалок ё захмӣ шудани ӯ гузоришҳо нашр шуда буд, вале "Давлати исломӣ" баъдан ин иддаоҳоро маъмулан бо нашри ягон паём ё акси нави раҳбараш рад мекард. Аз ҷумла дар моҳи июн эълон шуда буд, ки Абӯбакри Бағдодӣ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои Ироқ захмӣ шуд ва ӯро барои табобат ба Сурия интиқол додаанд.

“Давлати исломӣ” як созмони тундгарои мазҳабист, ки дар Ироқу Сурия бо ҳадафи сохтани як “хилофат”-и воҳиди исломӣ меҷангад. Ин гурӯҳ дар оғози соли 2014 аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар зарфи ҳамагӣ чанд моҳ ба бахши бузурге аз қаламравҳои Сурияву Ироқ даст ёфт.

Дар як харита, ки ҳамчун нақшаи “Давлати исломӣ” барои 5 соли оянда нашр шудааст, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, ва ҳамин тавр, Афғонистону Покистону Ҳинд ва шарқи Эрон дар як устон бо номи “Хуросон” зикр шудаанд. Ҳамин тавр, дар ин нақша сарзаминҳое, ки дар чанд асри аввали густариши Ислом таҳти султаи хилофатҳои Димишқу Бағдод қарор доштанд – аз Андалузияи Испания то Қошғари Чин, аз Қафқозу Балкан то Саҳрои Кабир – ҳама дар як давлати воҳид, яъне “хилофат” тасвир шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия садҳо нафар аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, то 200 нафар аз ин кишвар меҷанганд. Онҳо чандин бор тавассути нашри видеоҳо дар Интернет ҳокимони кунунии минтақа ва Русияро ҳушдор додаанд, ки “ҷиҳод”-ашон танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд, балки онҳо азми бозгашт ва “афрохтани парчами Ислом” дар зодгоҳҳои худро низ дар сар доранд. Душанбе мегӯяд, то имрӯз танҳо дар ҷангҳои Сурия то 50 тоҷик ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG