Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки аз хонаи як сокини ноҳияи Истаравшан, ки амири “Ҷамоати Ансоруллоҳ” будааст, аслиҳа пайдо намудаанд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 9 ноябр ҳангоми таҳқиқи хонаи истиқоматии Наҷмиддин Шамсиев, ки қаблан дастгир шуда буд ва аз ӯ ҳамчун "амир"-и “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Истаравшан ва Конибодом ёд мешавад, 1 адад туфангчаи тамғаи “Байкал-442”, бе соли барориш, 2 адад тирдон бо 24 дона тир, 1 адад туфангчаи тамғаи “Макаров”, бе соли барориш, 2 адад тирдон бо 61 дона тир, 1 адад садохомӯшкунак (глушитель) дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки ҳамакнун дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз карда ва тафтишот идома дорад.
"Ҷамоати Ансоруллоҳ" як созмони тундрави мазҳабист, ки бори аввал дар соли 2010, дар як ҳамлаи маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷанд аз худ дарак дод. Ин гурӯҳ масъулияти ин нахустинҳ амлаи интимҳорӣ дар қаламрави Тоҷикистонро, ки 3 кушта ва зери 30 захмӣ ба ҷо гузошт, бар ӯҳда гирифт.
Дар апрели соли 2011, баъди қатли Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи ошӯбӣ дар водии Рашт низ мақомоти амниятии Тоҷикистон эълон карданд, ки гӯё аз охирин пинҳонгоҳи ин фармондеҳи собиқи мухолифин парчами "Ансоруллоҳ"-ро пайдо кардаанд.
Бовар меравад, "Ансоруллоҳ" созмони ҷангиёни тоҷикест, ки дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин таҷзия касби тарафдори бештар дар Тоҷикистон аст, чунки таҳти парчами Ҳаракати исломии Узбакистон пайдо кардани ҳаводори зиёд дар Тоҷикистон имкон надошт.
Домулло Амриддин ном як узви собиқи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шароити сулҳи Иттиҳоди мухолифин бо ҳукуматро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон баргашт, раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон "Ансоруллоҳ"-ро, ки сохтани хилофати исломиро ҳадафи муборизаҳояш қарор додааст, ба "рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳои ифротӣ шомил карда, фаъолияташро расман манъ кардааст.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД