Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Давлати исломӣ" паёми нави аудиоӣ нашр кард


Абубакр Ал-Бағдодӣ.
Абубакр Ал-Бағдодӣ.

Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ хоҳони ҳамла ба Арабистони Саудӣ шуд ва гуфт, ки ин гурӯҳ дар саросари ҷаҳони араб дар ҳоли густариш аст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи панҷшанбеи 13 ноябр дар паёме, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, хостори ҳамла ба Арабистони Саудӣ шудааст. Паёми савтии Абубакр Ал-Бағдодӣ пас аз нашри гузоришҳои зидунақиз аз ҳамлаи ҳавоии Амрико дар рӯзи 7 ноябр ба раҳбарони Давлати исломӣ дар Ироқ ва хабари захмӣ шудани раҳбари онҳо мунташир шудаааст. Амрико рӯзи сешанбе гуфт, наметавонад таъйид кунад, ки Абубакр Ал-Бағдодӣ дар ин ҳамлаҳо, ки дар наздикии шаҳри Фалуҷа сурат гирифт, кушта ё захмӣ шудааст.

Паёми аудиоии Ал-Бағдодӣ таърихи муайяне надорад, аммо дар он ба изҳороти мақомоти амрикоӣ дар рӯзи 7 ноябр ишора шудааст. Барак Обама дар ин рӯз эълон кард, ки ба фиристодани 1500 нерӯи низомии дигар ба Ироқ мувофиқат кардааст. Абубаки Ал-Бағдодӣ дар паёми аудиоии худ ба раҳбарони Арабистони Саудӣ бо суханони тавҳиномез ишора карда ва гуфтааст, "Ин фарзандони Ҳарамайн, сари афъӣ ва манбаъи беморӣ онҷост... шамшерҳои худро ба ғилоф дароваред, бо зиндагӣ видоъ кунед. Барои онҳо ҳеҷ амнияте набояд вуҷуд дошта бошад."

Гурӯҳи Давлати исломӣ, ки бахшҳои зиёдеро аз қаламрави Ироқ ва Сурия дар ихтиёри худ дорад, моҳи июн эълон кард, ки дар минтақаҳои тахти назорати худ хилофат барқарор кардааст. Абубакри Бағдодӣ гуфт, савганди вафодории пайравонаш дар Либия, Яман, Арабистон ва Алҷазоирро пазируфтааст.

Ӯ дар ин паёми аудиоӣ гуфтааст, "эй сарбозони Ҳукумати исломӣ, ҷиҳодро дар ҳама ҷо шӯълавар кунед, ҷаҳонро аз ҳама тараф рӯшан кунед". Бағдодӣ бо ишора ба ҳамлаи низомии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико мегӯяд, "бо вуҷуде, ки ин ҷанги салибӣ аз ҳама ҷангҳо шадидтар ва сахттар аст, аммо бузургтарин шикасти онҳост."

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс низ гузориш додааст, ки раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин паём ваъда додааст, ки то охирин нафар ба ҷанг идома медиҳад. Ин навори аудиоии 17-дақиқагӣ, ки сифати он бад ва рӯзи панҷшанбе нашр шуд, аввалин изҳори назари ошкорои раҳбари ин гурӯҳ пас аз ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико ба пойгоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия аст.

Ал-Бағдодӣ гуфтааст, "Худо ба мо фармони ҷиҳод додааст. Бинобар ин, сарбозони Давлати исломӣ меҷанганд...онҳо ҳаргиз ҷангиданро раҳо намекунанд, ҳатто агар як сарбоз боқӣ монда бошад. Онҳо ҷангро раҳо намекунанд, барои ин ки зери бори тавҳин намераванд."

“Давлати исломӣ” як созмони низомии мазҳабист, ки дар Ироқу Сурия бо ҳадафи сохтани як “хилофат”-и воҳиди исломӣ меҷангад. Ин гурӯҳ дар оғози соли 2014 аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар зарфи ҳамагӣ чанд моҳ ба бахши бузурге аз қаламравҳои Сурияву Ироқ даст ёфт.

Дар як харита, ки ҳамчун нақшаи “Давлати исломӣ” барои 5 соли оянда нашр шудааст, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, ва ҳамин тавр, Афғонистону Покистону Ҳинд ва шарқи Эрон дар як устон бо номи “Хуросон” зикр шудаанд. Ҳамин тавр, дар ин нақша сарзаминҳое, ки дар чанд асри аввали густариши Ислом таҳти султаи хилофатҳои Димишқу Бағдод қарор доштанд – аз Андалузияи Испания то Қошғари Чин, аз Қафқозу Балкан то Саҳрои Кабир – ҳама дар як давлати воҳид, яъне “хилофат” тасвир шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия садҳо нафар аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, то 200 нафар аз ин кишвар меҷанганд. Онҳо чандин бор тавассути нашри видеоҳо дар Интернет ҳокимони кунунии минтақа ва Русияро ҳушдор додаанд, ки “ҷиҳод”-ашон танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд, балки онҳо азми бозгашт ва “афрохтани парчами Ислом” дар зодгоҳҳои худро низ дар сар доранд. Душанбе мегӯяд, то имрӯз танҳо дар ҷангҳои Сурия то 50 тоҷик ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG