Арзёбии ҷангу сулҳ. 20 сол пас аз оштии миллии тоҷикон. САДО

Тоҷикистон имсол 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳро таҷлил мекунад, ки ба ҷанги хунину харобиовари шаҳрвандӣ хотима дод. Ба муносибати ин рӯз, ки ҳар сол рӯзи 27-июни сол таҷлил мешавад, як нишасти байналмилалӣ сурат мегирад, ки дар он сабабҳои сар задани ҷанг, дастоварду нокомиҳои созиши сулҳ ва таҳдиду хатарҳои нав ба суботи Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

20 сол пас аз оштии миллии тоҷикон

Нишастро таҳти унвони “Бист соли созиши сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997. Арзёбии таъриху сиёсати ҷанг ва сулҳ”-ро рӯзҳои 6-7-уми июл Академияи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Пажӯҳишгоҳи Фридрих Эберт, Пажӯҳишгоҳи фаронсавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек баргузор мекунанд.

Дар ҷанги панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бино ба тахминҳо, аз 40 ҳазор то 100 ҳазор нафар кушта шуданд ва аксари талафот дар соли аввали ҷанг буд.

Дар баёнияи расмии академия дар шаҳри Бишкек омадааст, ки дар баробари баррасии сабабҳои ҷанг, оқибатҳои ин муноқиша барои вазъи иқтисоду иҷтимоии Тоҷикистон ва эҳтимоли муноқишаҳо дар оянда ва таҳкими субот баррасӣ мешаванд. Мушкилоти феълии Тоҷикистон ба мисли муҳоҷират, мардсолорӣ, фирори мағзҳо ва нақши ислому исломгароӣ ҳам бахши дигаре аз сӯҳбатҳои таҳлилгарони хориҷиву дохилӣ хоҳад буд, ки масоили Тоҷикистонро таҳқиқ кардаанд.

Пеш аз оғози ҷанг дар Ҷумҳурии Чеченистони Русия, ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки соли 1992 шурӯъ шуд, ки яке аз ҷангҳои хунинтарин дар қаламрави пасошӯравии собиқ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷанги панҷсола, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бино ба тахминҳо, аз 40 ҳазор то 100 ҳазор нафар кушта шуданд ва аксари талафот дар соли аввали ҷанг буд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳанда шуда буданд.

Бо вуҷуди омилҳои печидаи сар задани ҷанг дар Тоҷикистон, як тавофуқи назар вуҷуд дорад, ки таназзули иқтисодӣ, ихтилофоти минтақавиву идеологии зуҳурёфта дар аҳди шӯравӣ, бесарусомонӣ дар байни элитаи ҳукмрон, аз ҷумлаи омилҳои афрӯхтани оташи ҷанг шуд.

Бо вуҷуди ҷанги ваҳшатнок ва оқибатҳои фалокатбори он барои инсонҳову иқтисоди Тоҷикистон, ду тарафи даргир -- ҳукумат ва нерӯҳои мухолифин дар ниҳоят саъй карданд, ихтилофотро канор бигзоранд ва ба хунрезӣ хотима диҳанд. Баъди ҳафт даври музокирот ва 20 гуфтугӯ дар муддати се сол, бо миёнҷигарии Созмони Милал, талошҳои дипломатии Русия, Эрон ва Афғонистон ба онҳо муяссар шуд, ба созиш бирасанд. Рӯзи 27-уми июни соли 1997 аз тарафи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин пешвои онҳо Сайид Абдулло Нурӣ “Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро дар шаҳри Маскав имзо карданд.

Бар асоси ин санад, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ ташкил ёфт ва 30 дар сади мақомҳои ҳукуматиро ба ихтиёри намояндагони мухолифон доданд, аҳзоби мамнӯъ ва бахусус Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозаи фаъолият гирифт, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифон ё пароканда шуданд ва ё ба артиши миллӣ пайвастанд. Асирони ҷангӣ озод шуданд ва даҳҳо ҳазор нафар аз паноҳандагони тоҷикро, ки аксарият ба шимоли Афғонистон паноҳанда шуда буданд, ба кишвар баргаштанд.

Баъди бозгашти сулҳу оромӣ, Тоҷикистон дар ду даҳаи гузашта чанд дафъа интихоботҳои раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ баргузор кард, вале ҳеҷ яке аз онҳо ба гуфтаи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шаффофу одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст.

Муҳимтар аз ҳама, моҳи сентябри соли 2015 баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, Додгоҳи олӣ Ҳизби наҳзати исломӣ, як ҳизби умдаи мухолифони собиқро созмони ифротгарову террористӣ эълон кард ва фаъолияташро мамнӯъ намуд. Ёздаҳ узви раёсати ҳизбро ҳам ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Баъд аз он садҳо нафар ва аксаран аъзо ва тарафдорони ҳизб ба Аврупо гурехта ва дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони нишаст дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҳамоиш имкон медиҳад, таҳаввулоти баъди ҷанг, дастовардҳову камбудиҳои сулҳсозӣ дар ду даҳаи гузашта омӯхта шавад ва аз он дарс бигиранд.