Сарҳанг Зафар Икромов, яке аз чеҳраҳои бориз дар истиқрори сулҳе, ки ба ҷанги хунини панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузошт, 80 дарсади айби оғози ин ҷангро ба дӯши худи тарафҳои дохилӣ бор мекунад ва мегӯяд, омилҳои беруна дар ин низоъ асосӣ набуд, “ҳарчанд бегонаҳо бо истифода аз фурсат хеле хубу моҳирона нақши ҳезумкашро иҷро карданд.”
Ӯ ҳамин тавр, мӯътақид аст, ки дар сулҳи рӯзи 27 июни соли 1997 ниҳоишуда низ нақши асосиро ба ҳар сурат, тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ бозӣ карданд ва СММ ва кишварҳои кумакрасон дар ин намоиши сулҳ бештар нақши кумакрасонро доштаанд.
Зафар Икромов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳамчунин аз бархе паҳлуҳои то ҳол норӯшани кори кумиссиюни оташбас, аз ҷумла аз рӯзҳои асораташ дар дасти Баҳром, бародари фармондеҳи саркаш Ризвон Содиров, ва ҳам аз марги то ҳол мармузи ҳамраиси он аз тарафи оппозисиюн Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов қисса кард.
Ҳолномаи Зафар Икромов
Сарҳанг Зафар Икромов 5 июни соли 1946 дар ноҳияи Шӯрообод ба дунё омада, соли 1969 риштаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1986 Мактаби олии милисаи Тошкандро хатм кардааст. Падари Зафар Икромов омӯзгор буд ва ӯ ҳам собиқаи корашро аз омӯзгорӣ шурӯъ карда, дар ибтидои солҳои 70 ба мақомоти умури дохила ба кор меояд. Солҳои 1980-1983 ба ҳайси мушовир дар вазорати дохилаи Афғонистон хидмат карда, сазовори нишонҳои ҷангии “Байрақи сурхи ҷангӣ” ва “Ситораи сурх” шудааст.
Сардори милисаи ноҳияҳои Файзободу Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) буд. Полковник Икромов соли 1992, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ ба мақоми раҳбари раёсати умури дохилаи пойтахти Тоҷикистон таъин шуд.
Соли 1995 Зафар Икромов ҳамраиси Кумиссиюни назорати оташбас аз сӯи ҳукумат таъин шуд. Ҳамзамон то соли 1997 ӯ мушовири раисиҷумҳур дар умури амният ва дифоъ буд. Барои хидматҳояш дар истиқрори сулҳи тоҷикон Зафар Икромов дар соли 1998 бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонда шуд.
Сарҳанг Икромов аз аввалин намояндагони ҷониби ҳукумат аст, ки бо намояндагони тарафи мухолифин пушти як миз нишаст ва ҳамкорӣ кард. Ӯ мегӯяд, азбаски аксари фармондеҳони тарафи муқобили ҷанги Тоҷикистон, аз ҷумла Мирзохӯҷа Низомов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳамон Ҳоҷӣ Музаффари ҳамкораш дар Кумиссиюни оташбасро ҳанӯз аз замони кораш дар милиса дар замони Шӯравӣ мешинохт, бо ин фармондеҳон нисбат ба дигарон хеле зудтару осонтар забон меёфт.
Ӯ созишномаи сулҳи моҳи феврали соли 1997 бо фармондеҳони водии Раштро нуқтаи олии фаъолияташ дар роҳи истиқрори сулҳи Тоҷикистон медонад ва мегӯяд, ҳамин қарордод оғози роҳе шуд, ки 27 июни соли 1997 бо имзои созишномаи комили сулҳ байни президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар “Президент-Отел”-и шаҳри Маскав ҳусни анҷом ёфт.
Радиои Озодӣ: Кумиссиюни назорати оташбас амалан нахустин ниҳод муштаракки ҳукумат ва мухолифин буд ва табъан сохтани девори эътимод байни тарафҳои даргир аз ҳамин кумиссиюн оғоз ёфт. Ёдатон ҳаст рӯзҳои аввали кори кумиссиюни оташбас?
Зафар Икромов: Мувофиқи қарордоди ҳарду ҷониб, 4 сентябри соли 1995 дар Теҳрон ба хотири гузоштани хишти аввали эътимод ба якдигарро гузоштан кумиссиюни оташбас дар дохили ҷумҳурӣ ва дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таъсис ёфт, ки ба номи Кумиссиюни оташбаси Теҳрон ҳам ёд мешавад. Ин дар воқеъ як қарори хеле оқилонае буд, ки хишти аввал дар раванди расидан ба сулҳи охири рӯзи 29 июни соли 1997 шуд.
Радиои Озодӣ: Ҷониби ҳукумат маълум ки аз ибтидо дар дохил буд. Аммо намояндагони тарафи мухолифин кай омаданд барои кор дар ин кумиссиюн?
Зафар Икромов: Аслан нахустин мулоқотҳо моҳҳои ноябр-декабри соли 1994, ҳангоми табодули асирон шурӯъ шуда буд. Ин нахустин кори муштараки ҷонибҳо буд, ки 23 нафар асирон аз нирӯҳои ҳукуматро дар ивази маҳбусони тарафдорони оппозисиюн ҷавоб доданд. Ин кор иҷро шуд бо кумаки ҳйати нозирони низомии СММ ба раҳбарии генерали урдунӣ Ҳасан Аббос. Кумиссиюн баъдан ҳам кори зиёде анҷом дод чӣ дар берун ва чӣ дар дохил. Ҳатто ба хотири расидан ба сулҳ даст ба анҷоми корҳое зад, ки берун аз салоҳияташ буд.
СУЛҲИ ҒАРМ
Радиои Озодӣ: Манзуратон ҳамон алоқаҳо ва таъсиргузориҳо ба воҳидҳои низомии мухолифин аст, ки дар ниҳоят ба созишномаи сулҳи Ғарм овард?
Зафар Икромов: Барқарор кардани алоқаҳои устувор бо воҳидҳои низомии ҳарду ҷониб. Созишномаи Ғарм нуқтаи ниҳоии он шуд.
Радиои Озодӣ: Мешавад таърихи ҳамин созишномаро қисса кунед? Раҳбарони мисле ки хабар надоштанд аз чунин як ибтикор?
Зафар Икромов: Не, хабар доштанд. Лекин мо дар бисёр ҳолатҳо мустақилона амал мекардем. Аз он тараф ҳамраиси Кумиссиюни оташбас аввал раҳматӣ Зафар Раҳмонов буд ва баъди кушта шудани ӯ - Ҷалолиддин Маҳмудов. Мо гуфтем, ки биёед, бародарон, сулҳу оштиро аз худамон сар кунем. Мо бо якдигар хеле наздик будем, шинухези зиёд доштем, дар ҳама пастиву баландӣ аъзои кумиссиюн аз ҳарду ҷониб бо
ҳам шарик будем. Моҳи феврал вақте музокироти Ашқобод ба далели ҳодисаҳои Тавилдара қатъ шуда буд, мо рафтем, дидем ки ҳайатҳои ду тараф пушти мизи расмӣ мешинанду гуфтугӯ мекунанд, вале берун аз толор ягон муносибат байни онҳо нест. Ман ба ҳарду тараф гуфтам, ки бародарон, агар шумо мехоҳед ба натиҷае бирасед, пушти дастурхон ҷамъ шаведу сӯҳбат кунед. Мо агар хусусиятҳои миллии худамонро рӯи мизи музокирот нагузорем, набояд ба умеди ягон халқи дигар шавем. СММ, албатта, барои мо бегона нест, таҳти раҳбарии он музокира дорем, лекин лаҷоми гуфтушунидҳо бояд дар дасти худи мо бошад.
Радиои Озодӣ: Аммо ҳамин муносибатҳои инсонӣ, ки мегӯед, дар дохили худи Кумиссиюни оташбас чӣ гуна буд? Чун шумо ду тарафи муқобили як ҷангро намояндагӣ мекардед?
Зафар Икромов: Мо ин корро дар дохили кумиссиюн карда будем. Мо тасмим гирифтем дар ҷаласаамон, ки мо бояд кӯшиш кунем, то барои кумиссиюне ки масоили сиёсиро ҳал мекунад, заминаҳои зиёдтаре дар дохил пайдо ва муҳайё кунем. Ман бо розигии президент Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев раҳбарии кумиссиюнро бар ӯҳда доштам. Тамоси он тараф бо раҳбаронашон камтар буд, чунки якеаш (Саид Абдуллоҳи Нурӣ) дар Афғонистон буду дувумӣ (Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода) – дар Теҳрон ва сеюмӣ (Муҳаммадшариф Ҳимматзода) – дар Покистон. Аз ин рӯ, онҳо натавонистанд розигии ҳамаи раҳбаронро бигиранд. Ҳарчанд аз ҷониби устод Нурӣ розигӣ ба фаъолияти кумиссиюн дар масъалаи гуфтушунидҳо дар дохил дода шуда буд.
Радиои Озодӣ: Мавқеи дигар раҳбарони мухолифин чӣ гуна буд? Масалан аз Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода?
Зафар Икромов: Тӯраҷонзода умуман хабар надошт ва розигӣ ҳам надод. Ва дар охир пофишориҳои зиёде ҳам кард оқои Тӯраҷонзода ки чаро бе ширкати ӯ ки раҳбари ҳайати мухолифин дар гуфтушунидҳо буд, дар дохил пинҳонӣ аз вай ҳукумати Тоҷикистон ва кумиссиюни оташбас бо қумандонҳои саҳроӣ идома дорад? Аз ҷумла мо тавонистем бо Мирзо Зиёев иртибот пайдо кунем. Бо Мирзохӯҷа Низомов ва Муҳаммадрӯзӣ
Искандаров мо алоқаҳои мустақим доштем. Рӯзи 6 феврали соли 1996, вақте барф аз қади одам баландтар буд, мо тавонистем 23 километр роҳро тай карда, дар Миёнаду бо Мирзо Зиёев ва гурӯҳҳои ӯ ва ҳам бо мардум мулоқот кунем. Вақте ин ҳамаро эълон кардем, аз ҷумла дар музокироти Ашқобод, мардум ҳайрон монд, ки мо чӣ гуна тавонистаем эътимоди байни ҷонибҳоро, бахусус дар сатҳи қумандонҳои саҳроӣ ин қадар зуд барқарор кунем? Гарчӣ мо заминаи инро на дар як рӯзу ду рӯз, балки дар давоми якуним соли кори кумиссиюн гузошта будем. Ва рӯзи 16 сентябр ҳамин сулҳи Ғарм, ки барои мардум чӣ аз нигоҳи равонӣ, чӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва чӣ аз нигоҳи ҳамдилӣ хеле муҳим буд. Вақте протокол имзо шуд, дар як лаҳза тамоми мардум бо либосҳои идона ба кӯча баромаданд мисли Наврӯз, ки дар Ғарм сулҳ омад гуфта. Фардояш мулоқоти Мирзохӯҷа Низомов бо президент шуд ва бо ҳамин мо заминаи боқувваттареро барои гуфтушуниди Хусдеҳ омода кардем. Дар Хусдеҳ ончӣ ки дар Ғарм ба даст омад, тақвият ёфт.
“ДИПЛОМАТИЯИ ҚУРУТОБ”
Радиои Озодӣ: Аммо эътимод байни аъзои кумиссиюни оташбас чӣ гуна ба вуҷуд омад?
Зафар Икромов: Аз онки ман муддати зиёд дар атрофи Душанбе кор мекардам, ман бисёри бачаҳои шаҳрро мешинохтам. Аз ҷумла раҳматии Зафар Раҳмон, ҳамраиси кумиссиюни оташбас аз ҷониби оппозисиюни тоҷикро падарашро мешинохтам. Вақте ки ман аз тарафи ҳукумат ҳамраис таъин шудам, аввалин коре ки кардам, ман ҳайати ҳукуматро, ки аз вазорати дохила ҳам буду аз амният ҳам, гирифта, ба хонаи Зафар Раҳмон рафтем, ки модараш бисёр як кадбону зӯр буд. Ҳатто падараш ҳам барои мо ҳофизӣ кард. Як қурутоби бисёр олӣ ҳам тайёр кардан барои мо. Баъдан чунин зиёфатро ман дар хонаи худам такрор кардам. Мо аз рӯзи аввал ҳамин хел ба хонаи якдигар рафтуомад доштем. Ман шахсан худам мегуфтам, ки эй бародарон, ман тоҷик ҳастам, ту ҳам тоҷикӣ, мо чизе барои тақсим кардан надорем байнамон. Фақат Ватани мост, ки агар онро ҳам тақсим кунем, мисли давраи Сомониёну баъди Сомониён мешавем ва мо ҳам дар тақсим кардани хоки Хуросони бузург гӯё ширкат мекунем. Мо байни худ аҳд карда будем, ки байни мо бояд ягон фарқ набошад, ки ман аз оппозисиюнум гуфта ваё ман аз ҳукуматам гуфта.
Сӯҳбати видеоии Зафар Икромов (сабти Умеди Назар):
Радиои Озодӣ: Бархӯрди атрофиён ба ин чӣ гуна буд? Чунки замона, қарори маълум, чандон замонаи хубе набуд...
Зафар Икромов: Вақте ба ҷои корам мерафтам, баъзеҳо буданд, ки нимшӯхӣ ё нимҷиддӣ ба ман мегуфтанд, ки “ҳа, намояндаи оппозисиюн?” Дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ҳам буданд чунин нафарон. Вақте ба он тараф мерафтем, ба намояндагони оппозисиюн айни гапро мезаданд, ки “ҳа, ҳукуматиҳо?” Ана ҳамин гуна мо то имрӯз бо ҳам рафтуомад дорем, аз аҳволи якдигар ҳамеша хабар мегирем.
МУАММОИ ТО БА ҲОЛ БЕҶАВОБИ ГУМ ШУДАНИ ҲОҶӢ МУЗАФФАР
Радиои Озодӣ: Як лаҳзаи бисёр сахти кори кумиссиюни оташбас ба таври мармуз ғайб задани ҳамраиси он Зафар Раҳмонов, маъруф ба Ҳоҷӣ Музаффар буд. Оё билохира таҳқиқ шуд, ки бо ӯ чӣ гузашт?
Зафар Икромов: Ин муаммо то ҳол беҷавоб боқӣ мондааст, гарчанде худи ман баъзе андешаҳо дорам дар ин бора. Вақте нафарони Мулло Абдулло Раҳимов, фармондеҳи мухолифин дар Нуробод, як корвони нирӯҳои марзбониро, ки ба Қалъаихум мавод мебурд, гирд карданд ва раҳбараш Ҷангихон Давлатовро, ки як паҳлавони номӣ ва ҳатто чемпиони СССР буд, ба қатл расонданд. Ба ақидаи ман, гум шудани Зафар Раҳмонов ба куштори Ҷангӣ-паҳлавон дар Сичароғ бастагӣ дошт.
Ин кори гурӯҳҳои муайяне буд, ки ё сулҳро намехостанд, ё қасос гирифтанӣ буданд. Намояндагон мухолифин дар меҳмонхонаи “Авасто” таҳти ҳимояти муҳофизон аз Кумитаи амният қарор доштанд. Вале ҳамон рӯз муҳофизон якбора гум шуданд ва таъқибот дар худи меҳмонхона шурӯъ шуд. Ман зуд хабардор шудам ва рафтам пеши вазири дохила Саидамир Зуҳуров. Ба Зуҳуров дар дафтари кориаш бисёр сӯҳбати шадид доштем. Ва фардояш аллакай муҳофизони намояндагони оппозисиюнро аз нав ҷобаҷо карданд, вале сарнавишти Зафар Раҳмонов дигар номаълум боқӣ монд. Аммо ман аниқ гуфта метавонам, ки ғайб задани ӯ бо куштори Ҷангихон Давлатов иртиботи қавӣ дорад.
Радиои Озодӣ: Он солҳо як давроне буд, ки вазъи Тоҷикистон аз қумандонҳояш сахт вобаста буд, ки субҳ бо дасти рост аз хоб мехезанд ё бо дасти чап. Шумо аксари фармондеҳони ҳарду ҷонибро мешинохтед. Кор кардан аз ҷониби кумиссиюни оташбас бо кадом онҳо осон буд ва бо кадомашон – мушкил?
Зафар Икромов: Барои ман кор кардан бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров (фармондеҳи мухолифин дар Тоҷикобод) кор кардан хеле осон буд, чунки ӯро аз даврони Шӯравӣ мешинохтам ва рафтуомад ҳам доштем. Бо Мирзохӯҷа Низомов (фармондеҳи мухолифин дар Ғарм) осон буд кор, чунки мо бо ӯ дар сафи милиса якҷоя кор кардаем. Ман падари ӯро
ҳам мешинохтам ва ҳатто дар намози ҷанозаи падараш ширкат доштам. Фармондеҳоне ки савод ва як маълумоти замонавӣ доштанд, бо чунинҳо ҳатто бо ирсоли як паём забон меёфтем. Аммо дар баробари ин, чӣ дар нирӯҳои ҳукуматӣ ва чӣ дар байни мухолифин фармондеҳоне буданд, ки на саводи касбӣ доштанд, на ягон ҷаҳонбинӣ. Бо ин гурӯҳ забон ёфтан хеле мушкил буд.Чандин бор моро гаравгон ҳам гирифтанд. Аз ҷумла чандин рӯз мо асири Баҳром, бародари Ризвон Содиров будем. Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон-Гитлер (фармондеҳи мухолифин дар Теппаи Самарқандӣ) Шаҳбозов ном муовини маро латукӯб кард. Хеле сахт буд кори оташбас.
ЧАРО ЗАФАР ИКРОМОВ ВАЗИР НАШУД?
Радиои Озодӣ: Соли 1996 шумо як номзади асосӣ ба мақоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон будед. Вале чӣ шуд, ки вазир нашудед?
Зафар Икромов: Ман ва натанҳо худам ҳеҷ гоҳ барои унвону мақом талош накардаем. Падари ман беш аз 50 сол дар низоми маориф кор кард, ҳазорон шогирди унвондор тарбия кард, вале худаш ҳатто “Аълочии маориф” набуд ва барои унвон ягон кӯшиш ҳам намекард. Ман ҳам аз рӯзи аввал барои ягон унвон, барои ягон вазифа ё ордену медал кӯшиш накардаам. Беҳтарин мукофоти амали ман сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳамин барои ман бас буд.
Радиои Озодӣ: Аммо шумо милиса касбиед ва фикр накунам, ки барои худатон таҳқиқ накарда бошед, ки сабаби задани номзадиатон дар соли 1996 чӣ буд?
Зафар Икромов: Агар дақиқ гап занам, баъзе ғаразҳо аз ҷониби ҳамкасбони худи ман буд. Ман инро дар рӯяшон ҳам гуфта будам. Вале ҳоло дигар ба гузашта салавот.
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, ки ҳам ҷанг ва ҳам сулҳи Тоҷикистон таҳмилӣ буд ва аз берун ба гардани мо бор шуда буд. Назари шумо чӣ аст ба ин арзёбиҳо?
Зафар Икромов: Мутаассифона, омилҳои асосӣ 75-80 дарсад аз дохил буданд. Ва касоне ки душманӣ доштанд, ба оташи ҷанги мо фақат ҳезум партофтанд. Ба таъбири Саъдӣ:
Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Ин унсурҳои беруна аз фурсат истифода бурданд барои мақсадҳои ғаразнокашон. Вале омилҳои асосӣ аз дохили худи мо бархостанд. Ба гуфтаи Носири Хисрав, аз мост ки бар мост...
Радиои Озодӣ: Пас дар сулҳи мо нақши асосӣ бо кӣ буд?
Зафар Икромов: Ба ақидаи ман, дар сулҳи мо низ ташаббуси асосӣ аз дохил буд. Ҳанӯз соли 1995 президент Эмомалӣ Раҳмон тавассути телевизион эълон кард, ки ман омода ҳастам ба хотири сулҳ ва ба хотири хотима додан ба ҷангу низои дохилӣ дар ҳар куҷое ки бошад, бо раҳбари оппозисиюни тоҷик мулоқот кунам. Ва ҳамин мулоқоти аввали ӯ бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ баъди 3 моҳи ин паём аз 18 то 20 майи соли 1995 дар Кобул доир шуд. Айни омодагӣ барои музокирот бо ҳукуматро аз ҷониби оппозисиюн устод Абдуллоҳи Нурӣ эълон дошт. Ҷонибҳои дигар – кишварҳои нозир ва СММ – ин ибтикорро фақат ҷонибдорӣ карданд. Онҳо ҳам кӯшиши зиёде ба харҷ доданд, то як шароити сулҳ фароҳам шавад. Чунки Тоҷикистон он вақт як шароити дуруст надошт, як ҳавопаймои дуруст надошт, як воситаи хуби алоқа надошт, ки тарафҳо базуҳур дар тамос шаванд. Мо аз СММ ва кишварҳои нозир барои кумакашон дар раванди сулҳ сипосгузорем, аммо асли ибтикор барои расидан ба сулҳ аз дохил буд, аз дохили худи тоҷикон бархоста буд.