Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Динӣ ё дунявӣ? Низоми давлатии Тоҷикистон чӣ гуна бошад?


Як тарафдори асли дунявии давлатдорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, агар Тоҷикистон аз роҳи дунявият намерафт, шояд “тамоми таҳу таҳхонаҳои кишварро муллою муллобачаҳои аз донишҳои илмӣ дуру танҳо бо донишҳои динӣ маҳдуд пур мекард.”

Дар матлабе бо номи “Дунявият – кафили амну осоиштагӣ”, ки “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – дар ин ҳафта нашр кардааст, аз асли дунявии низоми давлатии Тоҷикистон ҳимоят шуда, қишри рӯҳонӣ як қишри ҷаҳонбиниаш маҳдуд, пойбанд ба арзишҳои диниву аз арзишҳои миллӣ дур тасвир шудаанд.

Муаллиф, ки номзади илмҳои фалсафа Кароматуллоҳи Абдухалил муаррифӣ шудааст, аз “Тафсири илмию оммавии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” иқтибос меорад, ки давлати дунвиро чунин тафсир додааст: “Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз он ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Давлат дар он маврид ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ дахолат мекунад, ки агар ба ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, низом ва суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ хатар эҷод карда шавад.”

Баҳси диниву дунявӣ аз нигоҳи "Ҷумҳурият"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим

Мубориза бо муллоҳои навбаромад. "Ҳам фарз асту ҳам воҷиб"?

Муаллиф дар идома менависад, “воқеан ҳам, бояд камоли хушбахтӣ бошад, ки ...давлати мо танҳо дар он маврид ба озодиҳои “эътиқодӣ”-и шаҳрвандон дахолат менамояд, ки агар онҳо аз тарафи нерӯҳои беруна идора шаванду ба амнияти кишвар ва озодиҳои эътиқодии аксари мардум хатар эҷод гардад. Зеро аввалан, манофеи аксарият аз манофеи ақаллият тибқи аслҳои демократӣ авлотар аст, сониян, «эътиқодҳо»-е, ки навпайдою навэҷоданд, аз рӯи табиати худ аслан эътиқод ҳам нестанд, зеро пешвоёни пайравони чунин «эътиқодҳо» (манзури мо «эътиқод»-и пайравони равияю ҳаракатҳои навэъҷоди салафия, ҳизб-ут-таҳрир, сиёсисозони ислом ва амсоли онҳо мебошад) аслан бозингарони бозиҳои сиёсие мебошанд, ки дар сархати онҳо абарқудратҳо қарор дошта, «эътиқод»-и эшонро ҷуз ҷаҳолати эшону воситаи амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ чизи дигаре намепиндоранд.

Ба ақидаи Кароматуллоҳи Абдухалил, назорат ва таъқиби чунин равияҳо аз тарафи давлат “ҳам фарз асту ҳам воҷиб.” Ӯ дар идома муруре ба ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 90 мекунад ва менависад, ин ҷанги, ба гуфтаи ӯ, “таҳмилӣ” низ рангу бӯи ошкори мазҳабӣ дошт ва “қишре аз мардуми аз моҳияти дунявият бехабар талош варзиданд, то арзишҳои эътиқодии худро ба қишри боқимонда таҳмил намоянд.” Ба ақидаи ӯ, дар хомӯш кардани оташи ин ҷанги бародаркуш интихоби асли дунявият ба ҳайси меҳвари давлатдории тоҷикон нақши муҳим, балки ҳатто асосиро бозӣ кардааст.

Муаллифи “Ҷумҳурият” менависад, асли дунявият имкон дод, ки ҷомиаи Тоҷикистон аз таҷзия ба гурӯҳу равияҳои зиёди мазҳабӣ, парокандагию нифоқ ва даргириҳои хунини эътиқодӣ наҷот биёбад: “Ҷои шубҳае нест, ки рӯҳониёни кишвари мо ба сабаби ҷаҳонбинии маҳдуд ва фаҳмиши нокифояи қонунҳои рушди ҷомеа ва ҳамзамон пойбанди қатъии арзишҳои эътиқодию дур будан аз арзишҳои миллӣ дар фаъолияти хеш имконияти воқеии парокандагии миллату эҷоди даргириҳои хунинро ба хотири манофеи дунявии худ комилан нуҳуфта буданд. Маҳз ҳамин асли дунявият эшонро аз чунин вартаи ҳалокат наҷот дод… Яъне, бе асл қарор гирифтани дунявият имконияти эҳтимолие вуҷуд дошт, ки тамоми таҳу таҳхонаҳои кишварро муллою муллобачаҳои аз донишҳои илмӣ дуру танҳо бо донишҳои динӣ маҳдуд пур намоянд, ки ин дар навбати худ барои тавлиди гурӯҳҳои динии ифротӣ дар оянда заминаи калоне ба ҳисоб мерафт.”

Се назар дар Фейсбук

Дар баҳсе ки гирди ин мавзӯъ дар шабакаи Фейсбук идома дорад, Махмадрузи Шоев навиштааст, ки "мушкили ҷомиаи Тоҷикистон ва умуман ҷаҳони сеюм ин ифрот ва тафрит ҳаст дар ҳарду тараф - чӣ дунявиҳо ва чи диниҳо. Аз ин мақолаи бӯи ифротгароии дунявӣ меояд."

Ба ақидаи Ghayurov Shuhratullo низ, дар ин матлаб "на таҳлили илмӣ, балки марази динситезӣ ҳувайдост." Аммо Sun Taj навиштааст, гар дар ҳақиқат сиёсати давлат чунин бошад, яъне мардумро " ба сӯи таълими илмии олами моддиву маънавӣ" сафарбар намояд ва ҳаматарафа ёрӣ расонад, маблағҳои зиёдро барои рушди илму маориф сарф намояд. Ман шахсан 100% тарафдор."

Баъди Соли Имоми Аъзам...

Нашри матлаби “Дунявият – кафили амну осоиштагӣ” дар нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” – дар ҳолест, ки чанд сол ба ин сӯ дар ҷомиаи ин кишвар баҳси диният ва дунявият аз нав аланга мегирад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар поёни соли 1992 таҳти парчами мубориза алайҳи нирӯҳои исломгаро ба қудрат расид, асли дунявиятро дар Қонуни асосии соли 1994 ҷой кард ва бо вуҷуди баҳсҳои тӯлонӣ дар ҷараёни иҷрои созишномаи сулҳи соли 1997 ва исрори намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ин бандро дар Қонуни асосиаш ҳифз кардааст.

Баъди онки Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-умро соли Имоми Аъзам Абӯҳанифа, асосгузори равияи Ҳанафия, ки аксари аҳолии Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, эълон кард, дар маҳофил ба гунаи мӯҳтотона пешниҳодҳое ҳам матраҳ шуд, ки дигар давраи ҷангу ҷӯш гузашт ва Тоҷикистон бояд асли дунявиятро аз Қонуни асосиаш бардорад.

Соли Имоми Аъзам
Соли Имоми Аъзам

Мухолифони дунвият инро далел мекарданд, ки 97 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон аст ва аксаран дар як равияи Ҳанафия ва аз ин рӯ, дунявӣ эълон кардани низоми давлатӣ чандон ба салоҳи кор нест. Гузашта аз ин, раҳбарони Тоҷикистон, бо шумули Эмомалӣ Раҳмон дар Соли Имоми Аъзам аз нақши махсуси мазҳаби ҳанафӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон зиёд сӯҳбат мекарданд, ки муноқиз бо тафсири аз "дунявият" додаи худи онҳо буд, ки мегуфт: “Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё афзалиятнок ҳисобида намешавад."

Аммо тарафдорони асли дунявият ба зуҳури гурӯҳҳои навбанави тундрави мазҳабие, чун Ансоруллоҳу Ҷундуллоҳ, салафиҳо, ҳизби Таҳрир ва дар ин авохир – Давлати исломии Ироқу Шом, ки дар сафи нирӯҳояш то 200 нафар аз Тоҷикистон ҳам меҷангидаанд, мегӯянд, асли дунявият ҳамчунон барои ин кишвар лозим боқӣ мемонад. Тарафдорони дунявият ин интиқоди мухолифонро ҳам, ки давлати Тоҷикистон асли дунявиятро дар амал дастаке барои тавҷеҳи сиёсати динситезӣ кардааст, низ бо зарурати ҳифзи суботу оромии кишвар тавҷеҳ мекунанд.

Дар воқеъ, баъди гузаштани Соли Имоми Аъзам, як нармиши нисбие ки дар муносибати байни давлат ва рӯҳониён дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд, дубора бо ташдиди бештари сиёсати мақомот нисбат ба ин қишр иваз шуд. Қонуни дини Тоҷикистон, ки заминаро барои саркӯби бештари озодиҳои мазҳабӣ фароҳам овард, низ иттифоқан дар ҳамон соли 2009, яъне дар соли Имоми Аъзам таҳия ва тасвиб шуда буд.

Кароматуллоҳи Абдухалил, муаллифи “Ҷумҳурият” низ дар матлабаш навиштааст, ки танҳо дар зери парчами дунявият ҳам мусулмону номусулмон, ҳам худодору ҳам бехудо метавонанд зиндагии хешро пеш баранд.”

XS
SM
MD
LG