18-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ё Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои пеш то ҳадде бе сарусадо ва бидуни гаштугузори оммавӣ таҷлил шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ин дафъа танҳо бо мулоқоти донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва он ҳам як рӯз пеш аз ҷашни Ваҳдати миллӣ иктифо кард.
Чанд сол қабл ин сана пуршукӯҳ, бо ташкили барномаҳои консертӣ ва бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон ва гаштугузорҳои оммавӣ ҷашн гирифта мешуд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, як ҷониби сулҳи тоҷикон, низ мегӯяд, ин бор ҳеч барномаи ҷашниро рӯи даст нагирифтааст ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ки баъд аз интихоботи моҳи марти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон берун рафта буд, ба хотири таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Ватан барнагаштааст. Ҳарчанд дар сӯҳбатҳои пешнинаш ӯ гуфта буд, 27 июн дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, 27 июн дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба фишори афзоянда болои ҳизбу ҷонибдоронашон дигар ҷашни Ваҳдати миллӣ надоранд. “Солҳои пеш мо ҷашни Ваҳдатро бисёр ҷолибу хотирмон таҷлил мекардем. Аммо дар ин ҳолати ногуворе, ки ҳукумат бар сари мо овардааст, ягон чорабиние ташкил намекунем,” -- афзуд ӯ.
Ба иддаои оқои Ҳайит, ҷашни Ваҳдати миллӣ то соли 2010 пуршукӯҳ таҷлил шуда, қадр доштааст, “вале ҳоло дигар моҳияташро аз даст додааст”. 18 соли пеш дар ин рӯз Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин дар Маскав имзо шуд, ки ба ҷанги панҷсолаи тоҷикон хотима бахшид. Ин ҷанг ҷони 150 ҳазор танро рабуда, ба кишвар 10 миллиард доллар зиён овардааст.
Бо гузашти қариб ду даҳсола маънии дигар гирифтани ҷашни Ваҳдати миллиро таҳлилгарони тоҷик ҳам таъкид мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки дар ин муддат ҳукумат натавонистааст, “дасти дувум”-и сулҳро ҳифз кунад ва ҳоло фурсате расидааст, ки ҷонибҳо дубора сари мизи гуфтугӯ нишинанд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “ҳоло ҷониби дувуми сулҳи тоҷикон аслан ҳузур надорад. Ӯ афзуд, танҳо дар иҳотаи “худиҳо” ҷашн гирифтани ин рӯз мантиқ надорад, чун вақте мегӯем, сулҳ кардем, аммо бо кӣ? маълум нест. “Вақте ҳар рӯз дар рсаонаҳо дар мавриди фишор овардан, гурехтани як сиёсатмадор ва паси панҷара овардани сиёсатмадори дигар ва аз фирори мағзҳо мехонем, дар бораи кадом ваҳдат метавон ҳарф зад?” -- суоли дигар гузошт оқои Қодирӣ.
Дар зимн, тайи як ҳафтаи охир телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филмҳои ҳуҷҷатиеро аз замони даргириҳои дохилии Тоҷикистон ва корномаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш мегузоранд, ки чи гуна тавонистааст оташи ин ҷангро хомӯш созад. Мухолифон иддао мекунанд, ин филмҳо якҷониба таҳия шуда ва дар онҳо нақши Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон аслан сарфи назар шуда, баръакс, гоҳо мавриди танқид ва сиёҳкунӣ қарор гирифтааст.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик ва раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива плюс” намоиши ҳарсолаи ингуна филмҳоро кори нозарур мешуморад, ки ба қавли ӯ баръакс ба захмҳои то ҳанӯз дармоннаёфтаи сокинон намак мепошад. “Бояд баъд аз имзои созишномаи сулҳ танҳо ду ё се соли аввал ин санаро ҷашн мегирифтанду бас. Бештар кӯшиш мекарданд, дар ин бора камтар ҳарф зананд. Беҳтар ин буд, ки дар талоши иҷрои он ваъдаҳо ва мақсадҳои дар созишнома дарҷашуда мегардиданд,” -- гуфт Бобоназарова.
Ин ҳуқуқдони шинохта афзуд, дар бештари давлатҳое, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, низ будааст ва вазъи баръакси Тоҷикистонро мушоҳида кардааст: “Ҳамин як бор гуфтанду дигар аз паси рушди иқтисодиву фарҳангӣ ва ғайра шуданд. Ҳар сол ин рӯзро ҷашн ҳам намегиранд, чун дигар зарурат надорад.”
Бо ин ҳама, 27 июн дар Тоҷикистон рӯзи ид ва барои кормандон истироҳат эълон шудааст ва бинобар он ки имсол ин сана ба рӯзи шанбе рост омадааст, рӯзи 29 июн низ сокинони кишвар таътил хоҳанд кард.