25 соли равобити Тоҷикистону Амрико

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе.

Дар 25 соли равобити дипломатии Амрико ва Тоҷикистон, Вашингтон умдатан ба ин кишвар кумакҳои низомӣ ва башардӯстона ирсол карда, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ зиёд талош анҷом надодааст. Коршиносон далели ин амрро ба таҳти нуфузи сиёсии Русия қарор доштан ва дар тасмимгирӣ мустақил набудани Тоҷикистон марбут медонанд.

Шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва таҳти таблиғоти расонаҳои ин кишвар қарор доранд.
Музаффар Олимов

Пурсишҳои афкори умум ҳам дар Тоҷикистон ба нақши начандон баланди ин кишвар дар зеҳни аксар аъзои калонсоли ҷомеа ишора мекунанд. Дар як назарсанҷии соли 2015-и созмони Gallup, 93 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон аз Русия ва 61 дарсад аз Чин ба унвони қудрати лоиқи раҳбарии ҷаҳон пуштибонӣ кардаанд. Дар айни замон 54 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки мухолифи нақши раҳбарии Амрико бар ҷаҳон мебошанд.

Телевизионҳои Русия - сарчашмаи иттилоъ дар Тоҷикистон?

Аксар коршиносон чунин бардоштро натиҷаи тарғиботи матбуот, бахусус телевизионҳои Русия медонанд, ки дар солҳои охир дар пасманзари низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украинаву ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014 дастгоҳи таблиғоти зиддиамрикоиро шадидан фаъол кардааст. Музаффар Олимов, раиси Маркази таҳлилии "Шарқ" гуфт, "шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва таҳти таблиғоти расонаҳои ин кишвар қарор доранд. Ҳатто сарчашмаи иттилооти бештари сокинони Тоҷикистон низ телевизиони Русия аст. Сардии равобити Русия бо Амрико дар се соли охир ва таблиғоти густардаи расонаҳои Русия алайҳи Амрико дар зеҳни мардуми мо асар гузоштааст."

Музаффар Олимов

Русия дар пайи низои мусаллаҳонаи Украина мавриди маҳкумияти ҳукумати вақти Амрико ва Аврупо қарор гирифт. Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин амали Русияро ба таври ошкоро тарафдорӣ ё маҳкум накарданд, вале ба эътиқоди коршиносон, дар зеҳни давлатмардони ин кишварҳо ин иқдоми Кремлин наметавонад мавриди ташвиш набошад. Ба он хотир, ки ба гуфтаи онҳо, дар сурати мухолифат бо хатти машши Кремлин, аломати таҳдиди эҳтимолӣ ба тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ин кишварҳо ҳам вуҷуд дорад.

Амрико гуфтааст, истиқлоли кишварҳои ҳамкорашро арҷ мегузорад

Коршиносони ғарбӣ борҳо таъкид кардаанд, ки дар Ғарб Осиёи Марказиро суннатан ба унвони минтақаи таҳти нуфуз ва манфиати Русия арзёбӣ мекунанд ва дар ин кишварҳо низ ҳама робитаҳо бо Амрикоро бо назардошти мавқеи Маскав бо Вашингтон бунёд кардаанд. Як коршиноси тоҷик гуфт, агар Русия бо Амрико хуб бошад, кишварҳои шарики Маскав ҳам ҷасурона бо Вашингтон ҳамкорӣ мекунанд ва агар ин равобит сард ва мисли ҳоло ба ҷанги лафзӣ печида бошад, кишварҳои Шӯравии собиқ низ худро аз ин даъвоҳо канор мекашанд ва аз эҳтиёт кор мегиранд.

Ҷон Керрӣ

Амрико ҳамеша гуфтааст, ки истиқлоли кишварҳои ҳамкорашро арҷ мегузорад ва тарафдори ҳамкориҳои бисёрҷонибаи онҳо, аз ҷумла бо Русия мебошад. Ба ин нукта котиби давлатии ҳукумати Барак Обама – Ҷон Керрӣ ҳам дар яке аз мулоқоташ бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби музокироти кишварҳои гурӯҳи С5+1 ҳам таъкид карда буд.

"Узбакистон аз имконият хуб истифода кард, Тоҷикистон - не"

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, мегӯяд, ки таҳти нуфузи доимии Русия қарор доштан ва дар тасмимгирӣ мустақил набудани давлати Тоҷикистон ба равобити ин кишвар бо Ғарб, аз ҷумла, Амрико асар гузоштааст. Ба гуфтаи вай, маҳз ҳамин вобастагӣ ба Тоҷикистон имкон надод, ки дар замони амалиёти Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терроризм дар Афғонистон ба раҳбарии Амрико дар соли 2001 шарики стратегии Амрико шавад.

Абдумалик Қодиров

"Зеро як чашмаш ба сӯи Русия буду бидуни иҷозаи ӯ амал намекард. Замоне ки Русия дар мавриди пуштибонӣ аз ин амалиёти Эътилоф тасмим гирифт, фурсат аз даст рафта буд. Узбакистон аз ин имкон хуб истифода кард. Тоҷикистон шанси шарикии стратегӣ шудан бо Амрикоро аз даст дод", - гуфт ӯ.

Чоряк асри ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико

Дар муддати ин чоряк асри ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҳамкорони бурунмарзиаш ба ҷуз аз Амрико ҳеҷ як аз шарикони муҳими иқтисодиву сиёсии дигараш – Чину Русия боре ҳам аз вазъи ҳуқуқи башар ва рукуди нишондодҳои демократӣ интиқод накардааст. Далелаш ин аст, ки барои ин кишварҳо ҳам ин арзишҳо дар мадди аввали сиёсати давлат қарор надоранд. Вале солҳои охир, ба интиқоди мухолифон, маъмурияти ИМА ҳам бо баҳонаи ҳамкорӣ алайҳи терроризми байналмилалӣ ба вуҷуди мушкилот дар нишондодҳои демократии Тоҷикистон зиёд таъкид намекунад.

Нуралӣ Давлат

Ин мавзӯъ солҳои охир бештар мавриди ташвиши созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аст, на Ғарб. Коршиноси мустақил Нуралӣ Давлат мегӯяд, "ба фикри ман, дар солҳои ахир таваҷҷӯҳи Амрико нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар буд. Изҳороти сафоратҳои Амрико ё Вазорати умури хориҷии онки дар бораи нақзи ҳуқуқи башар ё озодии баён пахш мешуд, таъсири чандоне надошт. Таваҷҷӯҳи Амрико ба ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо нигаронда шуда буд, на бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ё ҳимоят аз демократияе, ки Амрико дар тӯли даҳсолаҳо аз он бо ифтихор сухан меронад."

Ҳамкорӣ дар бахши низомӣ

Ҳамкориҳои ИМА бо давлати Тоҷикистон умдатан дар бахшҳои низомиву амниятӣ ва ёриҳои башарӣ сурат гирифтааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст.

Элизабет Миллард

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд. Музокироти вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи С5+1 бо ширкати дипломатҳои баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико ҳам дар масъалаи мубориза бо терроризм ва паёмадҳои гармоиши иқлим тамаркуз кардааст.

Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor, мақараш дар Вашингтон анҷом додааст, гуфта мешавад, дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кумакҳои низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин – Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил ҳастанд.

Миллард: Агар ба таърихи равобит нигоҳ кунем...

Равобити Тоҷикистон бо Амрико дар ҳашт соли раҳбарии Барак Обама ҳам дар соҳаи низомӣ боризтар буд. Тоҷикистон бо марзи 1300-километрӣ бо Афғонистон, кишварест, ки дар хатти аввали таҳдидҳои амниятӣ қарор дорад ва Амрико низ талош кардааст дар ҳамин самт ба Тоҷикистон кумак кунад. Гузашта аз ин, Амрико дар Афғонистон нерӯи низомӣ дорад, ки ба манфиати амнияти марзҳои Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ҳамин шуд, ки аз рӯи буҷаи соли 2017-и ИМА ба Тоҷикистон ихтисоси 41,6 миллион доллар кумаки молиро пешбинӣ кард. Соли 2015 ин кумакҳо аз 28 миллиону 941 ҳазор доллар иборат буд.

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, бо ситоиш аз мизони ҳамкориҳо ин ду кишвар дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 феврал гуфт, "агар ба таърихи равобити Амрико бо Тоҷикистон назар андозем, мо дар солҳои 1990, замони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд маводи озуқа фиристодем, дар барқарорсозии зерсохтори харобгашта кумак кардем. Имрӯз бахши ҳамкориҳои мо васеъ шуда, ба соҳаҳои кишоварзӣ, институтҳои демократӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем."

Тарҳҳои ба чашми аксар нонамоён

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ёриҳои Амрико асосан дар татбиқи тарҳҳои ба чашми аксар нонамоён, ба мисли сохтани бемористону мактабҳо, таъмини нирӯҳои марзбониву интизомӣ бо васоили муосир, тармими роҳҳову шабакаҳои обрасонӣ ва амсоли ин сарф мешаванд ва Вашингтон дар Тоҷикистон то ҳол як тарҳи бузурге надорад, ки ҳамчун муҷассамаи ҳамкориҳои ду кишвар ҷилва кунад. Чуноне ки Русия ва Эрон бо бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва Чин дар иҷрои тарҳҳои роҳу нақбҳои ҳамчунин нақшро иҷро кардаанд.

Имсол аз истиқрори равобити дипломатии Амрико бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ 25 сол мегузарад. Амрико аз нахустин кишварҳои дунё буд, ки истиқлоли ин кишвари собиқи шӯравиро эътироф кард ва дар ҳамаи 5 пойтахти ин минтақа сафорат кушод. Дар 25 соли гузашта Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудудан 1 миллиард доллар ёрӣ расондааст. Барои як кишваре, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш дар як сол ҳамагӣ 8 миллиард долларро ташкил медиҳад, ин маблағи кам нест.

Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз низ дарёфт кардааст.