Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баъд аз як сол созишнома бо Туркманистонро тасвиб кард, ки зоҳиран сабаби мушкилот дар интиқоли молу колои Тоҷикистон буд.
Созишномаи дуҷониба дар бораи меъёрҳои ситонидани молиёти ғайримустақим ҳангоми содироту воридот ва иҷрои кору хадамотро моҳи гузашта вакилони мардумӣ баррасӣ карданд ва онро рӯзи 10-уми ноябр раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров ба имзо расонидааст.
Вазорати молия, ки тарҳи санадро барои тасвиб пешниҳод кард, мегӯяд, ҳадаф аз иҷрои созишнома “бартараф кардани андозбандии дукарата аз фаъолияти соҳибкорони ду кишвар аст”, ки ин дар навбати худ ба афзоиши савдо миёни Тоҷикистону Туркманистон мусоидат мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дармондани мошинҳои борбари Тоҷикистон дар марзи ТуркманистонБино ба омори расмӣ, гардиши савдои хориҷӣ байни ду тараф бештар аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Тоҷикистон дар он сол ба Туркманистон дар ҳаҷми 1 миллиону 500 ҳазор доллар молу маҳсулот содир карда ва дар ин муддат дар ҳаҷми тақрибан 49 миллион доллар мол ворид кардааст. Дар 8 моҳи гузашта ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар аз 37 миллион доллар гузаштааст.
Созишнома бо Туркманистон ду моҳ баъд аз он тасвиб шуд, ки Ашхобод аз моҳи август ба мошинҳои борбар ва қаторҳое, ки ба Тоҷикистон мол меоварданд, иҷоза надод, аз қаламраваш убур кунанд.
Садҳо мошину қатор, ки аз Туркияву Эрон ба Тоҷикистон мол меоварданд, дар марзи Эрон дармонданд ва соҳибкорони тоҷик зиёни бисёре диданд. Аз ҷумла қаторҳои ашёи хоми корхонаи “Талко”- ро низ ба Тоҷикистон роҳ надоданд ва дар натиҷа чанде аз дегҳои алюмингудозии корхона аз кор монд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Туркманистон ба қаторҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон иҷозаи убур додБаъди тақрибан як моҳ Туркманистон дигарбора роҳҳояшро барои мошинҳои борбар ва қаторҳои Тоҷикистон боз кард. Яке аз сабабҳои роҳ надоданро озурдагии раҳбарияти Туркманистон аз таъхир дар тасвиби созишнома медонанд, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Душанбе имзо шуд ва дар Туркманистон онро баъди муддате тасвиб карданд.