Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба қаторҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон иҷозаи убур дод


Туркманистон иҷоза додааст, ки қаторҳои бандмондаи Тоҷикистон аз марзи он кишвар убур кунанд. Аммо ҳаракати нақлиёти боркаше, ки ба Тоҷикистон маҳсулот меоранд ҳамчунон манъ аст.

Як манбаъ дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наздики 150 қатори ин ниҳод дирӯз иҷоза пайдо карданд, ки марзи Туркманистонро убур кунанд.

Ба қавли манбаъ, мақомоти роҳи оҳани Туркманистон бо ирсоли як мактуб ба ҳамтоёни тоҷики худ гуфтаанд, ҳаракати қаторҳоро бо сабаби мушкили дохилии худ манъ кардаанд.

“Вақте қатораҳо қариб се рӯз иҷозаи убур дарёфт накарданд, мо ба мақомоти Туркманистон тамос гирифтем, ки мушкил чӣ аст. Онҳо нахуст чизе нагуфтанд, аммо дирӯз як мактуб фиристоданд, ки мушкил ҳал шудааст ва ба қатораҳои Тоҷикистон иҷозаи убур додаанд,” - афзуд манбаъ.

Ҳамсуҳбати мо дар идораи Роҳи Оҳан ҳамчунин гуфт, қаторҳои бандмонда аз Аврупо ба Тоҷикистон маҳсулот меоварданд.

Туркманистон дар ҳоле ба ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки беш аз як ҳафтаи ахир даҳҳо нақлиёти боркаши тоҷирони тоҷик дар марзи ин кишвар дармондаанд.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир даҳҳо мошини ронандаҳои тоҷик дар гузаргоҳҳои марзии Эрону Туркманистон ва Узбекистону Туркманистон дармондаанд. Ин вазорат бо назардошти ин ки Ишқобод дар ин масъала хомӯширо ихтиёр кардааст, аз ронандагон тақозо намуд, аз қаламрави Озарбойҷону Қазоқистон истифода кунанд.

Вазорат рӯзи 4-уми сентябр дар як изҳороти расмӣ гуфт, "ин роҳ дар муқоиса ба роҳи Туркманистон-Узбекистон-Тоҷикистон тӯлонитар аст, вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст."

Гуруҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз як ҳафта аст, ки дар марзи Туркманистону Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ аст. Яке аз онҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар назди ин гузаргоҳ тақрибан 100 мошине мунтазири вуруд ба қаламрави Туркманистон ва сипас роҳ гирифтан ба самти Тоҷикистон ҳастанд.

Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар равобиташон мушкилот аҳёнан пеш омадааст. То кунун байни ду кишвар бештар аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале тиҷораташон ночиз аст. Соли 2017 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон камтар аз 40 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG