Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҳалли мушкили ронандагони бандмондаи тоҷик дар гузаргоҳҳои Эрону Туркманистон тавассути Вазорати умури хориҷии кишвар ба Ишқобод номаи расмӣ фиристодааст.
Як мақоми аршади Вазорати нақлиёт рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати онҳо оғози ҳафтаи равон ирсол шуд. Ӯ гуфт, дар ин нома аз Туркманистон хостаанд, ки масъаларо мусбат ҳал кунад.
Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар равобиташон мушкилот аҳёнан пеш омадааст.
"Ягона чора ҳамин аст"
Аммо тавре манбаъ мегӯяд, ҳанӯз ҷониби Туркманистон вобаста ба вазъи пешомада изҳори назар накарда ва ба номаи онҳо низ посух надодааст.
Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир даҳҳо мошини ронандаҳои тоҷик дар гузаргоҳҳои марзии Эрону Туркманистон ва Узбекистону Туркманистон дармондаанд. Ин вазорат бо назардошти инки Ишқобод дар ин масъала хомӯширо ихтиёр кардааст, аз ронандагон тақозо намуд, аз қаламрави Озарбойҷону Қазоқистон истифода кунанд.
Вазорат рӯзи 4-уми сентябр дар як изҳороти расмӣ гуфт, "ин роҳ дар муқоиса ба роҳи Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон тӯлонитар аст, вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст."
Чаро мошинҳоро намемонанд?
Гуруҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз як ҳафта аст, ки дар марзи Туркманистону Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ аст. Яке аз онҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар назди ин гузаргоҳ тақрибан 100 мошине мунтазири вуруд ба қаламрави Туркманистон ва сипас роҳ гирифтан ба самти Тоҷикистон ҳастанд.
"Мусофирбарҳои нав ҳам банд мондаанд"
Ронандаи дигари тоҷик гуфт, марзбонони Туркманистон фақат ба мошинҳое иҷозаи убур намедиҳанд, ки моли воридотӣ барои Тоҷикистон доранд. Ба қавли ӯ, “мошинҳое, ки барои Узбекистону Қирғизистон ва дигар ҷойҳо бор мебаранд, бе мамониат мегузаранд, фақат мошинҳои боркаши самти Тоҷикистонро роҳ намедиҳанд.”
Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мошинҳои боркаши Эрону Туркия низ айни аҳволро доранд ва мунтазиранд, ки ба онҳо иҷозаи убур диҳанд, то молу маҳсулоти воридотиро ба Тоҷикистон баранд. “Ҳатто автобусҳои нави мусофирбарро, ки Тоҷикистон аз Туркия харидааст, дар гузаргоҳи марзии Сарахс (марзи Эрону Туркманистон) намондаанд. Автобусҳо ҳам дар марз истодаанд”, - гуфт як ронандаи тоҷик дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ.
Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар равобиташон мушкилот аҳёнан пеш омадааст. То кунун байни ду кишвар бештар аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале тиҷораташон ночиз аст. Соли 2017 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон камтар аз 40 миллион долларро ташкил додааст.