Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба Тоҷикистон беш аз 300 "намоянда" мефиристад


Дар ҳоле, ки тайи моҳҳои охир хабарҳои зиёд аз пеш омадани мушкил дар муносибати Тоҷикистону Туркманистон нашр мешавад, мақомоти Вазорати фарҳанг аз як сафари калони аҳли ҳунару фарҳанги ин кишвар ба Душанбе хабар дод.

Қарор аст, рӯзҳои 14 ва 15-уми октябр дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор шавад. Барои иштирок дар барномаҳои ҳунарӣ ба Тоҷикистон беш аз 300 намояндаи фарҳангу ҳунари Туркманистон хоҳанд омад.

Туркманҳо дар Ҷилликӯл ду консерт медиҳанд

Ба гуфтаи вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Душанбе ба ташкили ин барномаи ҳунарӣ омода аст ва дар чаҳорчӯби ин барнома қарор аст ду консерти калон баргузор шавад. Бахше аз барномаҳои ҳунарӣ дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) мегузарад, ки макони зисти ҳудудан 30 ҳазор туркмани Тоҷикистон ба шумор меравад.

Туркманистон дар соҳаҳои зиёд, аз ҷумла энержӣ, роҳҳо, табодули молу коло ва бахшҳои дигар бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва миёни ду кишвар беш аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Бар асоси созишномаҳои байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар ҳар ду сол рӯзҳои фарҳанги кишварҳои узв дар қаламрави якдигар баргузор мешавад ва рӯзҳои фарҳангии Туркманистон бахше аз онҳост. Дар бораи ташкили рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон як соли пеш дар ҷараёни боздиди расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2017 хабар дода буданд.

300 меҳмон ба ҷои 150 нафар?

Як манбаъ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари омадани шумори зиёди меҳмонҳо "моро ҳайратзада кард". Ӯ гуфт, маъмулан дар барномаҳои марбут ба рӯзҳои фарҳангии як кишвар аз 80 то 150 нафар иштирок мекунад, вале ҷониби Туркманистон хабар додааст, ки ҳайате иборат аз 300 нафарро ба Душанбе мефиристад.

"Агар ҷониби Тоҷикистон ба онҳо дар заминаи шумори зиёди ҳунармандони ширкатдори барномаи рӯзҳои фарҳангӣ изҳори норизоият кунад, ин ҳолат ба муносибатҳои бе ин ҳам печидаи ду кишвар мушкили бештар зам мекунад. Дар натиҷа тасмим ин шуд, ки ба ин пешниҳод розӣ шаванд ва омодагиҳо шурӯъ шудааст",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Шамсиддин Орумбекзода.
Шамсиддин Орумбекзода.

Туркманистон бори охир тобистони соли 2014 рӯзҳои фарҳангии худро бо иштироки 60 нафар аз ҳунармандони туркман дар Тоҷикистон баргузор карда буд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми октябр гуфт, Тоҷикистон ба пешвози меҳмонон омода аст, чун "ҳадафи асосӣ таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши равобити фарҳангӣ миёни кишварҳо аст".

Мушкили пешомада дар равобит бо Туркманистон

Туркманистон дар соҳаҳои зиёд, аз ҷумла энержӣ, роҳҳо, табодули молу коло ва бахшҳои дигар бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва миёни ду кишвар беш аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд моҳ қабл бо як сафари корӣ аз Туркманистон дидан кард ва дар ҷараёни ин сафар чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Вале дар ду моҳи охир хабарҳои зиёд аз вуҷуди мушкиле дар ҳамкориҳои ду кишвар нашр шуд. Моҳи сентябр даҳҳо мошини борбар, ки ба Тоҷикистон меомаданд, дар марзи Туркманистон дармонданд ва танҳо баъди як моҳ имкони берун рафтан аз ин қаламравро пайдо карданд.

Бархе манобеъ гуфтанд, ки эҳтимол ин кор бо машварати Эрон сурат мегирад, ки Тоҷикистон бо он се соли охир робитаҳои сарду мушкили сиёсӣ дорад. Вале мақомоти зидахли Эрон гуфтанд, ки дар қазияи банд мондани борҳои Тоҷикистон даст надоранд.

"Фарҳанг роҳкушоӣ ҳамаи мушкилиҳост"

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили миёни ду кишварро мақомот бояд ҳал кунанд, вале сафари аҳли фарҳанги Туркманистон ва нишасту бархости онҳо бо ҳампешагони худ дар Душанбе ба бовари ӯ, метавонад қадами муҳиме дар барқарории муносибатҳои хуби ду тараф шавад.

"Фарҳанг роҳкушои ҳамаи мушкилиҳо ва кӯшишҳои нав дар роҳи беҳтар намудани муносибат миёни Тоҷикистон ва Туркманистон хоҳад буд", - хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG