Мавсил. Артиш бинои ҳукумат ва додгоҳи "Давлати исломӣ"-ро бозпас гирифт

Нерӯҳои вижаи артиши Ироқ муваффақ шудаанд, ки бинои ҳукумати вилояти Найнаво дар шаҳри Мавсилро ба даст гиранд. Ҷангҳо миёни артиши Ироқ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ин шаҳр идома дорад.

Дар пайи амалиёти ҳавоии нирӯҳои амрикоӣ дар Мавсил соли гузашта панҷ пули болои дарё нобуд шуд ва ҷангҷӯёнро дар инзиво қарор дод.

Нирӯҳои амниятии Ироқ гуфтанд, инчунин, дафтари намояндагии Бонки марказӣ дар Мавсил ва як қароргоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро, ки аз тарафи онҳо ҳамчун додгоҳ истифода мешуд, зери назорати худ даровардаанд. Ин додгоҳ бо ҳукмҳои сангину бераҳмонааш, аз ҷумла, сангандозӣ, партофтан аз болои бом ва ё буридани дасти маҳкумшуда маъруф буд.

Сухангӯи артиши Ироқ полковник Абдуламир Ал-Муҳаммадавӣ рӯзи 7 март гуфт, ки ин ду сохтмон дар хиёбони марбут ба идораҳои давлатӣ ҷойгир буд ва шаби 6 ба 7 март дар як амалиёти вижа ба дасти нирӯҳои ҳукуматӣ гузашт.

Ин амалиёт тахминан як соат идома кардааст. Дар ҷараёни амалиёт ҳудуди 10 ҷангҷӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” кушта шудаанд. Ба иттилои Муҳаммадавӣ, осорхонаи марказии Мавсил, ки маҳалли аксу филмсозии ҷангҷӯён буд ва ашёи қадимааш ҳадафи ғорати онҳо қарор гирифт, низ дубора ба дасти нирӯҳои давлатӣ гузашт.

Чунин пешрафт дар амалиёт ба нирӯҳои давлатии Ироқ имкон медиҳад, ки амалиёти зидди ҷангҷӯёнро дар қисмати қадимии шаҳр ҳам пеш баранд. Шаҳри қадимии Ироқ дар каронаҳои ғарбии рӯдхонаи Тикрит ҷойгир аст. Ғарби Мавсил, ки амалиёти амниятӣ онҷо ҳанӯз моҳи гузашта шурӯъ шуда буд, маҳалли зисти тахминан 750 ҳазор нафар аст. Низомиёни ироқӣ гуфтанд, ки нирӯҳои онҳо ҳоло қисмати ғарбии пули дуюми болои Тикритро назорат мекунанд.

Дар пайи амалиёти ҳавоии нирӯҳои амрикоӣ дар Мавсил соли гузашта панҷ пули болои дарё нобуд шуд ва ҷангҷӯёнро дар инзиво қарор дод. Нирӯҳои ироқӣ, ки аз ҷониби эътилофи ба раҳбарии ИМА пуштибонӣ мешаванд, қисмати шарқии шаҳрро баъди 100 рӯзи амалиёт, дар моҳи январ, ба даст оварда буданд.

Мавсил - маркази вилояти Найнаво ва аз муҳимтарин шаҳрҳои Ироқ соли 2014, дар авҷи пешравиҳои гурӯҳи тундрави давлати ислмоӣ ба тасарруфи ин гурӯҳ даромад. Раҳбари ин гурӯҳ Абубакр Ал-Бағдодӣ дар масҷиди ҷомеи "Ан-Нурӣ"-и ҳамин шаҳр худро халифа эълон кард.