Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 162 силоҳи навро дар Сурия озмоиш кард


Русия - Озмоиши туфанги ҳамлаи зериобӣ.
Русия - Озмоиши туфанги ҳамлаи зериобӣ.

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз маъракаи низомии Маскав дар Сурия изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки ин барои озмоиши силоҳҳои нав ва нерӯҳои вежа фурсати хубе буд. Шойгу рӯзи 22 феврал ҳангоми суханронӣ дар палатаи поёнии порлумони Русия гуфт, ки 162 навъи силоҳ ва маҷмааҳои ҷадиди Русия озмуда шуданд ва танҳо 10 навъи силоҳ “интизоротро бароварда насохт”.

Вазири дифои Русия ба қонунгузорон гуфт, ки аз замони оғози маърака моҳи сентябри соли 2015 бо ҳадафи кӯмак ба ҳукумати Башор Асад 1,760 парвози ҷангӣ дар Сурия анҷом шуд. Ӯ гуфт, ки “90 дар сади пилотҳои низомии Русия дар Сурия таҷрибаи ҷангӣ андӯхтанд».

Теъдоди нерӯҳои Русия дар Сурия ҳеҷ гоҳ расман эълон нашуд. Аммо коршиносон шумораи онҳоро 4 ҳазор нафар ҳисоб мекунанд.

Ҳукуматҳои ғарбӣ Русияро дар заминаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия танқид карда гуфтанд, ки русҳо назар ба гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ”, бештар мухолифони мусаллаҳи Башор Асадро ҳадаф қарор доданд ва ба хисороти ҷонии мардуми осоишта сабаб шуданд.

Дар тӯли ҷанги шашсола, ки 300 ҳазор нафарро кушта ва теъдоди бештар аз инро рӯ ба гурез овард, Русия ҳукумати Башор Асадро аз кӯмаки низомиву диплматии муҳим бархурдор кард.

Ҳамлаҳои ҳавоии Русия мадду ҷазри низоъро ба фоидаи Асад, ки артишаш пеш аз он пушти сари ҳам қаламравҳоро аз даст медод, тағйир дод. Сергей Шойгу ҳамчунин аз рисолати киштии ҳавопаймобари “Адмирал Кузнетсов” дар қисмати шарқии баҳри Миёназамин ситоиш кард ва гуфт, ки сарфи назар аз суқути ду ҳавопаймои ҷангӣ амалиёт бобарор буд. Шойгу гуфт, ки ин таҷриба аз иштибоҳҳо дар оянда ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Киштии "Адмирал Кузнетсов"
Киштии "Адмирал Кузнетсов"

Вазири дифоъ гуфт, ки нерӯҳои вежаи Русия дар ин низоъ “тавонмандии чашмгир” нишон дода, дар маҳви террористҳо ва тахриби пойгоҳҳои душман нақши калидӣ бозиданд. Теъдоди нерӯҳои Русия дар Сурия ҳеҷ гоҳ расман эълон нашуд. Аммо коршиносон шумораи онҳоро 4 ҳазор нафар ҳисоб мекунанд.

Шойгу мавзӯи хисороти ҷонии нерӯҳои Русия дар Сурияро, ки аз замони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон бузургтарин амалиёти Русия дар хориҷи кишвар арзёбӣ мешавад, баррасӣ накард. Ӯ ба суоли қонунгузорон дар робита ба таъсиси “нерӯҳои амалиёти иттилоотӣ” ва муқовимат бо таблиғот гуфт, ки ин нерӯҳо таъсис ёфтааст.

Маъракаи ҳарбии Маскав дар Сурия, ки Иёлоти Муттаҳида дар он кишвар мавқеъҳои ДИИШ-ро ҳадаф қарор додааст, ташаннуҷро дар байни Русия ва Ғарб, ки бе ин ҳам баъди ишғоли Қрим буруз карда буд, афзунтар кард.

Ҳукуматҳои Ғарбӣ мегӯянд, ки Русия барои дахолат ба сиёсат ва афзоиши нуфуз дар хориҷ аз таблиғот, ҳамлаҳои ҳакерӣ ва усулҳои дигар кор мегирад.

Хадамоти истихбороти Иёлоти Муттаҳида моҳи январ натиҷаи бозҷӯиҳои худро эълон кард ва гуфт, ки Русия бо истифода аз рахнагарӣ ва ифшои маълумоти маҳрамона ба интихоботи моҳи ноябри Амрико дахолат кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG