Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулл: "Интернет таҳдиди ҷиддист" ВИДЕО


Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд дар соли гузашта мавориди ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафҳои гурӯҳҳои террористию ифротӣ нисбат ба солҳои қаблӣ 5 баробар коҳиш ёфтааст, ҳанӯз бархе аз манотиқи ин кишвар дар баробари хатарҳои терроризму ифротгароӣ осебпазир боқӣ мондаанд. Вай сомонаҳои интернетӣ ва наворҳои видеоии мӯҳтавои ифротидоштаро аз таҳдидҳое ба амнияти кишвар арзёбӣ кард.

Додситони кулл: "Интернет таҳдиди ҷиддист"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки рӯзи 16 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар бораи риояти дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишвар дар соли 2016-ро гузориш медод, гуфт, ҳанӯз терроризм ва ифротгароӣ ба амнияти давлат ва ҳаёти ҷомеа таҳдид эҷод мекунад.

Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи андешидани чораҳои лозимӣ “шиддати шомилшавии ҷавонони кишвар ба ташкилотҳои террористӣ паст гардида, дар соли 2016 иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ панҷ маротиба кам гардид”.

​Додситони кулл шабакаи интернет ва сомонаҳои характери ифротӣ доштаро аз таҳдидҳои ҷиддӣ барои раҳгум сохтани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба созмонҳои террористию ифротгаро хонд. Вай гуфт: “Баҳри пешгирииистифодаи интернет ба мақсадҳои террористию экстремистӣ ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон 2030 вебсайти интернетӣ, 9400 профилҳо (саҳифаҳои интернетӣ) ва 4200 видеороликҳои хусусияти ифротидошта ошкор ва блокбандӣ карда шуданд”.

Қаноатшоҳ Лоиқзода, як узви Маҷлиси Миллӣ низ зимни баррасии ин масъала аз зиёд шудани сайтҳои экстремистӣ ва таблиғи онҳо барои ҷалби ҷавонон ба созмонҳи тундрав нигаронӣ кард. Ба гуфтаи вай, танҳо дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 71 нафар ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шудаанд, ки 64 нафари онҳо мардҳо ва 7 нафарашон занҳо ҳастанд ва 14 нафари онҳо қасди шомил шудан ба ДИИШ-ро доштаанд. Вай афзуд, соли гузашта 8 сокини ноҳияи Бохтар ба ҳангоми сафар ба Сурия ва Ироқ дар ҳудуди Туркия ва Русия боздошт шудаанд ва 6 нафари дигар дар ҳудуди Тоҷикистон дастгир ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон.

Ба эътиқоди Қаноатшоҳ Лоиқзода, бештари сокинони Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интернетӣ гумроҳ шуда, бо пул ва таблиғи бегонагон ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Вай гуфт: “Ба мақсад мувофиқ аст, ки нисбат ба шабакаҳои интернетӣ, бахусус, сомонаҳои дорои маводи террористию экстремистӣ, ки бо ҳамлаҳои пайвастаи итилоотӣ ба тафаккур ва ҷаҳонбинии мардум таъсири манфӣ мерасонад, назорати прокурорӣ тақвият дода шавад”.

Дар гузашта низ масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон шабакаҳои интернет ва сомонаҳои гурӯҳҳои ифротиро аз омилҳои таъсиррасон ва фаъол дар ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафҳои созмонҳои террористӣ ва ифротӣ арзёбӣ карда буданд. Мадризо Халифаев, як масъули ин ниҳод дар ҳамоиши байналмилалии “Роҳҳои ҳалли тундгароӣ - назари Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли гузашта гуфта буд, ки 90 дарсади шаҳрвандони тоҷике, ки дар сафи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, аз тариқи интернет ҷалб шудаанд.

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия.
Ҷангиёни тоҷик дар Сурия.

Додситони кулли кишвар дар гузориши худ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки соли гузашта дар Кодекси ҷиноятии кишвар бандҳои муҷозот барои хиёнат ба ватан ва тафтишу муҳокимаи ғоибонаи ҷинояткорон ворид шуд. Ҳамчунин, дар кишвар "Стратегияи мубориза бо терроризм барои солҳои 2016-2020" таҳия ва дар моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи президенти имзо шуд, ки роҳро барои мубориза бо терроризм ва сабабу омилҳои афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар боз мекунад.

Мақомоти тоҷик пайвастани шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамзамон барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ ваъда кардаанд, вале зоҳиран шумори баргаштаҳо зиёд нест. Мақомоти тоҷик то ба ҳол шумораи шаҳрвандони кишварро, ки ба сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 1100 нафар гуфтаанд.

Зимнан, иҷлосияи имрӯзи Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд. Ин нахустин иҷлосияи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аст, ки пас аз барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми раиси шаҳри Душанбе, баргузор мешавад. Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 12 январ аз симати шаҳрдори Душабе барканор ва Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷои ӯ таъин шуд.

XS
SM
MD
LG