"Узбакистон дарҳояшоро ба рӯи матбуоти мустақил боз мекунад". ВИДЕО

Толқун Умаралиев, хабарнигори ТВ "Настоящее время"

Дар Тошканд баъди 15 соли танаффус намояндагони матбуоти мустақил дар чаҳорчӯби САҲА ҷаласаи расонаҳои Осиёи Марказиро барпо карданд, ки дар он мушкилоти доғи расонаҳои минтақа ба таври бозу ошкор матраҳ шуд. Ҳайати журналистони Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст ҳузур дошт ва аз мушкилоту монеаҳои кори расонаҳои мустақил, маҳдуд шудани қонунгузорӣ ва монеаҳои дигар сӯҳбат карданд.

Толқун Умаралиев, хабарнигори «Настоящее Время» - телевизионе дар ҳайати Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки як дигар ширкатдори ин ҳамоиш буд, баъди бозгашт аз Тошканд таассуроташро аз ин ҷаласа баён кард.

Радиои Озодӣ: Ҳамоиши журналистони расонаҳои мустақили

Вай як рӯзномаи сиёсиву ҷамъиятиро варақ зад ва ҳама дид, ки дар ҳар саҳифа акси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст ва ӯ ҳисоб ҳам кардааст, ки дар як нашрия исми президентро 144 бор истифода шудааст

кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби САҲА бори аввал аст, ки дар Тошканд ва баъди сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад?

Толқун Умаралиев: Бале, конфронси матбуоти мустақили минтақавӣ бо ташаббуси САҲА аз соли 1999 баргузор мешавад. Вале бори аввалу охир чунин як конфронс соли 2002 дар Тошканд баргузор шуду дигар ба ҳамин тамом шуд. Баъди 15 соли танаффус инак боз чунин як ҳамоише барпо гардид.

Баррасиҳои мушкилоти матбуоти озод - бидуни ҳузури мақомоти Узбакистон

Радиои Озодӣ: То куҷо ин ҳамоиш ҳадаф дошт воқеан ҳам мушкилоти матбуотро баррасӣ кунад, ваё эҳсос мешуд, ки ин нишаст бештар бо майли сиёсии мақомот сурат мегирад ва онҳо мехоҳанд ба хориҷа танҳо паём бидиҳанд, ки “Узбакистон дигар мешавад”?

Толқун Умаралиев: Ҳам ину ҳам он аст. Онҳо мехостанд бигӯянд, ки Узбакистон як кишвари боз аст ва ин кор ҳам аз дасташон омад. Инро бисёр ширкатдорон ҳам баъд таъкид карданд, ки Узбакистон дарҳояшро боз мекунад ва ин ҳамоиш ҳам баёнгари он аст. То куҷо баррасии воқеии мушкилоти матбуоти Узбакистон имконпазир буд? Ба назарам, на. Ҳамоиш ду рӯз давом кард ва мақомоти узбак танҳо дар рӯзи аввали нишаст ҳозир шуданд. Шояд ин тасмими ташкилкунандаҳо буд. Вале дар ҳузури мақомот мушкилоти воқеии матбуоти мустақили минтақа баррасӣ нашуд. Мақомоту матбуоти ҳукуматӣ баромад карда, танҳо гузоришҳои худро ироа карданд ва рӯзи аввал ҳеҷ касе шонс надошт, ки ба онҳо савол диҳад. Рӯзи дуюм ба ҷуз матбуоти расмии Узбакистон, намояндагони мақомот ҳузур надоштанд. Вале рӯзи дуюм баҳсу баррасиҳои хубе дар заминаи сонсур дар матбуоти мустақил, монеагузории ҳукумат дар рушди матбуот, мизони назорат аз матбуот барпо шуд. Дар ин ҷаласа намояндагони расонаҳои воқеан ҳам мустақили Узбакистон аз дохили ин кишвар фаъолона иштирок карданд.

Радиои Озодӣ: Чунин расонаҳо ҳам ҳастанд?

Толқун Умаралиев: Бале, Алексей Волосевич, сардабири asiaterra.info, ки аз Тошканд таҳия мешавад, иштирок кард. Ин вебсайт дар Узбакистон баста аст. Намояндаи вебсайти uzmetronom.com ҳам буд, ки он ҳам дар Узбакистон баста аст. Сергей Наумов, як журналисти мустақил ва намояндагони вебсайти anhor.uz ҳам буданд. Ин ҳамон намояндагони матбуоти мустақил ҳастанд, ки бо вуҷуди маҳдудият талош мекунанд дар бораи доғтарин масоили марбут ба Узбакистон матлаб нашр кунанд.

Набуди эҳсоси эҳтимод ба озодиҳои ваъдагӣ

Радиои Озодӣ: Муҳити ҷаласа воқеан озод буд?

Толқун Умаралиев: Бале, озод буд, вале эҳсос мешуд, ки намояндагони матбуот нутқи худро сонсур мекунанд. Масалан, намояндагони матбуоти маҳаллии Узбакистон дар баррасиҳо иштирок намекарданд, танҳо баромади дигарҳоро гӯш мекарданд.

Радиои Озодӣ: Яъне набуди эътимод эҳсос мешавад?

Толқун Умаралиев: Бале, ҳамин тавр буд. Маълум аст, ки озодии андеша дар они воҳид намеояд. Мирзиёев танҳо як сол аст, ки раҳбар аст. То омадани ӯ як насли журналистон арзи ҳастӣ кард, ки дар фазои пӯшидаву сонсур кор кардааст. Фикр накунам, ки дар давоми як сол мешавад аз зеҳни онҳо ин маҳдудиятҳоро пок кард.

Суханронии журналистони тоҷик барои Узбакистон омӯзанда буд

Радиои Озодӣ: Ҳайати Тоҷикистон дар чӣ бора гуфт?

Толқун Умаралиев: Ҷониби Тоҷикистон хеле боз буд. Раиси НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев мушкилотро бепарда баён кард. Вай дар бораи фишори мақомот, басташавии расонаҳо, кории расонаҳои мухолиф, вазъи бади молии матбуот ва ҳам тағйирёбии қонун оид ба кори матбуот гуфт. Ин ҳама сӯҳбатҳо, ба назари ман, барои намояндагони Узбакистон муҳим буд, ки ҳарчанд ором гӯш мекарданд, вале дарк мекарданд, ки

Дар яке аз кӯчаҳои марказии Тошканд

вазъи матбуот ва тарзи матраҳ шудани он дар кишвари ҳамсоя чӣ гуна аст. Як чизи ҷолиб ин буд, ки дар ҷараёни баррасиҳо намояндагони Қирғизистон таъкид карданд, ки он чизҳое, ки дар ин ҳамоиш матраҳ мешавад, ҳанӯз 10 соли пеш барои Қирғизистон муҳим буд ва ҳоло журналистикаи Қирғизистон дар масоили мисли мазмуни босифати матолиб, бозорёб кардани маҳсулоти чопӣ ва ғайра андеша мекунад ва дигарҳо қафо мондаанд. Як журналисти қирғиз хитоб ба мақомоти Узбакистон гуфт, “фикр накунед, ки сайтбандӣ метавонад натиҷа бидиҳад”. Раиси як телевизиони маъруфи Қирғизистон гуфт: “Бидонед, ки ҷаҳон дар марҳилаи тамоман дигари рушд аст”. Айни замон, намояндаи Туркманистон тӯлонӣ ва хеле муфассал дар бораи “шароити олии матбуот” дар ин кишвар сӯҳбат кард. Дар посух як намояндаи вебсайти “Альтернативные новости Туркменистана” гуфт, вазъи ин кишварро мешавад танҳо аз як нашрияи чорсаҳифагии чопи Ашқобод қазоват кард. Вай як рӯзномаи сиёсиву ҷамъиятиро варақ зад ва ҳама дид, ки дар ҳар саҳифа акси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст ва ӯ ҳисоб ҳам кардааст, ки дар як нашрия исми президентро 144 бор истифода шудааст.

Ҳанӯз ҳам ҳама чиз ба иродаи як нафар бастагӣ дорад

Радиои Озодӣ: Толқун, агар як бардошт аз ин ҳамоиш намоиши рушди нобаробари матбуоти мустақил дар минтақа бошад, бардошти дигари шумо аз ин ҳамоиш ва сафар ба Узбакистон чӣ буд?

Толқун Умаралиев: Як бардошт ин, ки фазо дар Тошканд зоҳиран озод аст: журналистони хориҷӣ озод вориди кишвар шуда, то дери шаб дар кӯчаҳо сайругашт карданд ва шояд ҳам ин тасмими мақомот буд, ки бигузоранд онҳо озод бошанд. Ман ҳатто дар як кӯчаи Тошканд гузорише ба навор гирифтам ва ҳеҷ монеае эҳсос нашуд. Дуюм, ин ки дар Узбакистон чунин ҳамоишҳое барпо мешаваду иҷозати баррасии озоди масоили марбут ба матбуоти мустақил фароҳам оварда шудааст, хуб аст. Вале бардошти сеюми ман ин аст, ки ҳамаи ин тасмимҳо бо иродаи танҳо як нафар гирифта мешавад. Дар гузашта ҳам ҳама чиз ба хоҳиши як нафар вобаста буд ва ҳоло ҳам ҳамингуна аст. Агар фардо ин одам гӯяд, ки “на, ин роҳи мо нест, бояд баста шавем”, ҳамингуна ҳам мешавад. Мутаассифона, ин кору тасмимҳо на бо иродаву хости мардум сурат мегирад. Агар фурсате расад, ки мардуми Узбакистон ошкоро гуфта тавонад, ки хостори чунин муколамаҳои боз аст, он вақт мешавад гуфт, ки дар Узбакистон озодӣ фаро расидааст.