Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар нишасти марбут ба вазъи ҳуқуқи башар ва зиндониҳои сиёсӣ, ки дар ҷаласаи ҳошиягии созмони Human Rights Watch (HRW) ташкил мешавад, иштирок накунад. Ҷаласаи САҲА, ки субҳи 11 сентябр дар шаҳри Варшава шурӯъ шуд, ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар 57 кишвари узви ин созмон ихтисос ёфтааст.
Хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Брюс Паннир аз Варшава хабар дод, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт дар ҷаласаҳои баъдӣ, аз ҷумла, нишастҳои ҳошиягии ин ҷаласаҳо ҳузур надошта бошад. Брюс Паннир баъд аз зуҳри 11 сентябр, дар лаҳзаҳои пеш аз шурӯи нишасти HRW ва мухолифони тоҷик гуфт, ба маҷлисгоҳ хабаре расид, ки ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон нишасти САҲАро хотима додааст. Вай гуфт:
"Ба дасти мо хабаре расид, ки баъди иштирок дар ҷаласаи САҲА ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ин нишастро тарк кард ва дигар дар нишастҳои ҳошиягӣ иштирок намекунад. Онҳо гуфтаанд, ки танҳо як намояндаи ҳукумат дар ҷаласа иштирок карда ҷараёни баҳсу баррасиҳоро гӯш мекунад. Ва бо ҳамин тамом, ҳайати расмӣ тарк кард. Дар ҷаласаи ба ташаббуси созмони HRW арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва баррасии он бо ширкатдорон ҷараён мегирад".
Маълум нест, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар нишасти САҲА кадом мақомот иштирок карданд.
Брюс Панир гуфт, ки аз хабари расида ташаббускорони ҷаласа - раҳбарияти намояндагии HRW мутаассиф аст ва тасмим гирифтааст ҷаласаро бо ширкатдорони дигар, аз ҷумла намояндагони ҷомеаи маданӣ ва мухолифони тоҷик дар хориҷа идома диҳад. Дар барномаи ҷаласа - баррасии мушкилоти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар як соли охир дар назар гирифта шудааст.
Нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви ин созмон бахшида шудааст ва ин ҷаласа ва ҳам ҳошияҷаласаҳои дигар аз рӯзи 11 то 22 сентябр идома мекунад.
Соли гузашта намояндагони мақомоти Тоҷикистон нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи башар дар Варшава бо сабаби ширкати мухолифони тоҷик баъи як рӯзи баҳсу баррасиҳои доғ тарк
Рӯзи 7 сентябр сомонаи хабаргузории “Ховар” бо нашри як матлаб ҳушдор дод, ки дар сурати ширкати мухолифин дар ин нишаст, эҳтимол Дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон баста шавад.
карданд ва соли ҷорӣ низ дар остонаи ин нишаст дар вебсайти расмии “Ховар” ишора шуд, ки дар сурати ҳузури мухолифон дар ин ҳамоиш, дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе баста мешавад.
Cубҳи 11 сентябр ҳудуди 20 нафар аз аъзои мухолифони тоҷик дар назди бинои САҲА даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада талош доранд таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба мавзӯи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷалб кунанд.
Ҷаласаи рӯзи душанбе бо номи “Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳ: Ҳамла ба озодии баён, фаъолияти ҳуқуқӣ ва интиқомҷӯӣ аз дигарандешон” (“Tajikistan in Focus: Assault on Free Expression, the Legal Profession, and Retaliation against Dissidents”) бо ширкати намояндагони матбуот ва фаъолон баргузор мешавад ва созмондиҳандаи ин ҷаласа ташкилоти байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ мебошанд. Барои иштирок дар ин ҷаласа намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам хоҳишмандон даъват шудаанд.
Ҳавопаймо таъхир кард...
Ҷаласаи соати 15:00 ба вақти Варшава мавзӯи “Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳ: Ҳамла ба озодии баён, фаъолияти ҳуқуқӣ ва интиқомҷӯӣ аз дигарандешон” ба баррасӣ гирифтааст. Ду намояндаи матбуоти мустақили Тоҷикистон - Зинатуллоҳ Исмоилов, раиси Иттиҳоди журналистони тоҷик ва Набӣ Юсупов, раиси созмони “Медиа-кансалтинг” дар ин бахш бояд суханронӣ мекарданд.
Набӣ Юсупов, раиси созмони “Медиа кансалтинг” рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Зинатулло Исмоилов бо сабаби пайдо шудани кори муҳим аз сафар ба Варшава худдорӣ кард, вале худи ӯ бо сабаби таъхири ҳавопаймои самти Душанбе-Маскав эҳтимол ба ин ҷаласса дертар бирасад. Дар соатҳои охири нишасти имрӯз, Юсупов тавонист, дар ин нишаст ширкат ва суханронии кутоҳе кунад.
Ӯ ҳудуди се дақиқа дар бораи мушкили иқтисодии матбуоти тоҷик сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, дар чор соли ахир матбуоти тоҷик гирифтори мушкили ҷиддии иқтисодӣ ҳаст, ки барои ояндаи расонаҳо фалокатбор аст.
-Созмони мо соли гузашта дар миёни раҳбарони ВАО пажӯҳиш гузаронид, ки 95 дар сад эътироф карданд, ки таҳти фишори бӯҳрони иқтисодӣ қарор доранд,-гуфт ӯ.
Поин рафтани теъдоди нашр, қиммат шудани коғаз барои чоп аз омилҳое будааст, ки ба гуфтаи Юсупов, кори матбуотро мушкил кардааст. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, аксар расонаҳо шумораи кормандони худро коҳиш додаанд ва фаъолияти бархе низ қатъ шудааст. Ӯ дар поёни суханрониаш аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, то ба матбуоти тоҷик барои берун шудан аз ин вазъи бӯҳронӣ кӯмак кунанд.
Барои ширкат дар нишасти САҲА намояндагони ҷомеаи шаҳрванди ва намояндагон аз ҳукумати кишвар даъват шудаанд. Рӯзи 7 сентябр сомонаи хабаргузории “Ховар” бо нашри як матлаб ҳушдор дод, ки дар сурати ширкати мухолифин дар ин нишаст, эҳтимол Дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон баста шавад.
Ширкати мухолифон дар нишасти Варшава
Бо ин вуҷуд мухолифини тоҷик мегӯянд, барои ширкат ва суханронӣ дар ин ҳамоиш ҳозир шудаанд.
Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва дигар фаъолони ин созмони сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯъшуда ба нишаст даъват шудаанд ва ширкату суханронии онҳо низ дар назар гирфита шудааст. Танҳо ба гуфтаи ӯ, ҳоло дақиқ нашудааст, ки Кабирӣ ҳузурӣ сӯҳбат мекунад ваё ба таври онлайн.
Сӯҳроб Зафар, яке аз раҳбарони “Гурӯҳи 24” низ гуфт, ки 15 нафар аъзои ин гурӯҳ дар нишаст ширкат доранд.
Сухангӯи созмони ODIHR - Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 11 сентябр гуфт, ки нафарони аризадодаву сабтиномшуда озодона метавонанд дар ҷаласаҳо, ва бахусус ҷаласаҳои ҳошиявии нишаст иштирок кунанд ва ба ҳеҷ касе дар чунин дархост посухи рад дода нашудааст.
Моҳи сентябри соли гузашта дар ин нишаст намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин дар ин нишаст вориди баҳси лафзӣ шуда буданд. Ҷониби Тоҷикистон бо нишони эътироз ин ҷаласаро тарк кард ва баъдан гурӯҳе аз донишҷӯён дар Душанбе назди дафтари САҲА даст ба эътироз заданд. Тоҷикистон мухолифон – аъзои ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24”-ро ғайриқонунӣ ва террористӣ эълон кардааст.
Дар ҳукми Суди олии Тоҷикистон ҲНИТ масъули ташкили ошӯби мусаллаҳонаи сентябри соли 2015 унвон шуд. Вале худи ҲНИТ ва тарафдоронаш ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомотро қабул надорад ва ин айбномаро баҳонае барои бастани ҳизби умдаи мухолифон унвон кардааст. Дар Тоҷикистон 200 узви ҲНИТ ва даҳҳо аъҳои “Гурӯҳи 24” бо иттиҳоми фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ба зиндон андохта шудаанд.