Тоҷикистон барои садҳо кони нави сарватҳои табиӣ сармоягузор меҷӯяд

Корхонаи муштараки истихроҷи тило миёни ширкати давлатии "Талко"-и Тоҷикистон ва ширкати China's Tibet Huayu Mining Co.-и Чин дар ғарби Тоҷикистон.

Тоҷикистон барои истихроҷ ва коркарди садҳо кони нав сармоягузор меҷӯяд. Барои ин рӯзи 29-уми октябр дар шаҳри Душанбе нахустин форуми байнулмиллии коркарди маъданҳои кӯҳӣ-металлургӣ баргузор шуд. Истихроҷи маъдан як бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон аст ва чиниҳо дар ин бахш ҳузури густарда доранд.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, беш аз 300 сармоягузор, барои омӯхтани имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши истихроҷи маъданҳои Тоҷикистон ба Душанбе омаданд.

Алимаҳмуд Ализода, муовини раҳбари Идораи геологияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар 800 кони маъдан кашф шудааст, ки аз он танҳо 100 кон истифода мешавад. Ба гуфтаи Ализода, ин конҳо 60 намуд сарватҳои табиӣ доранд, ки истихроҳи онҳо таҷҳизот ва фанновариҳои навро талаб мекунад.

Темур Ёрибек, як масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар 10 намуд металҳое ҳаст, ки кишварҳои ҷаҳон ба онҳо ниёз доранд. Ин мақомдор мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон корхонаи коркарди литий сохтаанд, ки соли оянда истихроҷ аз он шуруъ мешавад. Аммо мақомдор номи сармоягузор ва баҳрагирандаи ин конро нагуфт.

Темур Ёрибек аз Чин, Амрико ва Русия ҳамчун сармоягузорони асосӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ном бурд. Аммо як таҳқиқи Радиои Озодӣ имсол нишон дода буд, ки калонтарин конҳои кишвар, бахусус конҳои тило ва нуқра дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ аст. Тибқи омори расмӣ, 84 дарсади тилоро ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” тавлид мекунанд. Кони нуқраи “Якҷилва” ҳам дар дасти ширкати чинии “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” аст. “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин” бошад дар шаҳраки Зарнисор, ба истихроҷу коркарди маъданҳои сурбу рӯҳ сару кор дорад.

Гузоришро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳукумат сармоягузор меҷӯяд, то тиллову нуқра ёбанду фурӯшанд

Шархан Иран, муовини вазири саноат ва сохтмони Қазоқистон, ки барои ширкат дар форуми сармоягузорӣ ба Душанбе омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши истихроҷи маъданҳои нодири Тоҷикистонро меомӯзад.

Абдуллоҳ Ашӯров, рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, дар Тоҷикистон шаффофият дар дастрасӣ ба захираву шумораи конҳо ва хароҷоту даромади ширкатҳо тақрибан вуҷуд надорад. Аз ин рӯ ба гуфтаи ин рӯзноманигор моил кардани ширкатҳои хориҷӣ ба ин ришта осон нест.

Ба гуфтаи Ашӯров, барои ҷалби бештари сармоягузорон ба истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама сармоягузорони хориҷӣ ба маълумоти бештар ниёз доранд.

Абдулло Ашуров

“Бино бар ин ҳукумати Тоҷикистонро месазад, ки ҳар чӣ бештар дар бораи истихроҷи маъдан, зарфиятҳои кишвар шароити сармоягузорӣ, бештар маълумот паҳн кунад, тариқи матбуот ҳам нашр кунад, ки ҳам ҷомеа дар ин бора маълумот дошта бошад ва ҳам сармоягузорони хориҷӣ. Ин ки мақомоти Тоҷикистон аз ифшои маълумот дар бораи истихроҷи маъдан, захираҳо, имкониятҳо сарпечӣ мекунанд, ин дар ниҳоят бар зиёни кишвар меанҷомад”, - мегӯяд ӯ.

Соли 2022 Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар кишвар 17 ширкат иҷоза дорад, то омӯзишҳои геологӣ ва иктишофи маъданро анҷом диҳанд. Ба иттилои намояндагони ин ниҳод, аксари онҳое, ки чунин санад гирифтаанд, ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин мебошанд.