Корхонаи маъдантозакунии Адрасмон дар аҳди Шӯравӣ таъсис ёфт ва ба пайдоиши шаҳраке дар ҳудуди шаҳри Гулистон ( собиқ Қайроққум) дар вилояти Суғд замина гузошт. Аз он замон Адрасмонро шаҳраки кӯҳканҳо мегуфтанд ва далелаш ҳам ин, ки бузургтарин кони нуқра дар ҳамин макон ҷойгир аст. Фулуззоти гаронбаҳо аз ҷумла тилову сурб (қурғошим) дар бағали кӯҳҳои Қурама ва Қаромазори ҳамин минтақа нуҳуфтаанд.
Ҳабибов Асадулло, намояндаи корхонаи Адрасмон: “Давраи Шӯравӣ корхона пурра фаъолият мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо сабабҳои маълум, канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар ҷумҳуриҳо бо қувваи пурра кор карда натавониста истодааст. Аз соли 2006 то соли 2013 корхона бо ширкатҳои қазоқистонӣ кор мекард. 100% не, аммо бо 30-40% иқтидор кор мекард. Беш аз 700 нафар корманд ба кор ҷалб шуда буданд. Ҳар моҳ ба кормандон то 1,5 миллион сомонӣ маош медод, ба давлат бошад ҳар моҳ беш аз 1 миллион сомонӣ андоз месупорид. Яъне дар як сол то 12 миллион сомонӣ андоз месупоридем. Гарчанде иқтидори корхона танҳо 30-40% буд. Бо сабабҳои бӯҳрони иқтисодӣ ва пастравии нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ соли 2013 корхона аз кор монд.”
Корхона аз соли 2006 ба ширкати қазоқии “Кони Мансур” тааллуқ дошт ва умдатан хокаи нуқра истихроҷ мекард. Корхонаи "Адрасмон" фаъолияташро соли 2012 қатъ ва худро муфлис эълон карда буд. Соли 2017 баҳс миёни моликони қазоқистонии корхонаи маъдани “Адрасмон” ва мақомоти Тоҷикистон ба фоидаи давлат анҷом ёфт ва корхона дубора миллӣ эълон шуд. Огоҳон мегӯянд, баъди давлатӣ шудани корхона низ вазъ дар ин самт тағйир накарда, корхона дар вартаи азҳампошӣ қарор гирифт.
"Ҳама ба Русия рафтанд"
Биноҳои азими он ҳоло як намои фарсударо дорад ва симои шаҳраки саноатии замоне маъруфро тира кардааст. Ин ҳол нақбканҳо ва кормандони онро маъюс карду аксарияти аҳолии шаҳракро парешону саргардон.
Ортиқ Шеров, сокини шаҳраки Адрасмон: “Пештар се сол ҳамчун посбон дар корхонаи Адрасмон кор мекардам. Ҳафтод сӯм мегирифтам. Ба хурду хӯрок ва барои падару модарам мерасид. Ба ҳамааш мерасид. Акнун давр ҳамин хел шуд. Маҷбур ба Русия меравем. Дар онҷо кор мекунем. Канӣ акнун кон ба кор дарояду ҳаминҷо кор кунем. Дар хонаи худамон назди фарзандон”.
Қутфинисо Холбоева, сокини шаҳраки Адрасмон: “Пештар дар шаҳрак заводу фабрикаҳо кор мекарданд. Корхонаи шахта кор мекард. Акнун ҳамааш аз кор мондааст. Фарзандҳо оиладор, кӯдакдор ҳама ба муҳоҷират рафтаанд. Мо нафақахӯрон хона нигоҳ карда мешинем. Замоне, ки корхона кор мекард, шавҳарам ронанда буд. Чаҳор фарзанд доштем. 100 сомон зиёд маош мегирифтанд. Зиндагии хуб доштем. Аз ягон чӣ камбудӣ надоштем”.
Мелиқузӣ Умаров, сокини шаҳраки Адрасмон: “Ман дар корхонаи Адрасмон 20-25 сол кор кардам. Аз ҳамон ҷо ба нафақа баромадам. Замоне, ки мо кор мекардем, шароит бисёр хуб буд. Мардум аз ҳеҷ чиз камбудӣ надоштанд. Барои шаҳрак саҳми калон дошт ин корхона. Танҳо як мактаб ва як беморхона фаъолият мекунад халос дар шаҳрак. Сокинон маҷбур аз бекорӣ ҳоло аксарият муҳоҷиратро интихоб кардаанд. Гурӯҳи зиёди мардони шаҳрак ба Русия рафтаанд.”
Ҳабибов Асадулло, намояндаи корхонаи Адрасмон: “Ҳоло кормандони корхона қисман дар муҳоҷират, гурӯҳи дигар дар Анзоб корхонаи “Апрелевка” кор мекунанд ва боқимонда дар рухсатии бемузд ҳастанд. 10 сол мешавад, ки корхонаи давлатӣ аст. Аммо мо чанд маротиба мактуб кардем то ба буҷа дохил кунанд, вале то ҳол дохил нашудааст. Маош пурра дода намешавад. Ҳоло аз ҳисоби захираҳои дохилӣ кам-кам маош дода истодаем. 80 нафар ҳоло кор мекунанд. Инҳо ҳам ба хотири нигоҳ доштани объектҳои корхона ҷалб гардидаанд. Посбонҳо 31 нафар кор мекунанд. Дигарон идораи камбинат ва дар кон барои нигоҳ доштану ҳисобу китоб кардан.”
Талошҳо барои фаъол кардани корхона
Ба иллати кор накардани корхонаи "Адрасмон" на танҳо садҳо нафар бешуғл мондаанд, балки буҷаи давлатӣ аз даромади даҳҳо миллион сомонӣ маҳрум шудааст. Қаблан дар ҳукумати шаҳри Гулистон мегуфтанд, ки бо мусоидати ширкатҳои саноатии Чин ё дигар кишварҳои ҳамсуд ин коргоҳ дубора бо иқтидори пештара фаъол карда хоҳад шуд. Масъулин изҳор мекунанд, ки барои бозсозии он ҳудуди 100 миллион доллар сармоя лозим аст.
Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон: “Аз Федератсияи Русия, аз Арабистони Саудӣ сармоягузорон омада истодаанд, лекин азбаски корхона аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад ва ба вазорати саноат тобеият дорад, дар онҷо бештар гуфтушунидҳо рафта истодаанд. Раиси вилоят ҳам худашон бевосита ба вазорат дар ин бора мактуб карданд ва гуфтугузор доранд. Аз онки дар назди корхона қарзи калони ҳам музди меҳнат ва ҳам андоз, ки ҳаст, аз ҳамин сабаб ба фикрам бисёр сармоягузорон як кӯшиши ҳамкорӣ кардан мекунанду боз худдорӣ менамоянд. Рӯзҳои наздик шояд як гуфтушунид ба анҷом мерасаду ҳамин корхона ба фаъолият шурӯъ мекунад.”
Ҳабибов Асадулло роҳбари шӯъбаи посбонҳои корхонаи Адрасмон: “Гуфтушунидҳо шуда буд чанд маротиба. Аммо корбарӣ то охир нашуд. Моҳҳои наздик намояндаҳо аз Русия омада буданд. Онҳо корхонаро пурра омӯхтаанд ва умедворӣ меравад, ки дар ҳамкорӣ бо Русия корхона фаъолияташро аз нав ба роҳ монад. Зеро президенти кишвар дар сафарашон ба Руссия дар бораи конҳои кишварамон сухан карданд. Баробари беш аз 600 конҳои номбаршуда, кони нуқра ҳам номбар шуд. Кони нуқра асосан дар шаҳраки мо аст, барои ҳамин мо умедворӣ дорем.”
Аҳолии беш аз 16 ҳазорнафараи Адрасмон, умедворанд, ки мушкили фаъолсозии коргоҳ ҳал хоҳад шуд ва мардуми шаҳракро мисли пештара бо кору шароити хуби зиндагонӣ фаро хоҳад гирифт. Умедворие, ки ҳамакнун даҳ сол аст, дар сатҳи умеду орзу мондаасту амалӣ намешавад.
Гуфтугӯ