Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бо сармоягузорон. Душанбе хостори сармоя, аммо муқобили сармоягузорҳо


Як муассисаи марбут ба Шабакаи Оқохон, ки давлатӣ шудааст.
Як муассисаи марбут ба Шабакаи Оқохон, ки давлатӣ шудааст.

Ба назар мерасад Шабакаи Оқохон оид ба Рушд (AKDN) дар Тоҷикистон асири навбатии сармоягузориҳои худ шудааст.

Додситонии ВМКБ моҳи июл ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо дархости бекор кардани гувоҳиномаи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, ки ба Ташкилоти Оқохон оид ба Рушд тааллуқ дорад, муроҷиат кардааст. Роҳбарияти Донишгоҳ, мақомоти маҳаллӣ ва додситонӣ аз шарҳ додани ин масъала худдорӣ мекунанд. Аммо, маълум аст, ки агар мақомот барои лағви гувоҳиномаи замин муваффақ шаванд, ягона донишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки бо сармояи наздик ба 100 миллион доллар зери хатари басташавӣ қарор хоҳад гирифт. Зимнан, чунин муносибат бо сармоягузор дар Тоҷикистон бепешина нест.

Сармоягузори хомӯш

Тайи соли ахир Шабакаи Оқохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон аз чандин бинои худ маҳрум шуд. Аз ҷумла, биноҳои Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (MSDSP) ва Аввалин бонки молиявии хурд дар Хоруғ, ду маркази рушди барвақтии кӯдак ва литсейи Оқохон дар Хоруғ мутааллиқ ба Хадамоти омӯзишии Оқохон (AKES) ва меҳмонхонаи Серена дар шаҳри Хоруғ мутаалиқ ба Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED).

Маблағи умумии амволи давлатишуда мушаххас нест. Роҳбарияти ташкилот аз ҳамкорӣ бо расонаҳо канораҷӯӣ мекунанд, ки ё нишон аз мувофиқат бо бозпас гирифтани моликият ё талош барои ҳифзи дороиҳои боқимонда аст.

Тибқи иттилои гуногун, AKDN аз соли 1995 то 2018 барои амалӣ кардани тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон 1 миллиард доллар сарф кардааст. Беш аз 3500 нафар дар ин сохтор дар кишвар кор мекунанд ва бузургтарин тарҳҳои сармоягузорӣ дар заминаи барқи обӣ, иртиботот, сайёҳӣ, молӣ, таҳсилот ва тандурустӣ амалӣ мешаванд.

Маълум нест, ки оё хомушии ин созмон барои ҳифзи дороиҳои боқимондааш мусоидат хоҳад кард, аммо ба назари коршиносони мустақил фазои нафасгири сармоягузории Тоҷикистон ва фишор бар сармоягузори бузург аз назар пинҳон намемонад.​

Мубориза бо яке – таҳдид барои ҳама

Қатъ шудани фаъолияти AKDN, яке аз сармоягузорҳои бузург дар кишвар, бонги хатар барои мададрасонҳои дигар дар мавриди муносибати хасмонаи ҳукумат ба кумакҳои инкишофӣ аст. Ин амр бо фасоди густурда, дахолати давлат дар умури ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҷоди маҳдудият барои ташкилотҳои ғайридавлатӣ кумаккунандагонро маҷбур мекунад то дар фаъолиятҳои худ дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунанд,”-- мегӯяд коршиноси Осиёи Марказӣ, профессори Донишгоҳи Техаси Амрико Эдвард Лемон.

Ба гуфтаи ӯ, сатҳи фасоди молӣ, рабуда шудани тиҷорат аз сӯи доираҳои наздик ба ҳукумат, маҳдудияти захираҳо ва сатҳи пасти омӯзиш Тоҷикистонро дар қиёс ба кишварҳои дигар барои сармоягузорҳо камтар ҷолиби диққат мекунад.

Тоҷикистон дар ҷараёнаи амалисозии "Стратегияи миллии рушд то соли 2030" мебошад, ки соли 2016 қабул шуд. Тибқи иттилои таҳиягарони ин стратегия, барои амалӣ намудани он ҷалб кардани 118,1 миллиард доллар лозим аст. Ин маблағ бояд ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ ҷамъоварӣ шавад.

Сиёсатшинос Сайфулло Сафаров бовар дорад, ки Тоҷикистон имкони гирдоварии ин миқдор маблағро дорад. "Давлат аз нигоҳи молӣ-иқтисодӣ ба гунаи устувор рушд мекунад, сохтумони НБО Роғун имкониятҳои иловагӣ медиҳад. Фазои сармоягузорӣ дар кишвар комилан солим аст ва ман мушоҳида мекунам, ки шахсони зиёд мехоҳанд маҳз дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд," -таъкид мекунад Сафаров.

Сармоягузориҳои ҳамроҳ бо хатар

Аммо, ҳаҷми маблағгузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳои дигари минтақа дар сатҳи паст қарор дорад. Дар гузашта пойи чандин сармоягузори бузург ба додгоҳ кашида ва ба зарари онҳо тамом шуд. Дар натиҷа сармоягузорон дар пайи фишор аз бозори кишвар баромаданд ва ё ҳам ҷаримаҳои ҳангуфт пардохтанд. Дар ин миён ширкати "РУСАЛ" буд, ки дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситора ва маркази тиҷорӣ бунёд кард. Баъдан аз сӯи Кумитаи андоз ба маблағи 70 миллион доллар ҷарима шуд. “Газпром-интернешнл”, ки барои коркардаи кон иҷозатнома гирифта буд, пас аз дарёфт накардани имтиёзҳои андоз фаъолияташро қатъ кард. Ширткати мухобиротии TCELL 155 миллион, “Мегафон” 155 миллион ва “Билайн” 153 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.​

Дар оғӯши танҳо як сармоягузор

Тоҷикистон дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар мавриди фазои сармоягзуорӣ дар қатори кишварҳои “ҷойҳои ногувор барои роҳандозии тиҷорат бо таҳдидҳои баланд барои сармоягузори хориҷӣ” қарор дорад.

Волоияти қонун яке аз монеаҳои бузург дар роҳи сармояи хориҷӣ махсусан дар робита ба ҳаққи моликият дониста мешавад.

Дар ин санад ҳамчунин гуфта шудааст, ки “шартномаҳои тиҷорӣ амалан аз сӯи Вазорати адлияи кишвар хеле заиф муҳофизат мешаванд, додгоҳҳо мустақил нестанд ва дар чандин маврид ҳукумат барои нафъи худ бар онҳо фишор овардааст.”

Муаллифони ин гузориш зикр кардаанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон узви чандин қатъномаи додгоҳӣ ҳастанд, кишвар аз сӯи низоми додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ ба расмият шинохта нашудааст ва додгоҳҳои на ҳамеша санадҳои байналмилалиро дар авлавият қарор намедиҳанд.

“Тоҷикистон ба сабаби омилҳои гуногун барои сармоягузорҳо ҷолиб нест. Илова бар ин, агар бубинанд, ки биноҳо ва моликияти ташкилотҳои кумакрасон давлатӣ шудааст, эҳтимоли омадани сармоягузорҳо боз ҳам кам мешавад, чун онҳо ба фарқ аз донорҳо барои гирифтани фоида меоянд. Танҳо сармоягузорҳои чинӣ омада метавонанд, вале, тавре, ки мо медонем, онҳо ба шарти гирифтани тақрибан тамоми фоида меоянд. Илова бар ин, кишвар дар назди онҳо қарздор мемонад,”- мегӯяд рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова.

Ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан ба 11 миллиард доллар мерасад. Ин маблағ аз 65 кишвар вориди Тоҷикистон мешавад, ки Чин, Русия, Бритониё, Амрико ва Қазоқистон дар ҷойи асосӣ қарор доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG