18 сол ҳукми зиндони "боевик"-и собиқ бетағйир монд

Додгоҳи олии Тоҷикситон ҳукми 18 соли зиндони Тоҳир Тешаев, як "боевик"-и собиқро, ки дар вилояти Хатлон бо лақабҳои "Тоҳир-Рэкет”, "Тоҳир-Ланг" ва "Тоҳир-Сиёҳ" маъруф буд, бидуни тағйир гузошт.

Масъулони дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Додгоҳии олии Тоҷикистон пас аз баррасии ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон дар мавриди 18 соли маҳрумият аз озодӣ барои Тоҳир Тешаев, онро бидуни тағйир гузошт.”

Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба «Тоҳир-Сиёҳ», «Тоҳир-Ланг» ва «Тоҳир-Рэкет», раҳбари як гурӯҳи силоҳбадасти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, рӯзи 28 август аз сӯи додгоҳи вилояти Хатлон бо ҷурмҳое, чун куштор, таҷовуз ба номус ва авбошӣ, ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд. Аммо пайвандони вай ба Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм шикоят бурданд.

Додгоҳи Хатлон дар моҳи август Тоҳир Тешаевро бар асоси 4 моддаи қонуни ҷиноӣ - 104 (куштор бо истифодаи яроқи оташфишон ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон), 141 (алоқаи ҷинсӣ ба нафаре, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст) ва 195 (авбошӣ) барои чунин муддати тӯлонӣ равонаи зиндон карда буд. Ҳамин тавр, чанд шарики ӯ, аз ҷумла Маҳмад Низомов ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, ду нафари дигар - Фаридун Зокиров ва Баҳодур Боев - ҷарима карда шуданд.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон Тоҳир Тешаевро дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт карданд.

Музаффар Юсуфов, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ зимни пурсарусадо хондани парвандаи ҷиноии Тешаев гуфта буд, ки ҳамроҳи ӯ 5 шарики "Тоҳир-Сиёҳ" низ боздошт шудаанд.

Тоҳир Тешаев 39 сол дорад ва сокини кӯчаи Баҳори шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Ба гуфтаи мақомоти тафтишот, «Тоҳир-Сиёҳ», ки бо лақабҳои «Тоҳир-Ланг» ва «Тоҳир-Рекет» низ маъруф аст, дар замони ҷанги дохилӣ гурӯҳи ҷиноие созмон дода, бо истифода аз бесарусомонӣ дар кишвар, ба куштору ғорати амволи мардум даст задааст.

Ӯро аз афроди Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони бераҳми Фронти халқӣ, ки соли 1993 кушта шуд, низ ном мебаранд. Гуфта мешавад, ки «Тоҳир-Сиёҳ» солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, «Тоҳир-Сиёҳ» аввалин ҷинояташро моҳи феврали соли 1993 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ содир кардаст, вале дар ин 21 сол дар ҷиноятҳои дигаре ҳам даст дошт ва дар ниҳоят бо шикояти зане аз ноҳияи Қумсангир боздошт шуд. Бино бар ин шикоят, Тоҳир Тешаев моҳи феврали соли 1993 ба қасди арӯсӣ бо духтари ҷавоне назди Гулистон Сафарова дар ноҳияи Қумсангир меравад, аммо бо шунидани ҷавоби рад, ӯро бо силоҳи Калашников ба қатл мерасонад.

Мавлуда Сафарова, духтари Гулистон Сафарова, баъди 21 соли қатли модараш ба раёсати корҳои дохилӣ ариза навишт ва маъмурони интизомӣ Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба "Тоҳир-Сиёҳ" -ро боздошт карданд. Масъулони додситонии вилояти Хатлон гуфтанд, ки устухонҳои Гулистон Сафарова, баъди 21 соли зери хок буданаш, ба хотири анҷом додани ташхиси тиббӣ - додгоҳӣ аз хок бароварда шудаанд ва интизори натиҷаи ташхис ҳастанд, то муайян шавад, ки тири силоҳи «Тоҳир - Сиёҳ» ба куҷои бадани хонум Сафарова расидааст. Баъзе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бо онки «Тоҳир-Сиёҳ» солҳо ҷиноят содир кардааст, аммо дар озодӣ буд ва ба ҷиноятҳои дигаре даст мезад.

Солҳои 1992-1997 вилояти Хатлон яке аз саҳнаҳои аслии ҷанги пурқурбонӣ дар Тоҷикистон буд ва даҳҳо ҷангсолори маҳаллӣ дар ин минтақа тохтутоз доштанд. Дар тӯли солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумат аксари ҷангсолоронро аз байн бурд ваё равонаи зиндон кард. Нафароне мисли "Тоҳир-Сиёҳ", ки дар он солҳо ҷон ба саломат бурданд, низ дар додситонӣ парванда доштанд ва ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти тафтишотӣ, имрӯз навбати ӯ расид.