Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баррасии парвандаи "Тоҳирсиёҳ" дар додгоҳи Хатлон


Додгоҳи вилояти Хатлон, дар ҷанбуи Тоҷикистон ба баррасии парвандаи ҷиноии Тоҳир Тешаев, ки дар ин минтақа бо номҳои «Тоҳирсиёҳ», «Тоҳирланг» ва «Тоҳир-рекет» маъруф буд, шурӯғ кардааст. Намоз Амонзода, додраси парванда дар додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи чоршанбеи 13 август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ҷинояии Тоҳир Тешаев дар ҳудуди ду ҳафтаи пеш аз сӯи додситонии вилояти Хатлон ба додгоҳ ворид шуд ва пас аз анҷоми муқарароти муқаддамотӣ имрӯз баррасии он шуруғ шуд. Мақомоти интизомии вилояти Хатлон Тоҳир Тешаевро аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт карданд. Музаффар Юсуфов, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ зимни пурсарусадо хондани парвандаи ҷиноии «Тоҳирсиёҳ» гуфт, ки он панҷ моҳи охир мавриди баррасии додситонӣ будааст. Ба гуфтаи ҷаноби Юсуфов, алайҳи Тоҳир Тешаев, тибқи чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, 104 (куштор бо истифодаи яроқи оташфишон ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон), 141 (алоқаи ҷинсӣ ба нафаре, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст), 195 (авбошӣ) боз шудааст. Ҳамчунин ҷаноби Юсуфов таъкид кард, ки панҷ шарики "Тоҳирсиёҳ", ки низ дар содир кардани ин ҷиноятҳо ҳамдастӣ доштанд, боздошт шуда, алайҳи онҳо низ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Тоҳир Тешаев 39 сол дорад ва сокини кӯчаи Баҳори шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Ба гуфтаи мақомоти тафтишот, дар замони ҷанги дохилӣ гурӯҳи ҷиноие созмон дод ва бо истифода аз бесарусомонӣ дар кишвар, ба ғорати амволи мардум даст зада, дар баробари ин ҷиноятҳоеро содир кардааст. Ӯ солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул будааст.

XS
SM
MD
LG