Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҳирсиёҳ" баъд аз 21 соли ҷинояткорӣ боздошт шуд


Додситонии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Тоҳир Тешаевро, ки дар ин минтақа бо номҳои «Тоҳирсиёҳ», «Тоҳирланг» ва «Тоҳир-рекет» маъруф буд, ба додгоҳ фиристод.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон Тоҳир Тешаевро аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт карданд. Музаффар Юсуфов, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон рӯзи 4 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ зимни пурсарусадо хондани парвандаи ҷиноии «Тоҳирсиёҳ» гуфт, ки он панҷ моҳи охир мавриди баррасии додситонӣ будааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Юсуфов, алайҳи Тоҳир Тешаев, тибқи чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, 104 (куштор бо истифодаи яроқи оташфишон ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон), 141 (алоқаи ҷинсӣ ба нафаре, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст), 195 (авбошӣ) боз шудааст. Ҳамчунин ҷаноби Юсуфов таъкид кард, ки панҷ шарики "Тоҳирсиёҳ", ки низ дар содир кардани ин ҷиноятҳо ҳамдастӣ доштанд, боздошт шуда, алайҳи онҳо низ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Музаффар Юсуфов
Музаффар Юсуфов

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, «Тоҳирсиёҳ» аввалин ҷинояташро моҳи феврали соли 1993 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ содир кардаст, вале бо гузашти 21 сол дар ҷиноятҳои дигаре даст дошт ва дар ниҳоят бо шикояти зане аз ноҳияи Қумсангир боздошт шуд. Бино бар парванда Тоҳирҷон Тешаев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи феврали соли 1993 ба қасди арӯсӣ бо духтари ҷавоне назди Гулистон Сафарова дар ноҳияи Қумсангир меравад, аммо бо шунидани ҷавоби рад аз духтар, ӯро бо силоҳи Калашников ба қатл мерасонад.

Мавлуда Сафарова, духтари Гулистон Сафарова, баъди 21 соли қатли модараш ба раёсати корҳои дохилӣ ариза навишт ва маъмурони интизомӣ Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба "Тоҳирсиёҳ" -ро боздошт карданд. Масъулони додситонии вилояти Хатлон гуфтанд, ки устухонҳои Гулистон Сафарова, баъди 21 соли зери хок буданаш, ба хотири анҷом додани ташхиси тиббӣ - додгоҳӣ аз хок бароварда шудаанд ва интизори натиҷаи ташхис ҳастанд, то муайян шавад, ки тири силоҳи «Тоҳирсиёҳ» ба куҷои бадани хонум Сафарова расидааст. Баъзе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бо онки «Тоҳирсиёҳ» солҳо ҷиноят содир кардааст, аммо дар озодӣ буд ва ба ҷиноятҳои дигаре даст мезад.

Аммо Музаффар Юсуфов, муфаттиши парвандаи "Тоҳирсиёҳ" мегӯяд, вақте ба мақомоти интизомӣ ва тафтишотӣ шикоят ворид шуд, онҳо аз пай боздошти муҷрим шудаанд: "Аризаи шикоятӣ тоза ба мақомот расид ва мо аз пайи ин шудем. Нисбати чор нафари дигар парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ фиристода шуд.»

Аммо бархе аз пайвандони "Тоҳирсиёҳ" мегӯянд, вай бегуноҳ аст. Зане, ки дар сӯҳбати телефонӣ худро хешованди Тешаев муаррифӣ кард, аммо аз зикри номаш худдорӣ намуд, гуфт, «ман ягон кори бади ӯро надидаам ва намедонам, ки чӣ кор кардааст, аз хонаи шавҳарам омадам, ки боздошт шудааст.»

Дар ҳамин ҳол вакили дифои Тоҳир Тешаев, аз шарҳи парвандаи зерҳимояаш худдорӣ кард. Зимнан, Тоҳир Тешаев 39 сол дорад ва сокини кӯчаи Баҳори шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Ба гуфтаи мақомоти тафтишот, дар замони ҷанги дохилӣ гурӯҳи ҷиноие созмон дод ва бо истифода аз бесарусомонӣ дар кишвар, ба ғорати амволи мардум даст зада, дар баробари ин ҷиноятҳоеро содир кардааст. Ӯ солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул будааст.

Солҳои 1992-1997 вилояти Хатлон саҳнаи аслии ҷанги пурқурбонӣ дар Тоҷикистон буд ва даҳҳо ҷангсолори маҳаллӣ ин минтақаро тохтаанд. Дар тӯли солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумат қариб ҳамаи ҷангсолоронро аз байн бурд. Нафароне мисли Тоҳир Тешаев ё "Тоҳирсиёҳ", ки дар он солҳо ҷон ба саломат бурданд, ҳар яке дар додситонӣ парванда доштанд ва боздошти онҳо танҳо фурсат мехост.

XS
SM
MD
LG