Агар... Эълони чанд шарт ва сабукии Кумитаи андоз ба соҳибкорон

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Раҳбарияти Кумитаи андози Тоҷикистон дастури расмӣ додааст, ки соҳибкорону афроди алоҳидаи саховатманд ё эҳсонкорро аз пардохти чанд навъи молиёт (налог) озод кунанд. Аммо мақомоти Кумитаи андоз рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин афрод бояд мактабу боғчаи бачагона ва ё манзили истиқомативу иншооти дигарро сохта, бепул (ройгон) дар ихтиёри давлат ё истифодаи умум бигузоранд.

Нафақапулӣ додан лозим аст. Маоши духтуру муаллиму сохторҳои дигарро додан даркор аст. Агар ҳамаи соҳибкоронро аз андоз озод кунанд, кӣ маошро медиҳад? Хазинаи давлат аз кадом ҳисоб пур мешавад?
Сафаралӣ Гулов

Рустамҷон Ҷабборов – муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон – дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар он ҳолат чунин одамон аз пардохти андоз аз даромад, андоз аз арзиши изофа ва молиёти истифода аз роҳҳои мошингарди кишвар халос хоҳанд шуд.» Ҷабборов гуфт, ки ҳадаф аз ин дастур ҷалби ҳарчӣ бештари соҳибкорону сокинони доро барои корҳои хайр дар кишвар будааст.

Вале аксари соҳибкорон мегӯянд, мақомоти кишвар натанҳо дар сурати эҳсонкорӣ сабукӣ фароҳам оранд, балки дар маҷмӯъ мизони андозҳоро кам карда, шароити солимро барои рушди тиҷорат ба вуҷуд биоранд. Бар асоси арзёбии созмони “Total tax rate” дар аввали имсол мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дар садро ташкил медиҳад, ки ин рақам на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин будааст.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, теъдоди андозҳо ва ҳаҷми онҳо дар Тоҷикистон зиёданд. Барои мисол, андози иҷтимоӣ 25 дар сад, андоз аз арзиши изофӣ 18 дар сад ва андоз аз даромад 13 дар садро ташкил медиҳад.

Соҳибкори тоҷик Музаффар Сафаров мегӯяд, бар илова бозрасони андозу ниҳодҳои дигар ҳар замони бидуни огоҳӣ дари корхонаву фурӯшгоҳҳоро кӯфта, тафтишу санҷишро шуруъ мекунанд. “Вақтҳои охир тафтишу санҷиши ғайримунтазира зиёд шудааст. Яъне, бе огоҳӣ ба корхона меоянд. Чунин аст, шароити фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон”, - гуфт ӯ.

Сафаралӣ Гулов, иқтисоддони тоҷик ва вакили пешини порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, чаҳор сутуни буҷаи кишвар бар пояи андозҳо асос ёфтааст ва баид аст, ки мақомот дар ин шабу рӯзи мушкил соҳибкоронро аз пардохти молиёт муоф кунанд. Ӯ гуфт, “мебинед, ки ҳозир буҷа бо чӣ мушкил пур мешавад. Нафақапулӣ додан лозим аст. Маоши духтуру муаллиму сохторҳои дигарро додан даркор аст. Агар ҳамаи соҳибкоронро аз андоз озод кунанд, кӣ маошро медиҳад? Хазинаи давлат аз кадом ҳисоб пур мешавад?”

Гулов афзуд, вақте ки Кодекси андоз дар порлумон дар соли 2013 қабул шуд, 240 имтиёз барои соҳибкорон ворид карда шуд, вале мегӯяд, дар ин шабу рӯз давлат зоҳиран тавони ҷудо кардани имтиёзи бештар ва афвро надорад. Вай гуфт, эҳсонкорон дар Тоҷикистон хеле каманд ва агар дар сурати сохтани мактабу боғча аз чанд намуди андоз озод карда шаванд, ба фоидаи ҷомеа хоҳад буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як ҷаласаи соли 2015 аз пинҳонкории соҳибкорон ҷиҳати насупурдани андоз интиқод карда буд

Кумитаи андоз дар дастури расмии худ таъкид кардааст, ки дар сурати аз ҷониби шахсони эхсонкор иҷро нашудани ваъдаи ройгон супоридани иншоот маблағи имтиёзҳои гирифташуда аз ҷониби мақомоти андози дахлдор ситонда мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои гузашта соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар кишвар даъват карда ва ҳатто раиси ҷумҳур дар як суҳбаташ дар соли 2010 лағви андозро барои чунин соҳибкорон ваъда карда буд. Раиси ҷумҳур аз тоҷирон ва сарватмандони Тоҷикистон хоста буд, то сармояҳои худро аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол диҳанд. Вале зоҳиран соҳибкорони тоҷик то кунун ин пешниҳоди мақомотро ҷиддӣ нагирифтаанд, ё барои сармояҳои худ ҷойи муносибтаре ёфтаанд.