Ҳамакнун ҳар нафаре, ки мехоҳад хайр кунад, метавонад кӯмакпулии худро аз тариқи терминал ё дастгоҳҳои пардохти маблағ бо роҳи хеле осону қулай, ҳамон тавре ки ба телефони мобил ё интернети худ пул мегузаронад, ба афроди ниёзманд ҳам бирасонад. Аз ин маблағҳои хайриявӣ дар терминалҳо ҳаққи хизматрасонӣ гирифта намешавад. Ҳоло ин навъи хизматрасонӣ, танҳо дар дастгоҳҳои ширкати «Экспресс пей» дида мешавад. Аммо созмони ҷамъиятии «Дасти Ёрӣ», ки маҳз бо иқдоми ӯ ин шеваи кумакрасонӣ роҳандозӣ шудааст, талош дорад, то ин навъи хизматрасонӣ ба ҳама дастгоҳҳои пардохти маблағ ворид карда шавад. Маблағҳои ҷамъомада аз ин роҳ барои кӯдакони ниёзманду бемор ва маъюбе, ки ба ин созмон муроҷиат мекунанд, расонида мешавад.
Дар баробар ин, ин имрӯз дар беш аз 70 мағозаву тарабхона ва марказҳои дилхушии кӯдаконаи шаҳр қуттиҳои хайриявии созмони «Дасти ёрӣ»-ро ҳам дидан мумкин аст. Комил Арешов, муассиси созмони «Дасти ёрӣ», мегӯяд, ҳоло аз тариқи ин роҳҳои нави кумакрасонӣ маблағи зиёде ҷамъоварӣ намешавад, чун мардум ба истифодаи бомақсади ин маблағҳо чандон бовар надоранд.
Аммо Комил мегӯяд, дар ояндаи наздик ҳатман бо ин роҳҳои осону қулай мешавад, маблағи зиёде ҷамъ оварду мушкили чандин атфоли ниёзманду беморро ҳал кард: "Ин роҳи хеле осону қулай аст, масалан афроде, ки имкони зиёд хайркунӣ надоранд ва мехоҳанд 5 ё 10 сомонӣ аз ҷайби худ кумак кунанд, онҳо наметавонанд бо ин маблағ ба назди як ниёзманде раванд ё ба назди мо оянд. Барои онҳо роҳаттар аст, ки ин маблағро дар қуттӣ партоянд ё тавассути терминал ба бунёди хайриявӣ интиқол диҳанд. Ҳарчӣ қадар боварии мардум ба шаффоф будани шеваи истифодашавии ин маблағҳо бештар шавад, ҳамон қадар малағ ҳам дар ин қуттиву терминалҳо зиёдтар ҷамъ хоҳад шуд. Бинобар ин, ҳоло мо талош дорем, ки эътимоди мардумро ба созмони худ боло барем. Ва барои ин шеваи харҷу сарфи маблағҳоро ба таври шаффофу равшан тавассути саҳифаамон дар Фейсбук ё бо дигар роҳҳо ба ҷомеа пешниҳод мекунем."
Яке аз ин сандуқчаҳои хайриявӣ барои кӯдакони ниёзманд дар маркази дилхушии кӯдаконаи ба номи «Аладдин» гузошта шудааст. Нисфи ин сандуқча пур аз пули як ва панҷу бист сомонӣ аст. Абдулло, як масъули ин маркази кӯдакона, мегӯяд, аксари нафароне, ки ба ин қуттиҳо таваҷҷуҳ кардаву пул партофтан мехоҳанд, қаблан аз ӯ ҳатман мепурсанд, ки «Оё ин пулҳо дар воқеъ ба дасти кӯдакони ниёзманд мерасад?»: «Ҳамин суолро бештар аз мо мепурсанд. Мо ҳам намедонем, ки ин чӣ гуна истифода мешавад ин маблағҳо, барои кори хайр қабул кардему ин ҷо гузоштемаш. Қариб дар байни 7 моҳ 3-4 маротиба бурда холӣ карданд онро.»
Масъулини созмони «Дасти ёрӣ», ки чун як миёнарав дар байни афроди кумакрасон ва муҳтоҷ хизмат мекунанд, мегӯянд, имрӯз бештар аз тариқи даъватҳо дар интернет ва тариқи суратҳисоб маблағҳои хайриявӣ ҷамъоварӣ мешавад.
Созмони «Дасти ёрӣ» ки аз сӯйи як гурӯҳ ҷавонони хайрхоҳи тоҷик маҳз ба хотири кумак ба кӯдакони ятиму камбизоат таъсис ёфтааст, фаъолияти худро нахуст аз шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» шурӯъ кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба зиёд будани атфоли муҳтоҷи кӯмак ва ҳам нафарони саховатманд дар соли 2012 ин ҷавонон тасмим гирифтаанд, фаъолияти худро расмӣ ва васеъ кунанд.
Комил Арешов мегӯяд, ҳадафи аслии онҳо ҳалли мушкил ва рангин кардани зиндагии атфоли ятиму, бепарастору бемор аст, ки ғолибан аз мадди назар дур мемонанд: «Мушоҳида мекардам, ки дар кишварҳои дигар ҳамеша барои кӯдакони ниёзманд ва беҳтар шудани зиндагии онҳо кору иқдоме рӯйи даст гирифта мешавад, вале дар мо, мутаасифона, дар сатҳи зарурӣ барои кӯдакон коре карда намешавад. Ман дар ин фикр задам, ки чаро мо бо бачаҳо ин корро шурӯъ накунем. Маблағҳо ҷамъ овардаву барои кӯдакон кумакҳои мухталиф мекардем. Ин қишре аст, ки воқеан дар бисёр маворид аз таваҷҷуҳи одамон дур мондаанд ва дар аксар ҳолатҳо ҳуқуқҳояшон нақз мешавад, онҳо ба бисёр чизҳо, ҳатто ба омӯзиш дастрасӣ надоранд. Ва мо ҳам маблағҳои ҷамъовардаро на танҳо барои хариди либосу хӯрок ва туҳфаҳо ба кӯдакон сарф намекунем, балки барои рушди зеҳнии кӯдакони ятиму камбизоат ва агар аз таҳсилу мактаб дур аст, барои ба омӯзиш фаро гирифтани ӯ ё табобаташон сарф мекунем.»
Комил мегӯяд, онҳо қаблан аз ятимхонаҳо ва шароити афроди муҳтоҷи кумак дидан кардаву пасон дар фикри харҷи ҳадафмандонаи маблағҳои ҷамъоваришуда мешаванд.
Ҷамила, модари 3 фарзанди маъюб, ахиран ба воситаи созмони «Дасти ёрӣ» аз як ҷавони тоҷике аз Амрико беш аз 1000 доллар кумакпулӣ дарёфт кардааст. Фарзандони бемори ин модар пайваста ба табобат ниёз доранд, ӯ ҷое кор намекунад ва танҳо бо маоши падари фарзандон наметавонад онҳоро бо ғизои солим таъмину бо табобат фаро гирад. Ӯ мегӯяд, барои гирифтани аробачаи маъюбӣ ба фарзандон ӯ 3 сол дар навбати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ истод. Аз афроди сахиву алоҳида ин хонавода бештар кумак мегирифтааст: «Аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда дар созмони «Дасти ёрӣ» мо як бор 1000 сомонӣ барои табобати фарзандон гирифтем. Ҳамчунин, бо хӯрок ҳам баъзан кӯмак мерасонанд. Мо барои табобат бояд ба Русия ё ягон кишвари дигар равем, аммо барои табобати фақат як кӯдак аз 5 то 7 ҳазор доллар лозим аст, ки мутаассифона, ин имконро надорем мо. Ба ҳукумати шаҳр навиштем, ҳоло посух нагирифтаем.»
Созмони хайриявии «Дасти ёрӣ» имрӯз дар Душанбе танҳо созмоне нест, ки бо ҷамъоварии маблағҳои хайриявии афроди сахӣ бо истифода аз роҳҳои мухталиф ба атфоли муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар баробари қуттиҳои хайриявии ин созмон дар бархе аз мағозаву тарабхонаҳои кившар, ҳамчунин, сандуқчаҳои созмоне бо номи «Лонаро» ҳам дидан мумкин аст, ки ҳадафаш кумак ба атфоли мубталои саратон аст.
Афзоиши чунин созмону иқдомҳои хайриявӣ дар кишвар дар ҳолест, ки натиҷаҳои пажӯҳиши як бунёди кумакҳои хайрияи Бритониё дар поёни соли 2011 муайян карда буд, ки мардуми тоҷик ба фарқ аз аксар дигар ҳамсоякишварҳо бошафқату саховатмандтаранд. Тоҷикистон дар миёни 153 кишвари дунё аз ҷиҳати хайру саховатмандӣ дар мақоми 41-ум ва болотар аз кишварҳое мисли Узбакистону Русия қарор гирифта буд.