Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу Абдураззоқов: Куштани озодӣ ҳамеша ба диктатура мебарад


Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Барзу Абдураззоқов дар бораи ин намоишномаи нав ва ҳам рӯйдодҳои ахири Тоҷикистон изҳори назар кард.

Рӯзҳои 14 ва 15 июн театри драмавии русии Қирғизистон ба номи Ч. Айтматов нахустнамоиши спектакли “Хотираҳои девона”-и Барзу Абдураззоқовро аз рӯи асари Николай Гогол намоиш дод. Ин ҳафтумин асари саҳнавии коргардони маъруфи тоҷик аст, ки дар театри Қирғизистон ба саҳна гузошта мешавад. Солиёни охир ӯ дар шаҳри Бишкек зиндагӣ ва кор мекунад. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Барзу Абдураззоқов дар бораи ин намоишнома ва ҳам рӯйдодҳои ахири кишвараш изҳори назар кард.

Озодӣ:
Чаро шумо ин навбат ба асари Николай Гогол “Хотираҳои девона” муроҷиат кардед?

Абдураззоқов: Гогол – нависандаи аввали Русия аст. Достоевский мегуфт, ки “мо ҳама аз “Шинел”-и Гогол баромадаем”. Фикр мекунам, ки драматургияи ҷаҳонӣ ҳам баъди Гогол хеле иваз шуд. Ғайр аз ин, ман бо Гогол ҳеҷ вақт кор накарда будам ва ин бори аввал аст, ки ман ба ӯ рӯ овардам. Дигар ин ки мехостам асари мушкилтаринашро гирам ва як эксперимент ҳам кунам, чунки ин як моноспектакл аст. Актери хуб ҳам дорам. Мақсад ин набуд, ки ман девонагии дунёро нишон диҳам, мақсад ин буд, ки бубинем, чӣ гуна ақли одам аз мактуб ба мактуб иваз мешавад.






“Муҳити эҷодии Қирғизистон барои ман хеле хуб аст”


Озодӣ: Кору зиндагиатон дар Қирғизистон чӣ тавр мегузарад?
Абдураззоқов: Қирғизистон ватани дуюми ман аст. “Хотираҳои девона” намоишномаи ҳафтуми ман дар Қирғизистон аст. Ва аз рӯзи аввали омаданам медидам, ки чӣ қадар мардум меҳрубонанд. Барои ман чандон муҳим набуд, ки ҳоло дар Тоҷикистонам ё дар Қирғизистонам. Барои ман муҳити эҷодӣ бартар аст. Муҳити эҷодии Қирғизистон барои ман хеле хуб аст.

Озодӣ: Шунидед, ки дар Тоҷикистон мақомоти вазорати фарҳанг гуфтанд, ки мехоҳанд фаъолияти ҳунармандон ва театрҳоро ба танзим дароранд. Аз ҷумла, пеш аз сафар ба хориҷа, онҳо бояд иҷозати давлатро бигиранд. Назари шумо ба ин тасмими мақомот чист?

Абдураззоқов:
Барои эҷодкор пеш аз ҳама озодӣ муҳим аст. Эҷодкор барои он эҷодкор аст, ки озод аст. Аммо вақте танзими кори эҷодкор сар шуд, ин ҳамеша ба диктатура меорад. Фикр намекунам, ки ин кори вазорати фарҳанг дуруст бошад, пеш аз ҳама ба он хотир, ки коллективҳои эҷодии Тоҷикистон қариб ки ба ҳеҷ куҷо сафар ҳам намекунанд. Ин кори вазорати фарҳанг ягон маъно надорад. Вазорати фарҳанг бояд бо фарҳанг машғул бошад, на бо корҳое, ки як тин қадр надоранд.

Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов 55 сол дошта аз коргардонҳои маъруфи тоҷик ва фаъолони ҷамъиятист, ки солҳои охир дар Қирғизистон кору фаъолият мекунад. Ду соли охир ба ҷоизаи “Беҳтарин коргардони театри Қирғизистон” сарфароз шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав мебошад. Ҳамроҳ бо коргардони дигари тоҷик Валерий Аҳадов дар ташкили театри «Нимҷазира» ширкат кардааст. Аммо бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ кори ин театр бо гузоштани ду намоишнома қатъ шуд. Вале тӯли ин ҳама солҳо Барзу Абдураззоқов ба унвони як коргардони маъруф ва чирадаст на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он низ эътироф мешавад. 54 намоишномаи ӯ дар саҳнаҳои театри Русия, Олмон, Фаронса, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон Узбакистон ва чандин кишвари дигар пешкаши тамошобин шуда ва худи ӯ барандаи даҳҳо шоҳҷоиза ва ҷавоизи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мешавад. Беҳтарин намоишномаҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои тоҷик «Девонагӣ. Соли 1993», «Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ», «Шабпарак хоб дид», «Чор дарвеш», «Антигона», «Оттелло», «Ҳайвонотхонаи шишагӣ»-анд, ки бо истиқболи гарми тамошобин рӯбарӯ шудаанд.
Озодӣ: Худи шумо ҳам аз Тоҷикистон ба хотири ҳамин озод буданатон рафтед. Медонем, ки дар Тоҷикистон на ҳама идеяҳои шуморо дастгирӣ мекарданд, намоишномаи «Девонагӣ. Соли 1993» аз қабили ҳамин идеяҳо буд. Ҳоло яъне мешавад гуфт, ки шумо ташнагии озодихоҳии худро ба унвони як эҷодкор дар ҳамин Қирғизистон шикастед?

Абдураззоқов:
Дар Қирғизистон, худоро шукр, ҳоло муҳити эҷодӣ хуб аст. Ва барои ман ҳамин чиз аз ҳама муҳим аст. Ман дар бораи таҳаввулоти сиёсии ин ҷо хабар надорам, вале муҳити эҷодиаш назар ба он ҷое, ки омадам, хубтар аст. Ман ин ҷо озодтарам. Ба ман ин ҷо касе “ин корро кунаду инашро накунад” намегӯяд. Ман намедонам, чӣ қадар умр мебинам, вале бароям амалишавии нақшаҳоям хеле муҳим аст.


“Тоҷику қирғиз набояд хун бирезанд”

Озодӣ: Назари шумо ба моҷароҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон чист, ки имсол ҳатто боиси халалдор шудани равобити дипломатӣ ва ҳам башарии миёни ин ду кишвар шуд?

Абдураззоқов: Тоҷику қирғиз бо ҳам садсолаҳо хешу таборанд. Ҳам ҳамсоя, ҳам хеш буданд, медонем, ки зани Манас ҳам тоҷик буд. Медонем, ки зани Тиитбек, падари Қурмонбек, ки қаҳрамони миллати қирғиз аст, вай ҳам тоҷик буд. Медонем, ки дар рӯзҳои сахти қирғиз тоҷик дар бараш буд, дар бари тоҷик қирғиз буд. Агар байни ин ду миллат, худо накарда, агар моҷарое бархезад, мо тамоман танҳо мемонем. Мо бе ин ҳам дар ҷаҳон ҳеҷ касе надорем. Амрико аз мо дур аст, Русия аз мо дур аст, Ӯзбакистон қариб ки бо ҳеҷ кас дӯст нест, Қазоқистон дуртар аз мо аст, Аврупо худо медонад дар куҷо аст. Фақат тоҷику қирғиз наздиканд. Бародаранд бо ҳам, менталитети монанд доранд, меҳрубону меҳмондӯстанд. Ҳазорҳо бор “Худо” мегӯям... Медонам, ки мақсади касе ҷанг овардан дар байни миллатҳои мо аст. Ман инро намехоҳам. Мумкин нест. Ман ба ҳамаи қирғизҳо дар ин ҷо мегӯям, ба тоҷикҳо дар он ҷо мегӯям, ки “бародарҳо, байни хешу табор ҳар чиз мешавад. Аммо - на ҷанг”. Тоҷику қирғиз набояд хун бирезанд, вагарна тамоман аз дунё канда мешаванд. Барои он ки такягоҳи ҳамдигаранд. Худо гӯем, ки ҳеҷ вақт ҷанг нашавад.


Дар масъалаи Зайд Саидов: “Ҳеҷ кор аз дастам наомад”

Озодӣ: Шумо ҳукми ҳабси соҳибкори маъруф Зайд Саидовро ошкоро маҳкум кардед ва аз президент хостед, ки ба сарнавишти ӯ мудохила кунад. Ба назар мерасад, ки додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукми 26 соли зиндонро бозбинӣ кардан намехоҳанд. Шумо ба ин чиз чӣ назар доред?
Абдураззоқов: Зайд дӯсти ман аст. Зайд аз он инсонҳоест, ки барои ман, ҳамчун як тоҷик, як эталон – намунаи одамият буд, эталони мардӣ буд, эталони саховатмандӣ буд, эталони имон буд. Вақте Зайдро шинонданд, ман наметавонистам ҳамроҳаш набошам. Ман ҳуқуқи инсонӣ надоштам, ки ҳамроҳаш набошам. Ва ҳеҷ кор аз дастам наомад. Имрӯз фақат мехоҳам, ки Худованд ба Зайд сабру тоқат диҳад. Ҳамааш аз худост...

Ҳамла ба Кабирӣ – “ифлосу зишт аст”

Озодӣ: Ба назар мерасад, ки фишор болои мухолифон дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Чанд рӯз пеш дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳи номаълуме ба сӯи раҳбари ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамла карда, аз помидору тухм истифода кард. Худи Муҳиддин Кабирӣ осеб надид. Шумо дар ин бора хабар доред?

Абдураззоқов: Хеле мутаассифам, хеле. Ҳамаи ин ифлосу зишт аст.

Дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон...

Озодӣ: Оё дар саҳнаи театрии Тоҷикистон ҳам мехоҳед кадом намоишномаеро гузоред ва дар кадом мавзӯъ хоҳад буд?

Абдураззоқов: Даъват кунанд, меоям. Баъд дар он ҷо фикр мекунам. Ба фикрам даъват карданӣ ҳам нестанд. То он вақт ки даъват накунанд, ман дар ин мавзӯъ фикр карданӣ нестам.
XS
SM
MD
LG