Баръакси гузориши тозаи World Happiness Report, ки мардуми узбаку,қирғиз ва туркману қазоқро аз тоҷикон хушбахттар арзёбӣ кардааст, ҳеҷ ҳамсуҳбати мо дар Душанбе худро бадбахт намедонад. Аксари хонаводаҳои тоҷик сиҳҳатӣ, ва оромиро меъёри аслии хушбахтӣ медонанд ва мегӯянд, ки то ҳол ин меъёр халал надидааст.
Аммо дар раддабандии кишварҳои хушбахти дунё,ки Шабакаи иҷтимоии рушди устувори СММ бо кумаки донишмандони Пажӯҳишгоҳи Замини Донишгоҳи Колумбияи Амрико, ахиран таҳия ва нашр кард, Тоҷикистон дар миёни 156 кишвари дунё дар мақоми 100-ум қарор гирифтааст. Тибқи ин раддабандӣ, сокинони Узбакистон аз хушбахтаринҳо дар ҳудуди кишварҳои Шӯравии собиқ будаанд.
World Happiness Report бар асоси меъёрҳое, чун вазъи кишвар, ҳаҷми даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ, ҳимояти иҷтимоӣ, вазъи саломатӣ ва тӯли умри инсонҳо, ҳаққи афрод ба интихоби роҳи зиндагӣ, саховатмандӣ ва ҳам таъсири фасод таҳия мешавад.
Ҷумъагул Ҷонмуҳаммадова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд маоше ки ӯ ҳамчун ҳамшираи шафқат мегирад аз ин моҳ то моҳи дигар базӯр мерасад. Аммо бо ин ҳам ӯ пулу молро барои худ ва хонаводааш меъёри хушбахтӣ намешуморад.
"Ман ҳаракат мекунам, ки бо ҳамин маош рӯзамро пеш барам. Ҳоло зиндагӣ ҳамин аст. Хушбахтӣ ин дар озодии мо аст, ки мо метавонем бе мушкил гашту гузор кунем,”- мегӯяд хонум Ҷумъагул.
Хонаводаи Сангинмурод Қурбонов, сокини 64 -солаи шаҳри Душанбе, аз 52 нафар иборат буда, ҳама дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд. “Бо ними нон қаноат кардану зиндагӣ доштан мумкин аст. Мо мебинем, ки дар кишварҳои Африқо мардум барои як қатра об мӯҳтоҷанд. Дар ҳоле, ки ватани мо аз чунин сарват бой аст. Ин мояи хушбахтии мост. Аз тарафи дигар ман хушхбахтимро дар ваҳдати оила, дастаҷамъӣ, ҳамнишиниву ҳамсӯҳбатии якдигар мебинам. Вақте шумо мебинед, фарзандон ва набераҳои шумо бо лабханд, даву тоз ва хушҳолӣ мекунанд, ба фикрам оила аз ин бештар хушбахт будан наметавонад,”-мегӯяд Сангинмурод Қурбонов.
Шарифа Алиева,сокини дигари шаҳри Душанбе аз шароити зиндагӣ ва сиҳатии худ изҳори қаноатмандӣ мекунад ва мегӯяд, сиҳатии инсон мояи хушбахтӣ аст на пулу мол. “Ҳар қадар пул зиёд бошад, мушкилот зиёд мешавад. На барҳанаем, на гушна, ба ҳар чизе ҳаст шукр мегӯем. Муҳим аз ҳама зиндагии осуда ва саломатӣ дорем,” - гуфт ӯ.
Онҳое, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши афкори умум машғуланд, мегӯянд, тоҷикон ҳамеша дар сӯҳбати рӯ ба рӯ кӯшиш мекунанд аз камбудиҳои зиндагии худро ё норозӣ будани худро аз зиндагӣ пинҳон нигаҳ доранд. Дар ҳоле ки гузоришҳои мисли World Happiness Report бар асоси пажӯҳишҳо, пурсишҳо ва таҳлилҳои намояндагии СММ дар кишварҳо навишта мешаванд.
Гузоришгарон дар соли 2015 бо фаро гирифтани наздики 4 ҳазор нафар ба пурсиш дар Тоҷикистон дар шароите дарҷаи хушбахтии онҳоро муайян карданд, ки кишвар аз таъсирҳои манфии буҳрони иқтисодӣ ранҷ мебарад. Таъсири манфии бӯҳрон ба Тоҷикистон дар пайи рукуди иқтисоди Русия, ихроҷи муҳоҷирон аз ин икшвар ва уфти бесобиқаи қурби рубли русӣ расид. Ҷайби хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ пур мешуд, ки аз як сӯ аз ҳисоби ихроҷи муҳоҷирон ва аз сӯи дигар, бинобар уфти қурби рубли руси тиҳитар шуд.
Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази назарсанҷии «Зеркало» дар шаҳри Душанбе мегӯяд, маъмулан ҳангоми гузаронидани чунин пурсишаҳо махфияти сокинон нигоҳ дошта мешавад,ки ошкоргуии онҳоро осонтар мекунад.
Ӯ мегӯяд: ”Натиҷаҳои гузориш дар пайи ҳам анҷоми пурсиш миёни мардум ва ҳам муқоисаи рақамҳои оморӣ,доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ муайян шудаанд, ки ба ҳақиқат наздик аст. Дар ин гузориш Узбакистон дар ҷойи 49 ва Тоҷикистон дар мавқеъи 100-ум оварда шудааст. Ин ду кишвар қариб шароит ва менталитети якхела доранд. Аммо чун нишондиҳандаҳои оморӣ, иқтисодӣ ва макроиқтисодӣ ҳамроҳ шуд, Узбакистон, албатта, пештар мегузарад.”
Навмедӣ ё худро хушбахт надонистан ба табиати мардуми тоҷик ва умуман мардуми мусалмон хос нест ва онҳо дар ҳар ҳолат шукргузорӣ мекунанд ва худро хушбахт мешуморанд. Дар замони Шӯравӣ низоми давр таблиғ мекард, ки зиндагӣ дар кишвари бузурге чун Шӯравӣ худ камоли хушбахтист. Чунин рӯҳияро мардуми Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба мерос гирифтаанд. Омили дигар таҷрибаи чандсолаи ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки мардумро дар интихоби хубу бад маҳдуд мекунад ва бо вуҷуди мушкилоти фаровони рӯзгор, бисёриҳо дар посух ба ин суол, ки оё шумо хушбахт ҳастед?, посухи мусбат медиҳанд.