Ёрӣ ба ҷои хидмат. Тавсияи HRWF ба Тоҷикистон дар бораи як созмони динӣ

Брюссел

Human Rights Without Frontiers (Ҳуқуқи Башари Бидуни Марз) аз вазъи пайравони “Шоҳидони Яҳво” (Jehovah's Witnesses) дар Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ кардааст.

Масъулони ин созмони ҳомии ҳуқуқ дар Белгия рӯзи 8-уми ноябр дар эъломияе аз Иттиҳоди Аврупо хостаанд, ки дар нишасти қарибулвуқуъ бо намояндагони Душанбе ин мавзуъро бардоранд. Ба иттилои созмон, Муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи башар рӯзи 19-уми ноябр дар Брюссел хоҳад гузашт.

“Шоҳидони Яҳво” як созмони ғайриисломӣ аст, ки фаъолияташ ҳабдаҳ сол боз дар Тоҷикистон мамнуъст. Масъулони Human Rights Without Frontiers тавсия додаанд, ки Тоҷикистон онро дигарбора номнавис карда, ба таъқиби пайравонаш поён бидиҳад. Эътирофи ҳуқуқи аъзои “Шоҳидони Яҳво” барои нарафтан ба артиши Тоҷикистон ва эҷоди хидмати алтернативии ғайринизомӣ аз хостҳои дигари созмон аст.

Вилли Фаутре, мудир ва ҳаммуассиси Human Rights Without Frontiers

Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2021 тарҳи нави қонунро дар бораи хидмати ҳарбӣ пазируфт. Тибқи он, даъватшавандаҳо метавонанд бо пардохти пул ва як моҳ тамрини низомӣ аз идомаи хидмат озод шаванд. Human Rights Without Frontiers гуфтааст, ин меъёр барои “Шоҳидони Яҳво” қобили қабул нест.

Пайравони “Шоҳидони Яҳво”, бино ба боварҳои худ, пӯшидани либоси низомӣ ва гирифтани силоҳро дуруст намешуморанд. Онҳо дар иваз хидмати алтернативиро пешниҳод мекунанд, ки аз ёрӣ ба пирону дармондагон иборат аст, вале дар Тоҷикистон ин навъи хидмат эътироф нашудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2021 “Шоҳидони Яҳво”-ро ба феҳрасти 29 созмони ифротгарову террористӣ дохил кард. Ягона созмони динии ғайриисломӣ дар миёни ҷунбиши мухолифони ҳукумат ва гурӯҳҳои тундрави исломӣ.

Human Rights Without Frontiers мегӯяд, ин тасмим дар як мурофиаи пинҳонӣ эълон шуда, намояндагони “Шоҳидони Яҳво” ҳадди ақал то моҳи январи соли 2023 аз қарор огоҳ набуданд ва барои дифоъ аз худу мавқеашон низ имкон надоштанд.

Илова бар ин, ба гуфтаи масъулони созмон, маъмурони Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД пайваста ба хонаи пайравони “Шоҳидони Яҳво” дар Тоҷикистон рафта, аз онҳо мепурсанд, ки оё узви “созмони ифротгаро” мондаанд ё не. “Маъмурони пулис дар Душанбе ду занро, ки ба таври осоишта эътиқоди худро ба дигарон мефаҳмонданд, боздошт ва бозпурсӣ карданд,” -- гуфта шудааст дар эъломия. Мавқеи мақомоти Тоҷикистон маълум нест.

То кунун чанд пайрави “Шоҳидони Яҳво” дар Тоҷикистон дастгиру зиндонӣ шудаанд. Рустамҷон Норов яке аз онҳост, ки соли 2020 бо гумони сохтакории ҳуҷҷати пизишкӣ ва нарафтан ба артиш дастгир шуд.

Моҳи сентябри соли 2019 Шамил Ҳакимов бо айбномаи барангехтани кинаву адоват ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум ва соли 2023 озод гашт. Муҳлати ҳабси ӯро бар асоси қонуни афв кам карданд.

Соли 2018 додгоҳе дар Тоҷикистон Даниил Исломов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва як пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро бо гуноҳи саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш ба ним сол ҳабс маҳкум кард.

Созмони “Шоҳидони Яҳво” соли 1997 фаъолияташро дар Тоҷикистон қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли ғайриисломӣ шинохта мешуд. Соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури динро ба уҳда дошт, мамнуъ эълон шуд ва додгоҳ низ ин қарорро тасдиқ кард.

Намояндагони созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) мақомоти Тоҷикистонро барои ин тасмим танқид карда, хоҳони бозбинии он шуданд, вале посухи мусбат нагирифтанд.