Порлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун "Дар бораи ба рӯйхатгирии аҳолӣ"-ро тасвиб кард, ки бар асоси он соли оянда аз сокинон дар бораи пайрави кадом дину мазҳаб буданашон суол мешавад. Ин лоиҳа пас аз ҷонибдории Маҷлиси миллӣ ва ризоияти президент ҳукми амал хоҳад гирифт.
Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки 99 дар сади аҳолии кишвар мусалмон аст, вале то кунун ҳеҷ назапурсии сартосарӣ дар ин замина анҷом нашуда, ин адад аз 99 то 96% поину боло меравад.
Абдуҳалим Ғаффоров, узви кумитаи порлумон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, маълум аст, ки аксар сокинони Тоҷикистон пайрави дини ислом ҳастанд, вале замони барӯйхатгирии навбатӣ он бояд дақиқтар шавад.
"Мо ҳангоми сӯҳбатҳо ҳамеша мегӯем, ки наваду чанд дар сади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини ислом ҳастанд. Ҳоло мақсад ин аст, ки бар асоси омор бубинем, ки чӣ қадар одамон ба дини ислом, масеҳӣ ва дигар дину оинҳо пайравӣ мекунанд ва ё бедин ҳастанд",-гуфт вакили порлумони Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вакил, ин гуна омор барои худи давлат, ки эътиқоди сокинонаш ба динро бояд донад, барои созмонҳои байналмилалие, ки мехоҳанд дар ин кишвар кор кунанд, лозим аст. Маъмулан, ба гуфтаи ӯ, ҳар хориҷӣ пеш аз сафар ба кишваре урфу одат ва диндории аҳолии як кишварро меомӯзад, то ҳангоми сафар хилофи эътиқоди мардум амал накунад. Вале пайравони дину ойин ва мазҳабҳои гуногун шояд ҳадафи чунин пурсишро аз зовияи худ арзёбӣ кунанд, зеро дар ин пурсиш, ба ҷуз аз дин, инчунин пайрави кадом мазҳаб будан низ пурсида хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон маъмулан дар даҳ сол як бор Оҷонсии омор дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои дохиливу хориҷӣ аҳолии кишварро рӯйхат мекунад. Иттифоқан дар соли 2020 дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон саршумори аҳолӣ ҷараён хоҳад ёфт.
Бо баргузории он давлатҳо шароити демографии худ, теъдоди аҳолӣ аз лиҳози синнусол, зичии аҳолӣ дар минтақаҳои муайян, даромади хонаводаҳо ва дороии онҳоро муайян мекунанд. Сипас ин маълумот барои тарҳрезии сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тақсимоти буҷа, таъйини ҳавзаҳои интихоботӣ ба кор меравад.
Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон пурсишҳои марбут ба дину эътиқод вуҷуд надоранд ё ҳадди ақал посух додан ба онҳо ҳатмӣ нест.
Қиёмиддин Давлатзода, масъули Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, зимни саршумори аҳолӣ дар ду даҳсолаи гузашта саволи "пайравӣ ба дин" пурсида нашудааст. Ӯ гуфт, омори алоҳидае дар гузашта дар мавриди диндории сокинон вуҷуд дошт, вале ин савол дар саволномаи нуфусшуморӣ нав аст ва бори аввал дода хоҳад шуд.
"Ин пешниҳоди вакилони порлумон аст, ки ҳоло расмӣ нашудааст. Дар ҳақиқат пештар ба ҳамин шакл, яъне "пайравӣ ба дин" савол набуд", - гуфт ӯ.
Мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки аксари шаҳрвандони кишвар мусалмон ва пайравӣ мазҳаби ҳанафӣ ва қисман исмоилӣ ҳастанд. Дар бораи теъдоди пайравони дигар адён, аз пайравони дини масеҳӣ, омори гуногун садо медиҳад.
Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, маълум кардани шумораи эътиқодмандон ба дину мазҳабҳои гуногун дар аксар кишварҳои ҷаҳон як кори маъмулӣ аст, вале дар Тоҷикистон ба ҷуз пайравони дини ислом, эҳтимол пайравони дигар динҳо эътиқоди воқеии худро ошкор накунанд.
Дар гузашта ҳодисаҳои азият додани пайравони дигар динҳо, аз ҷумла масеҳиён ва зардуштиён дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Ба ин сабаб, барои мавриди таҳқир ё ҳамлаи лафзӣ қарор нагирифтан бисёре аз тоҷиконе, ки ба дигар динҳо гаравидаанд, кушиш мекунанд, эътиқоди худро пинҳон доранд.
Музаффар Олимов мегӯяд, ба хотири посухи дуруст гифиртан аз мардум афроде, ки ин пурсишро анҷом медиҳанд, бояд омодагии вижа дошта бошанд ва сокинон аз ин саволи гумону шубҳаи дигаре накунанд.
"Шояд аксар гӯянд, ки мусалмонем, вале дар гуфтани мазҳабашон мушкилӣ кашанд. Пайравони дигар дин ё бединон дар посух додан эҳтиёт мекунанд. Агар мардум посухҳои дуруст диҳанд, ин маълумот барои коршиносон муҳим аст,",-гуфт ӯ. Ин ҷомеашиноси тоҷик, ки дар гузашта, дар назарпурсиҳои ҷудогона дар бораи диндории сокинони Тоҷикистон иштирок кардааст, мегӯяд, шумораи мусалмонон бо эҳтимоли зиёд на камтар аз 90 дарсади аҳолӣ хоҳад буд.
Дар Тоҷикистон пайравони дигар динҳо ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҳоло беш аз 70 созмони динии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки ҳадафашон бештар муттаҳид ва кӯмак кардан ба эътиқодмандони дини мавриди назарашон аст.
Калисои баптистӣ яке аз онҳост. Пайравони мазҳаби "Шоҳидони Яҳво" ҳадафи фишор қарор гирифтаанд. Дар гузашта теъдоди ин созмонҳо ба беш аз ҳаштод мерасид. Аммо пас аз қабули Қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ дар соли 2009, ин созмонҳо маҷбур шуданд, дубора номнавис шаванд. Дар натиҷа, чанде аз чунин созмонҳо ё аз қайди давлатӣ нагузаштанд ё маҷбур шуданд, ба фаъолияти худ нуқта гузоранд.
Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динии исломӣ ва ғайриисломӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад.
Аз ҷумла, Амрико дар гузориши соли 2015 аз Тоҷикистон хоста буд, ки ба уҳдадориҳои байналмилалии оид ба эҳтироми озодии дин ва эътиқод пойбанд бимонад ва "сабти номи такрории созмонҳои ғайриисломӣ, маҳдудиятҳо, чоп ва воридоти адабиёти диниро бозбинӣ намояд". Дар Тоҷикистон мазҳаби ҳанафия тақрибан ҷойгоҳи давлатӣ дорад ва фаразан, пайравони ҷараёни "Салафия" боздошт ва муҷозот мешаванд.