Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "ҲНИ" то "Новий Таджикистан 2". Рӯйхати "террористон" дар Тоҷикистон барӯз карда шуд


Муҳокимаи ҳашт сокини ноҳияи Қубодиён ба иттиҳоми пайравӣ аз ДОИШ. Вилояти Хатлон, 2016
Муҳокимаи ҳашт сокини ноҳияи Қубодиён ба иттиҳоми пайравӣ аз ДОИШ. Вилояти Хатлон, 2016

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май рӯйхати 29 созмони "мамнуъ"-ро дар ҷумҳурӣ бознашр кард ва аз сокинон хост, ки бо онҳо ҳамкорӣ ва ё ақидаашонро таблиғу пайравӣ накунанд, чун ҷазо дорад. Бахши асосии созмонҳои “мамнуъ” исломӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои ҷангҷӯ буда, қисме сиёсӣ ва ғайриисломӣ ҳастанд.

Ин рӯйхат бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Ал-Қоида”-ву “Толибон” сар шуда, “Гурӯҳи 24”, “Pamir Daily News”, “Новий Таджикистан-2”, “Салафия”, “Ансоруллоҳ” ва “Вилояти Хуросон”-и ДОИШ-ро дар бар мегирад. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро ифротгаро ва террористӣ дониста, фаъолияташонро дар солҳои гуногун манъ кардаанд.

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24” ва “Pamir Daily News” худро мухолифи ҳукумат ва фаъолияташонро қонунӣ, аммо қарори Додгоҳи олиро дорои ангезаи сиёсӣ ва ғайриқонунӣ медонанд. Ин созмонҳо аз соли 2014 боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳузур доранд.

Гурӯҳи “Толибон”, ки дар ин феҳрист қарор дорад, беш аз се сол боз ҳокими Афғонистон аст. Мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигар то ҳанӯз ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтаанд, аммо дар масъалаҳои иқтисодӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Афғонистони зери итоати “Толибон” барқ содир мекунад.

“Шоҳидони Яҳво” ягона созмони динии ғайриисломист, ки ба феҳристи созмонҳои ифротгаро ва террористӣ дар Тоҷикистон дохил шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пайравони он чанде аз қонунҳоро риоя накарда, ҷавононро аз хидмати сарбозӣ боздоштаанд. Масъулони созмон пайваста таъкид мекунанд, ки ба ҳеч кори хато ё қонуншиканӣ роҳ надодаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон сабаби бознашри феҳристи созмонҳои “мамнуъ”-ро нагуфта, танҳо ёдрас шудааст, ки барои ҷонибдорӣ ё пайравӣ аз онҳо дар умум аз панҷ то дувоздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад. “Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад,” – гуфта шудааст дар эъломияи расмӣ.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки иқдоми Тоҷикистонро барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ пуштибонӣ мекунанд, вале аз суистифода аз “созмонҳои мамнуъ” норозиянд.

Намоядагони Human Rights Watch, Freedom House ва Amnesty International бовар доранд, ки мақомоти Тоҷикистон барои боздошту ҳабси рӯзноманигорон ва мухолифону фаъолони маданӣ асосан аз ин иттиҳом кор мегиранд. Ҳашт хабарнигору блогери тоҷик дар солҳои 2022 ва 2023 бо ҳамин иттиҳом зиндонӣ шудаанд.

Феҳристи созмонҳое, ки фаъолияташон бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон манъ шудааст:

  1. Ҳизби наҳзати исломӣ
  2. "Ал-Қоида"
  3. Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ
  4. Ҳизби исломии Туркистон (Ҳаракати исломии Узбекистон)
  5. Ҳаракати "Толибон"
  6. "Бародарони Мусулмон"
  7. Ташкилоти "Лашкари Тайиба"
  8. Гурӯҳи исломӣ (Ҷаъмияти исломии Покистон)
  9. "Ҷамъияти Таблиғ"
  10. Ташкилоти динӣ-мубаллиғии "Созмони Таблиғот"
  11. "Тоҷикистони Озод"
  12. "Ҳизби Таҳрир"
  13. "Ҳизб-ут-таҳрир"
  14. Равияи динии "Салафия"
  15. Ҷамоати "Ансоруллоҳ"
  16. Ҳаракати ҷамъиятии "Гурӯҳи 24"
  17. Ташкилоти "Давлати исломӣ" (Давлати исломии Ироқу Шом)
  18. "Ҷабҳат-ун-Нусра" (Ҷабҳат-ан-Нусра)
  19. "Паймони миллии Тоҷикистон"
  20. "Ҷанги муқаддас" (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии мисрӣ)
  21. "Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ"
  22. "Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ"
  23. "Хонаи ду зиёратгоҳ" (Ал-Ҳарамайн, Дом двух святих)
  24. "Ҷунд-аш-Шом" (Артиши Шоми Бузург)
  25. "Ҷиҳоди Исломӣ" – "Ҷамоати муҷоҳиддин"
  26. Иттиҳоди экстремистии "Шоҳидони Яҳво"
  27. Ташкилоти "Pamir Daily News"
  28. Ташкилоти террористӣ-экстремистии "Давлати исломии вилояти Хуросон"
  29. Ташкилоти экстремистии "Новий Таджикистан 2"
XS
SM
MD
LG