Зикриё Мирзоеви 60-сола, корманди пешини бахши аудит дар Кумитаи андози Тоҷикистонро, соли 2016 Додгоҳи Турсунзода ба порагирӣ гунаҳкор кардааст. Худаш мегӯяд, парвандааш сохта ва тӯҳмат аст, чун на вақти гирифтани пора, балки танҳо “бо даъвои беасоси як соҳибкор” ҷазо гирифтааст. Бовар дорад, агар парвандааш бозбинӣ шавад, ӯ “сафед” мешавад. Додраси парванда мегӯяд, ҳукмро бар асоси далел содир кардааст.
“Чаро номи ман бояд сиёҳ бошад?”
Додгоҳ Зикриё Мирзоевро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард, вале афв шуд ва танҳо як моҳ дар зиндон будааст. Баъди ин кори ӯ навиштани нома ва додхоҳӣ назди идораҳои дахлдор аст. Аризаҳои ӯ аз се рӯз то ду сол дар аксари идораҳои Тоҷикистон дармондаанд, вале посухҳо шабеҳи ҳаманд.
“Бисёриҳо мегӯянд, “туро ҷазои сахт надодаанд ва дар зиндон ҳам солҳои тӯлонӣ набудӣ, чаро солҳо боз даъво дорӣ?” Мегӯям, ки маро дард мекунад, ки беасос маро ҷазо доданд. Ман на пора гирифтаам, на маро касе пора додааст, барои чӣ бояд номи ман сиёҳ бошад?”,--мегӯяд ӯ.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳ Зикриё Мирзоевро ба он гунаҳкор кардааст, ки гуиё ҳангоми тафтиши кори Шӯъбаи андози шаҳри Турсунзода, аз бародари як соҳибкор 5 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар парванда, ки Радиои Озодӣ ба он шинос шуд, Ҳайдаров Шуҳрат, бародари як соҳибкор гуфтааст, ки Мирзоев ҳангоми тафтиши корхонаи мебелбарории онҳо, 35 ҳазор сомонӣ андози носупурдаро ошкор кардааст. Барои кам кардани ин пул гуиё Зикриё Мирзоев пора хостааст. Танҳо далел сабти садост, ки ба додгоҳ пешниҳод шудааст. Дар он соҳибкор мегӯяд, ки “ман ба Дилшод 5 ҳазор додам”.
Дилшод кист?
Дар идома садое аз Зикриё Мирзоев нест, ки ин ҳарфро тасдиқ карда бошад. Додгоҳ гуфтааст, шахсияти Дилшодро маълум накардаанд.
“Дилшод раҳбари гурӯҳи корӣ буд. Дар сабт мегӯяд, ки ман панҷ ҳазор ба Дилшод додам. Дар ягон ҷо номи ман нест. Ҳеч ҷое ҳам ман нагуфтам, ки пул гирифтаам. Ҳеч исботе нест. Ба раиси суд гуфтам, ки дар садое, ки ҳамчун далел пешниҳод карданд, бо забони худаш мегӯяд, ки панҷ ҳазорро ба Дилшод додаам. Раис суд гуфт, ки “Дилшодро ту пайдо кун”. Гуфтам, ман ҳуқуқи кофтан надорам. Гуфт, инҷо ду Дилшод аст. Бовари комил дорам, ки агар далелҳои маро бинанд, бегуноҳиам пурра исбот мешавад. Мутаасифона парвандаро аз сар баррасӣ намекунанд,”—гуфт ӯ.
Шуҳрат Ҳайдаров, бародари соҳибкор, даъвогари аслӣ дар парванда нахост бо мо суҳбат кунад. Маҳмадисо Саидзода, додраси парвандаи Зикриё Мирзоев, ки ҳоло адвокат аст, мегӯяд, ҳукмаш одилона буд ва ҳама далелҳо дар парванда вуҷуд дорад.
Дар парванда, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба ҷуз шоҳидии соҳибкор ҳеч далели пора гирифтани корманди собиқи Кумитаи андоз ҷой надорад. Касе ҳам шоҳиди надодааст, ки пора гирифитани ӯро дидааст.
Ин аст, ки Зикриё Мирзоев мӯътақид аст, ки гуноҳе надорад ва аксари рӯзашро пушти дари идораҳо мегузаронад.
Талоши мулоқот бо Рустами Эмомалӣ ва шубҳаи Ятимов
Зикриё Мирзоев мегӯяд, ду сол пеш борҳо талош кард, то бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ мулоқот кунад, чун аз нигоҳи қонун ӯ ҳақ дорад, супориши бозбинии парвандаро диҳад. Пас аз моҳҳо талош ва интизории зиёд дар назди бинои ҳукумати шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ӯ шубҳа мекунад ва бахши мубориза бо терроризм ӯро ба бинои КДАМ меоранд.
“Саидмӯъмин Ятимов маро ба ҳузур пазируфт ва гуфт, ки дар назди бинои ҳукумати шаҳр чӣ мекобӣ? Гуфтам, ман ҳукумати шаҳр нарафтам, балки назди Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ рафтам. Шахси дуюме, ки кафолати иҷрои қонунро ба ӯҳда гирифтааст. Гуфтанд, ки аризаатро мегирем, ба бахши тафтишот медиҳам. Агар бегуноҳиатро исбот карда натавонистӣ, ҷавобатро медиҳам, дигар ғам надеҳ. Гуфтам, агар исбот кунам, чӣ? Гуфт, ба мақомотҳои дахлдор нома менависад, ки парвандаатро аз сар бинанд. Исбот кардам, КДАМ ҳам ба прокуратураи генералӣ мактуб карданд, лекин онҷо маро даъват накарда, як корманди ҷавон ба ман ҷавоб менависад, ки дида баромадем, вале натиҷа ҳеч. Иҷозат намедиҳанд, ки ба қабули прокуратураи генералӣ дароям,”—гуфт ӯ.
Баҳси “ҳукми сафед” дар Тоҷикистон
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар мавридҳои нодире афроди муттаҳам ба ҷиноятреро “сафед” кардаанд ва солҳои ахир мавриди бегуноҳ эълон кардани боздоштшудаҳо дар ин кишвар тақрибан мушоҳида намешавад.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, як тамоюл миёни додрасҳо маъмул шудааст, ки аз ҳар ниҳоде, ки парванда ворид мешавад, онро пас намегардонанд ва додгоҳҳои зинаи болоӣ ҳам ҳукми додгоҳҳои поёнро тағйир намедиҳанд.
“Судҳо мустақил нестанд. Ҳоло аксаран онҳо ҳар парвандае, ки аз мақомотҳои тафтишотӣ ворид мешавад, пас намегардонанд. Чунин ақидаи нодуруст пайдо шудааст, ки дигар муфаттиши прокуратураву милисаву дигар ниҳодҳо гӯиё хато намекунад. Агар судя ҳукмро тағйир диҳад ё парвандаро пас гардонад, ин мисли як зарар ба мақомаш гӯё мешавад. Онҳо намехоҳанд, муносибаташонро бо дигар мақомот бад кунанд. Судҳои зинаи болоӣ танҳо ба хотири ҳамрайъӣ ҳукми ҳамдигарро тағйир намедиҳанд,”—гуфт Ҷамшед Ёров.
Додгоҳи олии Тоҷикистон имсол эълон кард, ки 94 ҳазор парванда баррасӣ шудааст ва ягон ҳукми сафед содир накардааст. Бозгашт ба ҳукмҳои пешина низ кам рух медиҳад. Махсусан дар ҳоле ки парвандаҳо печидаанд ва тафтишоти иловагӣ далели нав ва қатъӣ оварда наметавонад. Аммо Зикриё Мирзоев дар орзуи он аст, ки ҳукмаш бекор шавад. Ӯ мегӯяд, на мансаб мехоҳад на интиқом аз додрасҳо, балки то охирин нафас талош хоҳад кард, ки бегуноҳии худро собит кунад. Вай намедонад, чаро мақомот намехоҳанд, ба ин қазия нуқта гузоранд.