Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро додрасҳои Суғд дигар касеро бегуноҳ эълон намекунанд?


Додрасҳои вилояти Суғд пас аз боздошт ва зиндонӣ шудани як ҳамкасбашон, ки бо "ҳукми сафед"-аш маъруф гаштааст, дигар чунин ҳукмеро содир накардаанд. Рустам Саидаҳмадзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2021 як сокини ҳамин ноҳияро бегуноҳ эълон кард ва дертар худаш ҷазо гирифт.

Масъулони Додгоҳи вилояти Суғд гуфтанд, ки дар соли 2023 аз миёни садҳо парванда нафаре “ҳукми сафед” нагирифт. Аксар мурофиаҳои додгоҳӣ бо зиндон ва ҷарима поён ёфтааст.

“Парвандаҳое, ки пешниҳод шуданд, тасдиқи худро ёфтаанд. Агар тасдиқ намешуд, албатта, суд қарор қабул мекард. Ё ҳукми сафед мебарорад ва ё маҳкум мекунад,” – гуфт Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси Додгоҳи Суғд дар моҳи феврали имсол.

Додрасҳои вилоят сабаби содир нашудани ҳукмҳои ба истилоҳ “сафед”-ро ба натиҷаи “кори хуби муфаттишон” пайванд доданд. Се сол пештар чунин ҳукмҳоро Додгоҳи Суғд сабт ва расонаӣ мекард.

Охиринаш соли 2021 буд, ки онро Рустам Саидаҳмадзода содир кардааст. Вале ӯ ва котибааш Азиза Ҳайдарова баъд аз он ҳукм бо душвориҳои зиёди ҳуқуқӣ гирифтор ва солҳои зиёд зиндонӣ шуданд. Саидаҳмадзода худро бегуноҳ хондааст.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, “арзишҳои дигар вуҷуд дорад, аз ҷумла падида ва зуҳуроти номатлуб ба мисли робитаҳои авлодӣ, ҳамсабақ будан, муносибатҳои иқтисодӣ ва ғайра. Онҳо аз мақомоти милиса, амниятӣ, додситон забонкӯтоҳ ҳастанд. Агар воқеан хоҳем, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо бештари мардум бегуноҳ шавад ва суд баҳои ҳақиқӣ диҳад, ба ин чиз низ бояд мутаваҷҷеҳ шуд.”

Додрасҳои минтақаҳои дигари Тоҷикистон дар соли 2023 даҳ ҳукми сафед содир кардаанд.

Ба қавли Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, саркашӣ аз пардохти алимент, қаллобӣ, қасдан расондани зарар ба саломатӣ, латукӯб ва вайрон кардани дахлнопазирии манзил аз парвандаҳое будаанд, ки нисбат ба онҳо “ҳукми сафед” қабул шудааст. Мунтақидон борҳо аз вазъи низоми додгоҳии кишвар ва ночиз будани ҳукмҳои "сафед" нигаронӣ кардаанд.

Дар аксар кишварҳои дунё пас аз баҳсҳои дароз, дар сурати собит нашудани айбе, ки мақомоти тафтишотӣ пешниҳод кардаанд, боздоштшудаҳо аз ҷониби додгоҳ бегуноҳ эълон ва озод мешаванд. Солҳои гузашта аҳёнан дар Тоҷикистон чунин ҳукмҳо содир мешуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро дигар додрасҳои Суғд касеро бегуноҳ эълон намекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
XS
SM
MD
LG