Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷазо"-и додраси машҳур ба ҳукми "сафед"-ро кам карданд


Рустам Саидаҳмадзода
Рустам Саидаҳмадзода

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Рустам Саидаҳмадзода, собиқ додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро кам кардааст. Саидаҳмадзода моҳи апрели имсол дар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм 1,5 солашро кам кардааст.

Як масъули Додгоҳи олӣ 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, зинаи кассатсионӣ охири ҳафтаи гузашта ҳукми Рустам Саидаҳмадзодаро тағйир дод.

Ҳоло маълум нест, ки Рустам Саидаҳамадзода боз шикоят мекунад ё не. Ин додраси пешин моҳи апрел дар сухани охиринаш иттиҳомҳоро рад карда, талаб намуда буд, ки ӯро озод кунанд.

Агарчӣ Рустам Саидаҳмадзода моҳи апрел ба зиндон маҳкум шуда буд, вале Додгоҳи олӣ ва ҳам пайвандонаш ҳукми ӯро то ин дам махфӣ нигоҳ медоштанд.

Додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам мекунанд, аммо Саидаҳмадзода дар сухани охиринаш ҳама иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ хонда буд.

Қазияи Рустам Саидаҳмадзода асосан барои содир кардани ҳукми сафед боис ба таваҷҷуҳ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукмҳои сафед каманд.

XS
SM
MD
LG