Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён парвандаи додраси машҳур бо "ҳукми сафед"-ро шарҳ дод


Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо "ҳукми сафед"-аш машҳур аст ва ду ҳафта пеш дастгир шуд, шарҳ дод. Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 14-уми июл гуфт, Саидаҳмазода ба "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" ва "дидаву дониста расондани хабари дурӯғ" гумонбар аст. Пайвандонаш иттиҳомро сохта медонанд.

Рустам Саидаҳмадзодаро рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтанд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, вай иттиҳомро рад карда, гуфтааст, дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.

Номи ӯ соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода низ дастгир шудааст ва "ӯ ба қаллобӣ муттаҳам аст".

Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки духтарашро ба қаллобӣ ҳангоми хариди хона муттаҳам мекунанд, вале розӣ нест. Чун, ба гуфтааш, хонаро ӯ ду сол пеш ва бо пуле харидааст, ки дар Русия кор карда буд.

Ӯ дар як суҳбати видеоӣ афзуд, духтараш ҳеч кори хато ё қонуншиканӣ накардааст ва иддао дорад, ки муфаттишон аз ин роҳ маҷбур кардаанд, ба зидди Саидаҳмадзода шаҳодат бидиҳад.

Раиси Додгоҳи олӣ мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол раис ва як додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва як додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дастгир шудаанд.

Шоҳиён гуфт, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси пешини Додгоҳи Хуҷанд ва додраси собиқи ин додгоҳ Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани 2500 доллар пора гумонбаранд. "2500 доллар байни раиси додгоҳ ва додрас тақсим карда шудааст," – афзуд ӯ.

То ин дам назари пайвандон ва ё вакилони мудофеи онҳо дастрас нест.

Бар илова як додраси Додгоҳи ноҳияи Сино ҳам дастгир шудааст. Ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён, ин додрас ба гирифтани 1,5 ҳазор доллар муттаҳам мешавад. Ному насаби ӯро нагуфтанд.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

XS
SM
MD
LG