Матбуот: "Тоҷикистон моил аст, баъзе тарҳҳои иқтисодиро ба Эрон диҳад"

Расонаҳои Эрон навиштанд, ки Тоҷикистон моил аст, иҷрои баъзе аз тарҳҳои иқтисодиро ба паймонкорону пудратчиёни эронӣ бидиҳад. Дар гузашта паймонкорони эронӣ дар чанд тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ҳамкорӣ доштанд. Қисме аз шоҳроҳи “Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихум – Хоруғ” аз тарафи ширкати эронии “Собир” сохта ва ба истифода дода шуд. Инчунин, тунели “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб ва нирӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо сармояи Эрон бунёд шудааст.

Муҳаммадҷавод Зариф баландпоятарин мақоми эронӣ буд, ки дар пайи танишҳо миёни Душанбе ва Теҳрон аз Тоҷикистон дидан кард.

Расонаҳои Эрон навиштанд, ки ин мавзуъ дар суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири энержии Эрон Ризо Ардакиён баррасӣ шудааст. Хабаргузории расмии ИРНА рӯзи 16-уми ноябр навишт, ин мулоқот дар Душанбе сурат гирифтааст. Аммо расонаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла вебсайти расмии президент дар мавриди ин мулоқот то ба ҳол хабаре нашр накардаанд.

Ризо Ардакониён рӯзи 14-уми ноябр дар раъси як ҳайати баландпоя барои иштирок дар кори Кумисюни муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон ба Душанбе омада буд ва ба навиштаи хабаргузории эронии “Форс”, худи ҳамон рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст.

Ризо Ардакониён

ИРНА навишт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “Душанбе бо таваҷҷуҳ ба тавони болои дониши муҳандисии ширкатҳои эронӣ, ба вижа санъати об ва барқ, тамоюл дорад тарҳҳои бештареро ба паймонкорони эронӣ вогузор кунад”. ИРНА менависад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон гуфтааст, "бо таваҷҷуҳ ба мулоқот бо вазири умури хориҷии Эрон ва ҳамчунин ин дидор, умедворем битавонем сатҳи ҳамкориҳои ду кишварро тавсеа бахшида, ба сатҳи қобили қабул бирасонем."

Рӯзи 8-уми ноябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ дидор гуфтугӯ карда буд. Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки сӯҳбати президенти Тоҷикистон ва вазири умури хориҷии Эрон беш аз ду соат идома кардааст. Муҳаммадҷавод Зариф баландпоятарин мақоми эронӣ буд, ки дар пайи танишҳо миёни Душанбе ва Теҳрон аз Тоҷикистон дидан кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.