Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Женева ба суоли намояндаи Созмони Милали Муттаҳид, ки оё мақомот, шикояти аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа шуданашонро таҳқиқ кардаанд, гуфтанд, ки шиканҷае вуҷуд надоштааст.
Ба ин суол аз ҷониби Тоҷикистон Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон рӯзи 7-уми май посух дод. Дар ин рӯз Кумитаи мубориза ба зидди шиканҷа талошҳои Тоҷикистон барои маҳви ин зуҳурот дар кишварро баррасӣ кард ва Фелис Гаер, муовини раиси кумита гузоришҳо дар бораи шиканҷа шудани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро мисол овард.
Ӯ гуфт: “Мо дар бораи Маҳмадалӣ Ҳаитов, Раҳматуллои Раҷаб, Умаралӣ Ҳусейнов шунидем, ки шиканҷа шудаанд. Мехостам бидонам, ки кадоме аз ниҳодҳо, шикоятҳои онҳо дар бораи шиканҷаро таҳқиқ кардаанд. Додситон буд, ё онҳо бо омбудсман мулоқот доштанд. То куҷо шикояти онҳоро баррасӣ кардаанд ва таҳқиқ шудаанд? “
Зариф Ализода, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад, дар посух ба ин суол гуфт, ки онҳо ҳеҷ шикояти расмие дар бораи шиканҷа нагирифтаанд.
“Дар тамоми муҳокимаҳо аз аввал то ба охир намояндаи мо ҳузур дошт ва ҳеҷ гуна шикояте аз онҳо нарасид. На аз ҷаноби Ҳаит ва дигар афроде, ки дар бораашон дар инҷо сухан рафт. Ҳатто баъзе аз онҳо ду вакилӣ доштанд. Дар бораи вуҷуд доштани шиканҷа, ростӣ ман ҳамчун омбудсман нафаҳмидаам. Аз тарафи онҳо, ё аз тарафи хешовандони онҳо, чунин аризаҳо набуданд” – гуфт, Зариф Ализода.
Муҳаммадалии Ҳаит ва дар маҷмӯъ 13 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баъди гурӯҳи ифротгаро эълон кардани ҳизб, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Онҳоро моҳи июни соли 2016 ба терроризм ва дигар ҷиноятҳои сангин гунаҳкор дониста ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.
Баъди боздошти ин афрод, гузоришҳое нашр шуд, ки мақомоти интизомӣ Маҳмадалӣ Ҳаитов ва дигар аъзои ҳизбро азобу шиканҷа додаанд, ҳарчанд мақомот ин иддаоро рад карданд.
"Бузургмеҳр ҳам гуфтааст, ки шиканҷа нашудааст"
Аммо баъди гузашти муддате, Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳаитов, сабти пинҳонии мулоқот бо ӯро нашр кард, ки ҳанӯз ҳам дар Интернет мечархад. Дар ин видео Маҳмадалии Ҳаит мегӯяд, ки дар зиндон шиканҷа нашудааст, вале вақти боздошт бадрафториву латукӯб ҷой дошт.
“Рӯзҳои аввал буд, зӯроварӣ буд, инҷо ҳамаро мезананд. Дар кунҷ афтонданд ва бо шатта заданд, баъд дароварданд дарун, дар онҷо ҳам заданд.
Маҳмадалии Ҳаит дар идомаи сӯҳбаташ иддао мекунад, ки “зӯроварӣ нисбати ҳама шудааст”.
Аммо бо вуҷуди ин мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳам гуфтаанд, ки аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзатро шиканҷа накардаанд ва тамоми гузоришҳои мухолифони давлат дар ин бора асос надоранд.
Дар нишасти Женева ҳамчунин қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои ҳизб ҳам баррасӣ шуд ва намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯро низ касе шиканҷа накардааст ва худи Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки гӯё ҳеҷ хабаре надорад, ки дар бораи бадрафторӣ бо ӯ дар Интернет гузоришҳо нашр кардаанд.
Бузургмеҳр Ёров низ бо гуноҳи даъват ба ифротгароӣ ва таҳқири президент ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кардаанд. Баъдан матбуот гузориш дод, ки мақомоти интизомӣ бо ӯ бадрафторӣ кардаанд.
Ҳизби наҳзати исломиро баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо дар соли 2015 созмони ифротгарову террористӣ хонданд ва аъзои раёсати онро ба зиндон андохтанд.
Ваъдаи додситон: Эроди шуморо ба раҳбарият мерасонем
Бо вуҷуди онки намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи мубориза бо шиканҷаи Созмони Милал бадрафторӣ бо аъзои ҳизбро рад карданд, вале худи додситони кулл Юсуф Раҳмон эътироф кард, ки дар 5 соли гузашта 4 афсари мақомоти интизомӣ барои истифода аз шиканҷа ба зидди муттаҳамон ё боздоштшудагон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Юсуф Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки дар ин муддат 8 қарор дар бораи пардохти ҷуброн барои истифода аз шиканҷа қабул шудааст ва дар ду ҳолат ба ду ҷабрдида 5300 ва 1650 евро ҷуброн пардохтаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар поёни нишаст гуфт, Тоҷикистон ба аҳдҳои байналмилалиаш барои риояти ҳуқуқи инсон содиқ хоҳад монд ва ваъда дод, ки тамоми эроду тавсияҳои намояндагони Созмони Милал онҳоро ба раҳбарияти олии сиёсии кишвар мерасонад.