Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозгашти Саидиброҳими Назар ихтиёрӣ буд"


Саидиброҳими Назар
Саидиброҳими Назар

Аз бозгашти Саидиброҳими Назар, яке аз чеҳраҳои бонуфуз ва мушовири собиқи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ба Душанбе, инак, чаҳор рӯз мегузарад, вале ҳанӯз суоли зиёде оид ба шароит ва чигунагии бозгашти ӯ беҷавоб мемонад.

Саидиброҳими Назар соли 2015, пеш аз мамнӯъ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фаъолияти экстремистӣ аз кишвар берун шуд ва то ҳамин охирҳо асосан дар Ҷумҳурии Эрон ба сар мебурд.

Саидиброҳим як мӯҳраи калидӣ ва аз сардафтарони ҳизб ба шумор мерафт. Интизор меравад, ки ба ӯ бисёре аз наҳзатиҳои норозӣ мепайванданд.

Дар хонаи ин сиёсатмадор дар Душанбе рӯзи 28-уми ноябр ба ҷуз худи ӯ дигар ҳама аъзои хонавода ҳузур доштанд. Аъзои оилааш гуфтанд, ки падар дар озодӣ буда, "субҳ бо кадом коре ба берун рафтааст". Онҳо гуфтанд, ки падар феълан дар даст телефон надорад ва имкони тамос бо ӯ феълан мавҷуд нест.

Саидҷамолиддини Назар, фарзанди бузурги Саидиброҳими Назар, рӯзи 28-уми ноябр дар хонаашон дар Душанбе буд ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 25-уми ноябр дар фурудгоҳи пойтахт худи ӯ падарашро пешвоз гирифта ба хона овард. Вай гуфт, падар аз Эрон баргашт ва ният дорад, дар Тоҷикистон зиндагиро идома диҳад. Ба гуфтаи Саидҷамолиддин, ҳеҷ нафари дигар ваё намояндае аз кадом сохтори давлатӣ дар ин ҷараён ҳузур надошт.

"Падарам мехоҳад, дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад"

Дар хусуси инки чаро баъд аз ду соли зиндагӣ дар Эрон Саидиброҳими Назар тасмим гирифт, ба Тоҷикистон баргардад, Саидҷамолиддин гуфт, танҳо ҳаминро медонад, ки падараш мехоҳад дар ватан зиндагӣ кунад. Аз сӯи дигар гуфт Саидҷамолиддин, дар муддати чанд рӯзи баъди бозгашти падар “хона пури меҳмон аст ва фурсате нашудааст, ки муфассал сӯҳбат кунанд”.

Ба иттилои масъулини ҲНИТ, Саидиброҳими Назар 3 сентябри соли 2015, яъне қабл аз ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода ва баста шудани ҲНИТ, ки ба бовари мақомот, ташкилкунандаи ин кӯшиши табаддулоти давлатӣ будааст, аз Душанбе берун рафт ва дар Эрон паноҳ бурд. Дар паи ин ҳодисаҳо аъзои раёсати ҲНИТ дар Тоҷикистон боздошт ва ҳамроҳ бо даҳҳо аъзои дигар бо ҷурми даст доштан дар ошӯби Назарзода ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

Раҳбарияти ҳизб ҳамеша ин иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки ошӯби Назарзода барои ҳукумат баҳонае ба хотири бастани ҳизби мухолифин буд.

Ҷаласаи ҲНИТ 16 декабри соли 2014
Ҷаласаи ҲНИТ 16 декабри соли 2014

Ҳамсари Саидиброҳими Назар низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 ноябр гуфт, дар чаҳор рӯзи баъди бозгашти ҳамсар “ҳеч фишор ё таъқибе нисбат ба ӯ сурат нагирифтааст”.

То наздикиҳои шом, ки журналистони Радиои Озодӣ дар манзили Саидиброҳими Назар буданд, ӯ барнагашт, то ба саволҳои мо посух диҳад. Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла як масъули баландпояи додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи бозгашти Саидиброҳими Назар ба Душанбе хабаре надоранд. Дар ҳоле, ки бисёр аъзои раҳбарияти ҲНИТ барои даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда ваё мавриди пайгард қарор доранд, иттилое дар заминаи вуҷуди иттиҳоми эҳтимолӣ нисбати Саидиброҳими Назар дар даст нест.

"Бозгашти Саидиброҳими Назар ихтиёрӣ аст"

Хабари аз Эрон ба Душанбе баргаштани мушовири собиқи Муҳиддин Кабириро шаби 28 ноябр Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи ҳукумат, дар саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук нашр кард ва ин қазияро “шикасти раҳбарияти ҲНИТ” номид. Ӯ навишт, “Саидиброҳим як мӯҳраи калидӣ ва аз сардафтарони ҳизб ба шумор мерафт. Интизор меравад, ки ба ӯ бисёре аз наҳзатиҳои норозӣ мепайванданд.

Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 28 ноябр гуфт, бозгашти Саидиброҳими Назар ба Тоҷикистон тасмими шахсии ӯ буда, ихтиёрӣ сурат гирифтааст:

Додоҷони Атовуллоҳ
Додоҷони Атовуллоҳ

“Саидиброҳим на таҳти фишори ҳукумати Тоҷикистон ва на таҳти фишори Эрон ба Душанбе барнагаштааст, то ҷое ман хабар дорам Саидиброҳими Назар аз сиёсатҳои раҳбарияти Ҳизби наҳзат дар хориҷи кишвар норозӣ буд”.

Ба гуфтаи Додоҷони Атовуллоҳ, Саидиброҳими Назар баъди ба Эрон рафтанаш “раҳбари дафтари ин ҳизб дар Теҳрон буд”. Вай гуфт, чандин узви дигари ҲНИТро медонад, ки нияти бозгашт ба Тоҷикистонро доранд.

"Ҳеҷ рабте ба ҲНИТ надорад"

Дар як изҳороти раҳбарияти ҲНИТ дар хориҷи кишвар бозгашти Саидиброҳими Назар ба Душанбе тасмиме номида шудааст, ки "рабте ба ҳизб надорад" ва тасмими шахсии ӯ будааст. Масъулини ҳизб мегӯянд, ки "Сайидиброҳими Назар пас аз интихоботи 2015 аз фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ канор рафта, тайи ду соли ахир дар чорабинӣ ва ҷаласаҳо ширкат надошт ва ба зиндагии шахсӣ машғул буд". Дар ин изҳорот инчунин масъули дафтари ҲНИТ дар Теҳрон будани ӯ рад шуда, таъкид мешавад, ки "пас аз ислоҳоти сохторӣ, ҳеч масъулият ва мақоми расмӣ дар ҳизб надошт ва ду соли охир дар ҳеҷ чаласае иштирок накардааст".

Парвандаи бисёрҳамсарӣ ва талоши узвият дар парлумон

Саидиброҳими Назар соли 2015 дар Тоҷикистон барои бисёрҳамсарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд ва баҳори он сол аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ин ҷурм дар ҳаҷми 60 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд. Хешовандонаш мегӯянд, ки баъди пардохти маблағи ҷарима ӯ Тоҷикистонро тарк кард.

Саидиброҳими Назар шоми 27-уми майи соли 2015 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ҷарима шуданаш аз сӯи додгоҳро тасдиқ кард. Худи ӯ гуфта буд, ки таҳқиқи парвандаи бисёрзанӣ алайҳи вайро тақрибан ду моҳ додситонии шаҳри Душанбе пеш мебурд ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 26-уми майи 2015 содир шуд. Дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли 2015, муовини раиси ин ҳизб Саидиброҳими Назар аз ҳавзаи шумораи 37-и шаҳри Кӯлоб ҳамчун номзади ҳизб пешбарӣ, вале ноком шуд. Дар интихоботи он сол ҳеҷ як аз аъзои ҲНИТ натавонист ба узвияти парлумон шомил шавад.

XS
SM
MD
LG