Тоҷикистон иддаои тармими танкҳои Толибон дар қаламрави худро рад кард

Ҷониби Тоҷикистон иддаоҳо дар мавриди тармим ва бозсозии танкҳо ва васоили ҷангии Толибон дар қаламрави худро радд кард. Раиси пешини вилояти Кундуз иддао кардааст, ки танкҳо ва васоили вазнини ҷангии гурӯҳи Толибон, аз тарафи муҳандисони рус дар Тоҷикистон таъмир мешаванд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 2 январ дар сӯҳбат ба Радио Озодӣ ин хабарро "беасос" хонд. Сухангӯи Сарраёсати марзбонии КДАМ афзуд, ки дар ин хабарро мавриди омӯзиш қарор дода ва баъдан васоити ахбори оммаро аз натиҷаҳои он дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Мақомоти Афғонистон низ дар вокуниш хабари интиқоли таҷҳизоти ҷангии Толибон ба Тоҷикистон барои тармимро рад карданд. Муҳаммад Родманиш, муовини сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 2 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ман фикр мекунам интиқоли аслиҳаи вазнин аз ин сӯи марз ба он тарафи Омударё (Тоҷикистон ва Афғонистонро дарёи Ому аз ҳам ҷудо мекунад), ғайримумкин аст. Толибон маъмулан худравҳои хурдро, ки дар болои он аслиҳаро ҷобаҷо мекунанд, истифода мекунанд, аммо онҳо аслиҳаи вазнин, аз ҷумла танкҳоро дар ихтиёр надоранд."

Аммо масъулони Пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон то ба ҳол дар робита ба ин хабар вокунише нишон надодаанд. Ин пойгоҳ бо доштани беш аз 7000 ҳазор сарбоз, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз он кишвар мебошад.

Волӣ ё раиси пешини вилояти Кундуз Умар Софӣ, дар гуфтугӯ бо радиои паштузабони "Spogmai" гуфтааст, ки кӯмаки Русия ба Толибон сабаби афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Кундуз ва ду бор суқути ин вилоят шудааст. Дар ин хабар, ки шуморе аз расонаҳои Афғонистон онро бознашр кардаанд, Умар Софӣ гуфтааст, ки муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои нақлиёт, ки дар ҷараёни ҷанг аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтанд, ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва барои Толибон тармим мешаванд.

Умар Софӣ, раиси пешини вилояти Кундуз.

Умар Софӣ гуфтааст, ки раванди тармими танкҳо ва таҷҳизоти Толибони афғон аз сӯи муҳандисони русӣ ва ҳамчунин робита байни Толибон ва мақомоти русӣ аз ду сол ба ин тараф идома дорад. Вай иддао кардааст, ки ҳимоят ва пуштибонии русҳо аз Толибон дар шимоли Афғонистон боис шуд, то вилояти Кундуз ду бор суқут кунад.

Иддаои раиси пешини вилояти Кундуз дар мавриди тармиму бозсозӣ шудани васоили ҷангии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ хабарҳо дар мавриди ҳимояти русҳо аз гурӯҳи Толибон бештар шудааст. Дар рӯзҳои гузашта гузоришҳое аз фиристодани силоҳ аз Русия ба гурӯҳи Толибон нашр шуда буд. Дар ҳамин бора як мақоми амниятии Афғонистон ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфта буд, ки силоҳҳое дар нуқтаҳои марзии Афғонистон ва Тоҷикистон аз гурӯҳи Толибон кашф шудааст, ки сохти Русия ҳастанд.

Як фармондеҳи Толибон низ ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ҳимояи аслиҳавии Русия аз Толибон ва дар ҳамлаи ин гурӯҳ ба Кундуз ва тасарруфи чандрӯзаи ин шаҳр аз сӯи Толибон, таъсир доштааст. Русия бо онки аз сӯи бархе манбаъҳои амниятии Афғонистон муттаҳам ба фиристодани силоҳ ба Толибон шудааст, аммо ба таври расмӣ аз пуштибонони артиши Афғонистон ба шумор меравад.

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон.

Русия аз густариши фаъолиятҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон нигарон аст ва бинобар ҳамин дар як соли гузашта, гузоришҳое дар бораи робитаҳои ин кишвар бо Толибон нашр шудааст. Ахиран Замир Кобулов, намояндаи Русия барои Афғонистон гуфтааст, ки Толибон бар зидди касоне меҷанганд, ки "мо дар баробарашон дар Сурия даргирӣ ҷанг ҳастем ва бо ҳамин сабаб, манофеъ моро ба ҳам наздик мекунад". Вай гуфтааст, ки Толибон ва Русия дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавзеъгирии муштарак ва яксон доранд.

Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории туркии "Анадолу" дар дифоъ аз Толибон ҳамчунин гуфта буд, ки Толибон мавқифашонро тағйир дода ва дигар пойбанди идеологияи ҷаҳонии ҷиҳод нестанд ва барои раҳоии кишварашон аз чанги ишғолгарон ва ташкили ҳукумати мустақил, мубориза мекунанд. Ба гуфтаи вай, Толибон бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд, зеро онҳо идеологияи ДИИШ-ро қабул надоранд. Замир Кобулов дар ин мусоҳиба, ҳамзамон аз тамосҳои мақомҳои русӣ бо Толибон сухан гуфта буд.

Дар ду соли ахир Толибон шаҳри Кундузро ду бор барои чанд рӯз дар тасарруфи худ дароварданд.

Авоили соли гузашат як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба агентии Associated Press гуфта буд, ки Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд. Ба гуфтаи ин манбаъ, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кӯмак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ дода ва бо силоҳ таъмин кардааст.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.