Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“6 000 ҷангии ДИИШ дар Афғонистон. Ин рақам аз осмон нест”


Як гурӯҳи ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон ҳангоми қатли рақибонашон аз Толибон
Як гурӯҳи ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон ҳангоми қатли рақибонашон аз Толибон

Муовини вазири хориҷаи Русия гуфтааст, ки шумори ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба 6000 нафар расидааст.

Григорий Карасин, котиби давлатӣ ва муовини вазири корҳои хориҷаи Русия шумори ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар Афғонистонро 6000 ҳазор нафар баршумурдааст. Геннадий Карасин дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо нашрияи "Казахстанская правда" гуфтааст, таҳдидҳои амниятии ношӣ аз Афғонистон муболиға ё бофта нест, балки дар баробари ҷунбиши Толибон, ки мавқеи худро акнун дар шимоли Афғонистон ҳам тақвият медиҳад, созмони “Давлати исломӣ” низ дар ин кишвари ҷангзада барои худ ҷои по меҷӯяд.

Григорий Карасин дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 7 апрел нашр шуд, мегӯяд, “гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз поёни соли 2015 мавқеи худро дар Афғонистон тақвият медиҳад. Бино ба маълумоти мавҷуда, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳудуди 6 000 узви ин созмон ҷамъ шудаанд. Тарафдорони ин гурӯҳ дар 25 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон дида мешаванд. Дар байни онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози шимолӣ ҳам ҳастанд. Бовар кунед, ки ин рақамҳо аз ҳаво гирифта нашудаанд.”

Геннадий Карасин
Геннадий Карасин

Дипломати баландпояи рус дар рӯбарӯи чолишҳои террористии афзоянда ба зарурати ҳамкории зичтари кишварҳои минтақа, бахусус дар чорчӯби созмонҳое, чун Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай шудааст. Ба ақидаи Карасин, “барои посухи муассир ба терроризм ҳамкории сиёсии кишварҳо” низ зарур аст.

Ҳорун Мир, раҳбари Маркази мутолиоти сиёсии Афғонистон рӯзи 7 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, инки шумори ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба ҳазорон нафар расидааст, ҷои шак надорад: “Ҷангҷӯён, ки аз Қафқозу Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Узбакистону аз Тоҷикистонанд ва қаблан бо Толибон буданд, ҳоло аксаран ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ҳамин тавр, толибҳои покистоние, ки аз он кишвар фирорӣ шуданду ба Афғонистон паноҳ оварданд, ва як гурӯҳи толибҳои афғон, ки ба толибҳои ҳавзаи Қандаҳор шомил намешуданд, хусусан дар шарқи Афғонистон, низ ҳоло “доишӣ” шудаанд.”

Ҳорун Мир мегӯяд, “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба “як нирӯи дар ҳоли рушд” табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, ҷангҷӯёни ин созмони тундгарои бархоста аз Ховари Миёна дар ҳоли ҳозир бештар дар вилояти Нангарҳор ва вилоятҳои дигари шарқи Афғонистон хеле фаъол буда, нирӯҳои парокандае аз ин созмон дар ҷануб ва шимоли Афғонистон, аз ҷумла дар вилоятҳои Ғазнӣ, Зобул, Кунар ва Бадахшон зуҳур кардаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, саркӯб шудани “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ҳазорон ҷангҷӯи ин гурӯҳи тундравро маҷбур ба ҷустуҷӯи ҷабҳаҳои нав барои идомаи ба ном “ҷиҳод”-и онҳо мекунад ва яке аз самтҳои ҷаззоб барои ин ҷангиён Афғонистони ҷангзада боқӣ мемонад.

Генерали мустаъфии афғон Ҷовиди Кӯҳистонӣ мегӯяд, як бахши аъзами ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ алакай таҷрибаи ҷанг дар Афғонистонро доранд ва табъан метавонанд дар ҳамин кишвари барояшон ошно паноҳ биҷӯянд.

Ҳорун Мир, раҳбари Маркази мутолиоти сиёсии Афғонистон низ мегӯяд: “Як ташвиши бузург низ ҳамин аст, ки дар сурати шикаст хӯрдани ДОИШ дар Сурияву Ироқ ҷангҷӯёнаш куҷо хоҳанд рафт. Онҳо фақат ду ҷо барои фирор доранд – Афғонистон ва сарзаминҳои қабиланишини Покистон ва ба эҳтимоли ғолиб талош хоҳанд кард, ки ба ҳамин соҳот баргарданд.”

Усмон Ғозӣ, раҳбари ҲИУ
Усмон Ғозӣ, раҳбари ҲИУ

Ба ақидаи ин таҳлилгар, ҷунбиши Толибон тавсиаи ҳузури “Давлати исломӣ” дар Афғонистонро хуш надорад ва онро як гурӯҳи рақиб мешиносад, вале ин ҷунбиш баъди марги асосгузораш Мулло Умар дучори бӯҳрони шадиди раҳбарӣ шудааст ва тавони кофие барои гирифтани пеши роҳи ба ДИИШ пайвастани афроди дар гузашта толиб надорад. Ҷангиёни Толибон алакай чандин бор бо афроди ДИИШ даргир ҳам шуданд. Шадидтарин набардҳо байни ин ду гурӯҳи рақиб моҳи ноябр дар вилоятҳои Нангарҳор ва Зобул рух дода, даҳҳо кушта ба ҷо гузошт. Дар ин набардҳо аз ҷумла Усмон Ғозӣ, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ба ДИИШ байъат супурда буд, низ бо ҷамъе аз ҷангиёнаш кушта шуд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

Ҳорун Мир, раҳбари Маркази мутолиоти сиёсии Афғонистон дар баробари таҳдиди афзояндаи “Давлати исломӣ” аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бахусус вазъи Тоҷикистон ва Туркманистонро ба далели заъфи нирӯҳои амниятиашон бештар осебпазир мешуморад.

XS
SM
MD
LG