Бегиҷон Назаров, тоҷики 28-солаи узви Толибон, ки аз тарафи нерӯҳои афғон боздошт ва баъдан ба Душанбе истирдод шуда буд, бо ҷурми "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва "зархаридӣ" ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст. Як додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 23 октябр гуфт, ин ҳукм ба тозагӣ эълон шуда, Назаров мӯҳлати адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.
Тобистони имсол раёсати умури дохилии вилояти Хатлон эълон кард, ки се сокини муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи Толибонро ҷустуҷӯ дорад.
Мусоҳиби мо дар додгоҳ гуфт, Бегиҷон Назаров панҷ соли пеш ба қасди муҳоҷират дар Русия кишварро тарк карда, баъдан аз шаҳри Қазон ба Афғонистон рафтааст. Вай афзуд, "Бегиҷон дар Русия бо Анвар Худоёров якҷоя корҳои сохтмонӣ мекард. Анвар нақл кардааст, падараш Насриддин ҳамроҳи Толибон ҷиҳод мекунад ва даъват намудааст, ки Бегиҷон ҳамроҳ ба онҷо равад."
Бино ба маводи тафтишот, Бегиҷон ва Анвар охири соли 2011 аз шаҳри Қазони Русия ба минтақаи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рафтаанд. Ба иттилои манбаъ, онҳо дар он минтақа бо "Қорӣ Маҳфуз" ном як намояндаи Толибон дидор карда, барои иштирок дар ҷанг иҷоза ва силоҳ гирифтаанд.
Соли 2014 Анвар Худоёров аз пояш захмӣ шуда, барои табобат ба Покистон рафтааст ва бино ба иттилои додгоҳ феълан дар ҳайати гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия қарор дорад. "Бегиҷон Назаров дар деҳаи Хурши вулусволии Роғистони вилояти Бадахшон аз тарафи нерӯҳои давлатии Афғонистон боздошт шуда, дертар ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст", - гуфт мусоҳиби мо.
То кунун наздикону вакили дифои Бегиҷон Назаров дар бораи ҳукми ӯ изҳори назар накардаанд, аммо додгоҳ мегӯяд, Бегиҷон дар ҷараёни мурофиаи парванда ҳузураш дар ҳайати Толибонро эътироф кардааст.
Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд. Мақомоти Бадахшони Афғонистон баҳори соли гузашта аз кушта шудани беш аз ҳафт ҷангии зодаи Тоҷикистон дар даргириҳои минтақаи Ҷурми ин вилоят низ хабар доданд.
Тобистони имсол раёсати умури дохилии вилояти Хатлон эълон кард, ки се сокини муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи Толибонро дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Аз мақомоти пулиси вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, корҳои оперативӣ маълум кардааст, онҳо ҷавононе будаанд, ки чанд соли пеш кишварро тарк кардаанд.
Мақомоти қудратӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳузури ин ҷавононро, ки ҳоло аъзои гурӯҳи "Толибон" ҳастанд, барои амнияти кишвар хатарнок арзёбӣ мекунанд. Мақомот дар ин маврид Шаҳриёр Тӯрахонов, як ҷавони ноҳияи Панҷро мисол меоранд, ки баъди 3 моҳи тамрин бо Толибон барои анҷом додани таркишҳо ба Тоҷикистон омада буд. Додгоҳи вилояти Хатлон Шаҳриёр Тӯрахоновро, ки шаҳодат дода буд, дастури таркондани як дискоклуб ва Театри опера ва балети Душанберо гирифтааст, барои 21 сол равонаи зиндон кард.
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки аз соли 1996 то поёни соли 2001 дар Афғонистон як режими мабнӣ бар меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд. Режими Толибон баъди ба ин кишвар ворид шудани нерӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд, вале ҷангиёнаш то ҳол муқовиматро алайҳи нерӯҳои ҳукумати кунунии Афғонистон идома медиҳанд. Толибон дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Амрико ва Тоҷикистон ба рӯйхати гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шомил карда шудааст.