Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси "разведкаи махсус" дар марз бо Афғонистон


Раҷабалӣ Раҳмоналӣ
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Вакилони парлумони Тоҷикистон барои тағйири сохтори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ва таъсиси разведкаҳои махсус дар марз бо Афғонистон раъйи мусбат доданд.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки теъдоди гурӯҳи марзбонҳои шартномавӣ ё “контрактник”-ҳоро бештар хоҳад кард. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсат, дар ин бора 22 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод ва гуфт, ки “имрӯз маблағи зарурӣ барои ҷалби “контрактник”-ҳо вуҷуд дорад.”

Раҳбари нерӯҳои марзбонӣ дар идома гуфт, Русия то ҳол барои бозгашти марзбонҳояш ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон расман муроҷиат накардааст. Аммо ба суоли он ки дар сурати муроҷиати Русия оё ин дархост баррасӣ хоҳад шуд ё не, чизе нагуфт.

Сарҳад бо Афғонистон ташвишовар аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 22 январ вакилони парлумон ислоҳ ба қонуни қушӯнҳои сарҳадиро тасвиб карданд, ки бар асоси он сохтори ин ниҳод нав шуда, дар марз бо Афғонистон разведкаҳои махсус таъсис хоҳад ёфт. Инчунин симати сардорони раёсат ва муовинони онҳо лағв шуда, тамоми ин вазифаҳо ба уҳдаи сарфармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ вогузор мешаванд.

Бар асоси ин тағйирот сарфармондеҳи қушӯнҳои сарҳадиро, ки то ҳол аз ҷониби ҳукумат таъин мешуд, аз ин ба баъд аз сӯи раисиҷумҳур таъин мегардад.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, ки раисиҷумҳур шахсан аз ин тағйирот ҳимоят кардааст. Ӯ далели ин тағйиротро вазъи печида дар марз бо Афғонистон хонд ва аз ҷумла гуфт: “Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бисёр нигаронкунанда аст, чун вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшон дар дасти Толибон қарор доранд. Аз ин рӯ, пешниҳод кардем, ки сохтори нави қушӯнҳои сарҳадӣ ва разведкаҳои махсус ташкил шавад.”

XS
SM
MD
LG