Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як достоннависи тоҷикро барои тарғиби “ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ” аз узвияти ин ҷамъият, ки аз ҷониби давлат сармоягузорӣ мешавад, хориҷ кард.
“Бӯсаборони сандуқи синаи дӯстдошта”, “макидани лабҳо” ва “бахшидани тану нафсу фаромӯш кардани шарму ҳаё” ибораҳое аз порчаҳои ҳикояи китоби Гули Зард аст, ки Иттифоқи нависандагон онҳоро фаҳш унвон кардааст.
Шӯрои наср ва нақди адабии Иттифоқи нависандагон баъд аз таҳлили ҳикояҳои Гули Зард, рӯзноманигор ва нависанда ба хулосае расидааст, ки ӯ дар қиссаҳояш “ишқи бадахлоқона”-ро тарғиб кардааст ва “завқи эстетикиву этикии хонандагонро коҳиш додааст”.
Дар изҳороти ин Иттифоқ, ки Радиои Озодӣ онро рӯзи 26-уми январ дарёфт кард, Гули Зард барои китоби “Бодоми шириндона” ва, ба гуфтаи мунаққидон, тасвири саҳнаҳои фаҳш мавриди танқид қарор гирифт. “Бӯсаборони сандуқи синаи дӯстдошта”, “макидани лабҳо” ва “бахшидани тану нафсу фаромӯш кардани шарму ҳаё” ибораҳое аз порчаҳои ҳикояи китоби Гули Зард аст, ки Иттифоқи нависандагон онҳоро фаҳш унвон кардааст. Ин порчаҳо тасвири саҳнаи ишқварзии ду қаҳрамони достони Гули Зард аст.
Таблиғи чандҳамсарӣ?
Зуҳайл дар ин ҳикоя маъшуқаи мардест, ки ҳамзамон бо ду зан зиндагӣ мекунад. Иттифоқи нависандагон инро тарғиби чандҳамсарӣ унвон кардааст, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ дониста мешавад.
Гули Зард рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳикояҳои ӯ дар ҳоле мавриди “таҳлил” қарор гирифтанд, ки ӯ аз сиёсати раҳбарияти Иттифоқи нависандагон интиқод кард. “Таҳлил”-е, ки ин зани достоннавис бемавқеъ ва як навъ қассосгирӣ унвон мекунад. Гули Зард мегӯяд, қаҳрамони асарҳои ӯ тахайюлӣ нестанд ва дар зиндагии воқеӣ вуҷуд доранд.
“Дар адабиёт як чизро тасвир мегӯянд. Масалан, қаҳрамони асар метавонад, як зани фоҳиша бошад. Тасвири зиндагии фоҳиша магар тарғиби фоҳишагарӣ аст? Нависанда бояд он чизеро эҷод кунад, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад. Тасвири зиндагии беодобонаи як нафар низ барои нафари дигар метавонад дарси одоб бошад. Тасвири саҳнаҳои ошиқона дар адабиёти классикии мо ва адабиёти ҷаҳонӣ як чизи маъмулӣ ҳаст. Вақте онҳо тасвири чунин саҳнаҳоро "ишқи бадахлоқона" меноманд, дигар намедонам худи онҳоро чӣ номам", - гуфт Гули Зард.
"Хоҳишҳои заминии як занро бепарда гуфтам"
Гули Зард мегӯяд, дар ҳикояе, ки таҳлилу танқид шуд, ӯ танҳо хоҳишҳои заминии як занро ба таври урён ба хонандагонаш пешниҳод кард.
Китоби “Бодоми шириндона”, ки бо нақди он Гули Зардро аз сафи Итттифоқи нависандагон хориҷ карданд, 11 сол пеш эҷод шуд. Гули Зард мегӯяд, агар истеъфои раҳбарияти Иттифоқро талаб намекард, саҳнаҳои “бадахлоқӣ” низ кашф намешуд.
Аммо Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар асарҳои Гули Зард ишқи бадахлоқона ва бисёрзанагӣ ташвиқ мешавад, ки хилофи қонун ва арзишҳои ҷомеаи суннатӣ ҳаст. Вай гуфт, барканории Гули Зард аз ин созмон дар пайи санҷиши фаъолияти як идда шоиру нависандаҳо сурат гирифт. Мақомот мехоҳанд мушаххас кунанд, ки кадоме аз шоиру нависандагон тасодуфӣ ба Иттифоқи нависандагон узв шуданд.
"Ҳеч хусумат надорем"
“Мо ҳеч хусумат ба ягон нависанда надорем. Танҳо сухан дар сари ҳунари адабӣ, дар сари ахлоқи адиб меравад. Дари Иттифоқи нависандагон ба рӯи ҳама боз аст. Ин адибон, агар хоҳанд, чизҳои хуб нависанд, пешниҳод кунанд, баррасӣ мекунем. Шояд дубора узвияташон барқарор шавад”, - гуфт Ато Мирхоҷа.
Узвият дар Иттифоқи нависандагон як унвони ифтихорӣ буда, аз сӯи дигар эътрофи онҳо ба ҳайси як эҷодкори варзида аст. Аъзои Иттифоқи нависандагон аз ифтихори иштирок дар ҷаласаҳо бо президент ва мақомоти баландпояи дигар бархӯрдор ҳастанд. Бар илова, шоирон ва нависандагони узви иттиҳод метавонанд аз буҷети ин созмон дар панҷ сол як бор китоби худро ба таври ройгон нашр кунанд. Имтиёзи дигар сафарҳои ҳунарӣ ба манотиқ ва мулоқот бо мухлисон аст, ки бо дастури Иттифоқи Наисандагон ва кумаки ҳукуматҳои маҳаллӣ сурат мегирад.
Дар як соли ахир Иттифоқи нависандагон беш аз 40 шоиру нависандаро “бинобар сазовор набудан ба узвияти созмон” аз сафаш хориҷ кард.
Нависанда Гулӣ Зардова, ки бо тахаллуси Гули Зард мақолаву ҳикоя менависад, 55 сол дорад. Ба ҷуз аз нависандагӣ, инчунин, аз муаллифи фаъоли нашрияҳои даврист.